Рубрики Хабарҳо

«Вашингтон пост»: Пригожин пешниҳоди ифшои мавқеъи низомиёни Русияро ба Укроин дода буд

Рӯзнома «Вашингтон пост» гузориш дод, ки Евгений Пригожин, раҳбари гурӯҳи шибҳинизомии “Вагнер” пешниҳод карда буд то мавқеияти низомиёни Русияро ба давлати Украина иттилоъ диҳад. 

Ин расонаи амрикоӣ дар гузориши худ ба асноди ифшошудаи иттилоотии ин кишвар истинод кардааст. Ин дар ҳолест, ки тайи моҳҳои гузашта гузоришҳое аз ихтилоф байни мақомоти низомии Русия ва Евгений Пригожин мунташир шуда буд. 

Дар гузориши “Вашингтон пост” омадааст, ки раҳбари гурӯҳи Вагнер моҳи январи гузашта ба Кмев пешниҳод карда буд, ки дар ивази ақибнишинии нерӯҳои украинӣ аз шаҳри Баҳмут мавқеияти низомиёни русро ба онҳо иттилоъ диҳад. Бино ба ҳамин гузориш, давлати Укроин пешниҳоди Пригожинро рад карда буд. 

Гузориши “Вашингтон пост” дар ҳоле мунташир мешавад, ки Евгений Пригожин ахиран таҳдид карда буд шибҳинизомиёни Вагнер дар сурати дарёфт накардани муҳиммоти дархостӣ ҷабҳаи набард дар Баҳмутро тарк хоҳанд кард. Раҳбари гурӯҳ Вагнер пас аз он гуфт, ки паёме дарёфт кардааст, ки бар асоси он дар сурати тарки Баҳмут “хоин” маҳсуб хоҳад шуд. 

Неруҳои укроинӣ тай рӯзҳои ахир муддаӣ шудаанд, ки шибҳинизомиёни Вагнерро дар шаҳри Баҳмут ва ҳавмаи он водор ба ақибнишинӣ кардаанд. 

Набард бар сари контроли Баҳмут дар шарқи Укроин тайи моҳҳои гузашта ба нуқтаи аслии даргириҳо байни неруҳои ду тараф табдил шуда буд. Бисёре аз таҳлилгарони низомӣ аҳамияти роҳбурдии контроли ин шаҳрро зер савол мебаранд ва бар ин бовар ҳастанд, ки тасарруфи Баҳмут ба далели тамаркузи даргириҳо дар ин минтақа, танҳо аҳамият намодин пайдо кардааст. 

Ин дар ҳолест, ки набарди Баҳмут, ки дар минтақаи Донбасс воқеъ шудааст, хунинтарин ва тӯлонитарин муноқиша аз замон оғози таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин маҳсуб мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *