Рубрики Хабарҳо

Хурӯҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башар ва вокунишҳо ба он

Ники Ҳейли, намоянда доими Амрико дар Созмони милали муттаҳид эълом кард кишвараш аз Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмон хориҷ мешавад.

Ҳейли гуфт: ин шӯро шоистаи номи худ нест.

«Муддатҳост, ки Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид тарафдори нақзкунандагони ҳуқуқи башар аст. Нақзкунандагони ҳуқуқи башар ҳамчунон дар ин шӯро ҳузур доранд ва ба узвияти он шомил мешаванд»,- иброз дошт Хонум Ҳейли

Зайд ибни Раъид ибни Ҳусайн комиссари олии ҳуқуқи башари Созмони милал, бомдоди имрӯз, чаҳоршанбе бо интишори баёнияе дар расонаҳои иҷтимоӣ тасмими давлати Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико дар хурӯҷ аз Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмонро таасуфангез хонд.

Вай дар ин баёния таъкид кард: «вақте ҳуқуқи башарро дар ҷаҳони имрӯз назар бигирем, Амрико ба ҷойи ақиб рафтан мебоист ба пеш гом бардорад. Бинобарин, ин тасмим тааҷҷубовар нест, аммо таасуфбор аст».

Дар ҳамин росто, Воислав Шутс, раиси Шӯрои ҳуқуқи башари Созмон милал низ бо интишори баёнияе таъкид кард, ки пур кардани ҷойи холишуда пас аз хурӯҷи Амрико аз ин шӯро бояд дар маҷмаъи умуми Созмони милал мавриди баҳс ва баррасӣ қарор бигирад.

Дар ҳамин ҳол Русия эълом кард номзадиашро ба узвият дар ин Шӯро пешниҳод хоҳад кард. Русия хурӯҷӣ ИМА-ро аз ин шӯро “бадбинона” номид ва гуфт Амрико мехост ин шӯроро ба бозичаи худ табдил диҳад.

Иттиҳодия Аврупо дар вокуниш ба хурӯҷи Амрико аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид эълом кард, ки ин кишвар дар ҳоли аз байн бурдани нақши ҳимоятии худ аз демокрасӣ аст.

Дар баёнияи Хадамоти иқдомоти хориҷии Иттиҳодияи Аврупо омадааст, ки Иттиҳодия Аврупо ба ҳимояти “содиқона”-и худ аз сохтори Созмони милали муттаҳид идома хоҳад дод.

Интизор меравад дар чорчӯби сивуҳаштумин иҷлоси Шӯрои ҳуқуқи башари Созмон милали муттаҳид дар Женева дар 2 июл, масъалаи Фаластин — Исроил мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигирад.

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид дар Женева дар маҷмӯъ 47 узви ғайридоим дорад, ки барои се сол интихоб мешаванд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *