Рубрики Хабарҳо

Тарбияи фарзанд дар муҳоҷират

Солҳои охир муҳоҷират ҷузъи асосии ҳаёти аксари мардуми рӯи замин шудааст. Махсусан, мардуми азизи сарзамини мо тоҷикони мазлуму сабур. Яке барои ёфтани ризқурӯзӣ, яке барои беҳтар кардани шароити зист, якеи дигар бошад бо фирор аз зулму беадолатӣ кишварашро тарк мекунад. Ҳар даму ҳар соат касе тарки хоки ватанро дорад. Ҳар лаҳзаву ҳар сония шахсони дигар дар ғами чӣ гуна тарк кардани хоки ватан аз сарашон мегузарад. Гӯё хоки Тоҷикистон махсуси чанд нафари муайян шуда бошад, ки танҳо онҳо бо нафаси чуқур, хотири роҳат, табассумҳои бедард зиндагӣ доранд. Аммо ҷамъи касири дигарро  гаронии нархҳову мушкилии таълиму бекориву беадолатӣ намегузорад нафаси озод кашанд. Дигар ғарибиро аз ватандорӣ авлотар медонад. Ҷомадон дар даст ба сафари мамлакати дигар мебароянд. 

Сафар, ҳиҷрат ба кишвари дигару фарҳанги бегона. Ҳар яки ин калимаҳо дунёи сарсониву танҳоӣ, ашкҳои дардноку хориву азобро бо худ доранд.

Албатта, дарди ин машаққатҳоро кӯдакони муҳоҷир низ мекашанд. Кӯдаконе, ки бо табиати маъсуми кӯдакона ҳамроҳи падару модари хеш ба муҳоҷират мебароянд. Бо дили саршори фараҳу шоду савори ҳавопаймо мешаванд. Аммо намедонанд, ки он сӯи ин парвозҳо онҳоро чӣ сарнавиште интизор аст.

Мушкилии забон, мушкилии рафтор бо одамони ғариб, мушкилии табъизу ангуштшуморӣ ва албатта мушкилии тарди миллатгароёну шатму таъна.

Албатта, дар ин сафарҳо муждаҳо низ ҳаст. Таҳсили беҳтар, пешравиҳои варзишиву ихтирокорӣ, ба фикри пораи нону либоси гарм набудану ба фикри пешравии худ будан. Аз ҳама беҳтару болотар дар канори оилаи худ будан.

Падару модаре, ки бо фарзандони худ ба муҳоҷират мебароянд, ҳанӯз ба сафар набаромада оиди чӣ гуна тарбия кардани фарзандон, дар куҷо таҳсил кардану ба чӣ машғул гаштани онҳо бояд маслиҳат кунанд. Зеро масулияти аввалаи волидон кӯдакон мебошанд. Аллоҳ барои ҳар як падару модар нигоҳубини фарзанд, ба хуби тарбия кардани онҳоро воҷиб гардонидааст. 

Дар ҳадисе, ки Бухорӣ ривоят кардааанд, Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд:

و الرجل في اهله راع و مسؤول عن رعيته و المراة في بيت زوجها راعية و مسؤلة عن رعيتها

Мард сарпарасти хонаводааш аст ва масъулияти зану фарзандонаш ба гардани ӯст. Зан бошад сарпарастии хонаи шавҳарро дорад ва масулияти хонадорӣ бар гардани ӯст.

Дар ҷойи дигар Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: Мард аз масъулияташ дар рӯзи қиёмат пурсида мешавад

Ҳар падару модаре, ки ман фарзандамро ба хондану пайравӣ аз дин будан, маҷбур намесозам, ҳар вақто, ки бузург гашт худаш роҳашро пайдо мекунад, гӯён иддио мекунанд, яқин бидонанд, ки ин сухан ва ин амали онҳо хилофи ақлу хилофи фармудаи Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам аст. Фарзандам худаш роҳашро пайдо мекунад, гуфтан аз масъулият фирор кардан аст. 

Табиати инсон, рӯҳу афкори инсон ҳамеша дар васвасаҳои доимии шайтон қарор дорад. Инсон роҳи бадро хеле зуд қабул мекунад, махсусан кӯдакон ахлоқҳои бадро ба зуди касб мекунанд. Вақте падару модар чӣ бад асту чӣ нек, ҳалолу ҳаромро ба фарзанд намефаҳмонанд, кӯдак худ аз худ роҳи ростро интихоб карда наметавонад. Шумо падару модарони азиз сабаби асосии накӯкор ва ё зиёнкор гаштани фарзандонатон ҳастед.

Дар муҳоҷират волидон бояд ба ахлоқи кӯдаки худ фарҳангу маданият, аз ҳама муҳимтар дини кӯдак аҳмияти махсус диҳанд. Баробари муҳоҷир гаштан, кӯдак набояд асли худро, дини худро, фарҳанги аҷдодии худро фаромӯш созад.

Шумораи кӯдаконе, ки ба сабаби ҳиҷрат забони модарии худро намедонанд, асли худро намешиносанд, дини худро дуруст ҷудо карда наметавонанд, хеле зиёд ҳастанд.

Биёед, бо тафсал сари ҳар яки ин масъала суҳбат кунем.

МАСЪАЛАИ ДИН

Барои ҳар як фарди мусалмон болотар аз ҳама динаш мебошад. Чун сабаби растагории ҳар яки мо дар динамон аст. Онҳое, ки пайрави содиқи дини худ ҳастанд, гуфтаҳои Аллоҳу Расулашро болотар аз андешаҳои худ медонанд, саодати ҳарду дунё насибашон аст. Оромиши равониву ақлӣ доранд. Пайваста дар анҷоми амалҳои солеҳе, ки ба ҷомеа фоида меоварад, машғул ҳастанд.

Оилаҳое, ки ба кишварҳои мусалмоннишин кӯч мебанданд, оиди дини фарзандонашон як миқдор осудахотир ҳастанд. Дар давлатҳои араб таълими дин ба низоми мактабҳо дохил аст ва кӯдак ҳанӯз дар боғчаи кӯдакон аз асосиёти дини худ бо тариқаи шеърҳои кӯдаконаву қиссаҳои шавқовар огоҳ мегардад.

Аммо оилаҳое, ки ба давлатҳои ғайримусалмонӣ ва ё давлатҳое, ки дар асл мусалмон ҳастанду худро кишварҳои иҷтимоъи ё худ ба истилоҳ “Светская Страна” мегӯянд, дучори мушкилиҳои ахлоқиву динӣ мегарданд.

Мутаассифона роҳи муҳоҷират танҳо ба кишварҳое осон аст, ки аксари мардумаш ғайримусалмон мебошанд. Мардуми мо асосан ба Русия ҳиҷрат мекунанд, он ҳам кишваре, ки дар он аз ахлоқу диндорӣ хабаре нест.

Дар муҳоҷират кӯдак ба мактаб меравад, бо ҳамсояву атрофиён дӯстӣ пайдо мекунад. Хоҳу нохоҳ муҳити зист ба ахлоқу динии кӯдак таъсир мерасонад. Дар мактабҳои Русия кӯдакон аз синфи панҷум ва ҳатто барвақттар ба алколнӯшиву сигоркашӣ шурӯъ мекунанд. Ҳанӯз ба балоғат нарасида, дӯстписару дӯстдухтар доранд. Ин амалҳо дар дини мо комилан ҳаром аст, аммо дар назди онҳо ҷузъи асосии ҳаёти хушбахтона ба шумор меравад. 

Аксари волидон дар муҳоҷират кӯдакро ба ҳоли худаш мегузоранд, падар тамоми рӯз машғули кор аст, модар бошад ба корҳои хона машғул аст. Фаромӯш насозем, ки хеле аз оилаҳо дар Русияву кишварҳои дигар соҳиби молу сарват, ҷойи кору хубу обрӯй гаштанд, аммо дар ивази ин осудагиҳои дунё ахлоқи фарзанди худро аз даст доданд. Фарзандашон бо таъсир гирифтан аз атрофиён дигар фарқе аз русҳо намекунад. 

Барои ҳифзи дини кӯдак, барои он ки кӯдак побанди дини худ бимонад, падару модар дар хона сӯҳбатҳое оиди асосиёти дин дошта бошанд. Бо намоиши филму кортунҳои исломӣ, бо хондани қиссаҳои динӣ кӯдакро аз динаш бохабар созанд. Бо тамошо кардани ақаллиёти мусалмоне, ки дар кишварҳои ғарб зиндагӣ мекунанд, бо он ҳама тамаддуни кишвари худ дар дини худ пойдор ҳастанд, ба кӯдак ҳисси ғайрату муҳаббати динӣ офаранд. 

Кӯдак бояд дарк кунад, ки ҳар он чие, ки дар мардуми кӯча мебинад, дар рафиқонаш мушоҳида мекунад, саҳеҳ нест. Ӯ набояд ба онҳо тақлид кунад, набояд оддӣ донад. 

Масҷид рамзи асосии дини мо, макони сакинаву раҳмат аст. Кӯдакон бояд ҳадди ақал ҳафтае як бор ба масҷид раванд. Бо ҷамоат намоз гузоранд, донад, ки ин ҳама ҷамъияти дар масҷид буда, амсоли ӯву оилааш мусалмон ҳастанд. Онҳо низ дар дурӣ аз муҳаррамот бо онҳо шарик ҳастанд.

Кӯдакон одатан аз ҳамсолони худ таъсири зиёд мегиранд. Дар муҳоҷират бо оилаҳое, ки солеҳу диндор ҳастанд, равуо дошта бошед. Бо кӯдаконе, ки мисли онҳо мусалмон ҳастанд, иртибот дошта бошанд. Дӯстӣ ба кӯдакони мусалмон барояшон дарак медиҳад, ки онҳо танҳо нестанд,  амсоли онҳо кӯдакони дигар вуҷуд доранд.

Онҳо метавонанд дар муҳите, ки пур аз фасоди ахлоқиву динӣ аст, бо табиати софу дур аз олоиши гуноҳ бузург гарданд.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *