Рубрики Хабарҳо

БЕДОР МЕШАВЕМ…

Шеъре аз Нуқра Суннатниё, шоираи тоҷики муқими Русия

Шокистам, зи хилвати шабҳо сухан магӯ,
Аз бӯса, аз ҳарорати лабҳо сухан магӯ!
Ин сирри ноаён,
Ин дарди беамон-
COVID-19, ҳамаро ошкор кард.

Бо ҲАР КӢ будаҳо ва ҲАР КӢ набудаҳо,
Бо бутҳои сохта бо дасти мо,- Худо,
Бо ҳаркӣ ношинос,
Бо ҳарчӣ но-Худо
Моро шинос кард.

COVID — 19, ҳамаро ошкор кард:
Дилҳои мову он ҳама тарсу гумону шак;
Дастони мову домани найранги бутҳо-
Дар маърази ХУДО!..
Эй ёр!
Эй издиҳоми хуфта!
Шояд, ки баъд аз ин
аз хоби кобусии худ бедор мешавем?

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *