Рубрики Хабарҳо

ИМА дастур додааст, ки тамоми таҷҳизоти сафоратхонааш дар Киев нобуд карда шаванд

Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal интишор кард.

Ба гуфтаи манобеъ, Департаменти давлатии ИМА барои тахриби таҷҳизоти шабакавӣ ва истгоҳҳои кории компютерӣ ва ҳамчунин аз байн бурдани системаи телефонии сафорат амр додааст. Рӯзнома ҳамчунин гузоришҳои дохилии оҷонсиро баррасӣ карда, ба хулосае омадааст, ки сафорат дар Киев ҳоло ҳамчун як ниҳоди дипломатӣ корношоям аст.

Дар пасманзари гузоришҳо дар бораи «таҷовузи»-и Русия ба Украина, мақомоти ИМА тасмим гирифтанд, ки сафорати худро дар Украина муваққатан аз Киев ба Лвов кӯчонанд. Департаменти дипломатӣ инчунин тасмим гирифт, ки кормандони сафоратхонаро аз кишвар эвакуатсия кунад ва Энтони Блинкен, раиси Департаменти давлатӣ, онро «тадбири эҳтиётӣ дар пасманзари хатари баланди авҷ гирифтани вазъият» номид.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, кӯчонидани баъзе сафоратхонаҳо ба Украинаи ғарбиро иштибоҳи умда арзёбӣ кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *