Рубрики Хабарҳо

Путин: дахолати хориҷиҳо дар Белорус танишро меафзояд

Владимир Путин, президенти Русия дар тамоси телефонӣ бо садри аъзами Олмон ҳушдор дода, ки дахолати кишварҳои хориҷӣ дар умури дохилии Белорус мумкин аст ба афзоиши танишҳо биянҷомад.

Бино ба хабаргузории ТАСС, Дафтари матбуоти кохи Кремл дар баёнияе эълом кард, ки Путин рӯзи сешанбе бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар мавриди таҳаввулоти Белорус телефонӣ гуфтугӯ кард.

Дар ин тамоси телефонӣ, ки аз сӯи Берлин барқарор шуд ду тараф дар мавриди эътирозот ва нооромиҳои баъд аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус сӯҳбат карданд.

Дар баёнияи Кремл омадааст: Русия изҳор дошта, ки талоши хориҷӣ барои дахолат дар умури дохилии Белорус қобили қабул нест ва метавонад муҷиби афзоиши танишҳо шавад.

Гуфтанист дар рӯзҳои гузашта, норизоёни  бисёре дар шаҳрҳои мухталифи Белорус ба далели интихоби дубораи Александр Лукашенко ба раёсатҷумҳурӣ гирд омаданд.

Лукашенко рӯзи душанбе ибрози омодагӣ кард то аз бахше аз ихтиёроти худ сарфи назар кунад, ба шарте, ки ин иқдом аз тариқи ислоҳи қонуни асосии Белорус сурат гирад ва пас аз он бар асоси қонуни ҷадид, интихоботи раёсатҷумҳурӣ, парлумонӣ ва органҳои маҳаллии давлатӣ баргузор шавад.

Ба гуфтаи Лукашенко, Ангела Меркел садри аъзами Олмон рӯзи якшанбе бо вай тамос гирифта ва пешниҳоди гуфтугӯ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *