Categories Хабарҳо

Қирғизҳо соҳиби паҳподи нави туркӣ шуданд

Қирғизистон аз Туркия боз ҳавопаймоҳои бесарнишин харидорӣ кард.

Ин дафъа Қирғизистон ҳавопаймоҳои бесарнишини модели Anka харидорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, теъдоди он мушаххас нашудааст.

Дайирбек Орунбеков, сардори шӯъбаи иттилоотии маъмурияти давлатӣ дар саҳифаи расмияш дар шабакаҳои иҷтимоъӣ навиштааст,  «ба Қирғизистон таҷҳизоти замонавии бесобиқаи низомӣ — Байрактар, Аксунгур, Акинҷӣ, ҳамчунин Анка харидорӣ ва интиқол дода шуд.»

Қаблан мақомоти Қирғизистон аз харидории моделҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Байрактар, Аксунгур ва Акинҷӣ  истеҳсоли Туркия низ хабар дода буданд.

Гуфта мешавад, пас аз ба Қирғизистон интиқол ёфтан, ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ихтиёри Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар супурда шудаанд.

Бесарнишини тамғаи «Анка» дарозии болаш 17,5 метр, дарозиаш 8,6 метр ва баландии 3,2 метрро доро буда, вазни он 1,7 тонна мебошад.

Суръати ҳаракати «Анка» — тақрибан 200 км / соат дар баландии 9,1 ҳазор метр аз сатҳи замин аст.

Ҳавопаймои бесарнишини туркӣ метавонад тақрибан 350 кг борро бардошта, то 30 соат бо он дар ҳаво бимонад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *