Рубрики Хабарҳо

Рӯи дарёи Вахш пули 760-метрӣ сохта мешавад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати Dong Myeong Engineering Consultants and Architecture-и Ҷумҳурии Халқии Корея ҷанубӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти кишвар, дар вохӯрӣ масъалаи омодасозии тарҳи пули 760-метра, ки дар доираи татбиқи лиҳаи бунёди роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод, ки аз болои дарёи Вахш сохта мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба он қарордод ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки таҷдид ва азнавсозии роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи 123 498 586,95 доллари ИМА оғоз гардида, татбиқи лоиҳа 31-уми январи соли 2020 оғоз гардид ва анҷоми он 31-уми декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст.

Қитъаи якуми лоиҳа аз 30,22 километр (км 0+00 то километри 30+217 км) роҳи асосии Обигарм-Тагикамар иборат мебошад. Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони нақбҳои Қандак 1,6 километр, Қарағоч 1,7 километр, сохтмони 6 пули нав, таҷдиди 1 пули мавҷудбуда ва 1 пули муваққатӣ ворид мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *