Рубрики Pressa

Дар вилояти Нижний Новгород манъи кори муҳоҷирон дар соҳаи хӯрокворӣ бекор шуд


Мақомоти вилояти Нижний Новгороди Русия манъи ҷалби муҳоҷирон бо патент дар бахши хӯроквориро бекор карданд. Дар ин бора дастгоҳи ваколатдори ҳуқуқи соҳибкорон дар минтақа хабар додааст.

Тибқи тағйироти воридшуда ба қарори губернатори вилоят, муҳоҷирон метавонанд дар бахшҳои ҷамъоварии партов, нақлиёт, хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо ва хӯроки умумӣ кор кунанд.

Сабаби бекор кардани ин маҳдудият муроҷиатҳои зиёди соҳибкорон будааст. Онҳо гуфтаанд, ки дар сурати боқӣ мондани мамнуият маҷбур мешаванд шумораи зиёди муҳоҷиронро аз кор озод кунанд, дар ҳоле ки норасоии қувваи корӣ эҳсос мешавад ва иваз кардани муҳоҷирон бо шаҳрвандони маҳаллӣ имконнопазир аст.

Ёдовар мешавем, ки фармони манъи кори муҳоҷирон дар як қатор соҳаҳо моҳи марти соли 2025 содир шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *