Милитсияи Хатлон Қодир Сайдуллоеви 37-соларо боздошт кардааст, ки гуфта мешавад, бо ваъдаи фиристодан ба Англия, аз сокинон пул гирифта, онҳоро фиреб додааст.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дастгиршуда бо роҳи фиреб аз сокинон бо баҳонаи фиристодан ба Англия аз 8 то 20 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта, аммо ба манфиати шаҳрвандон ҳеҷ кор анҷом надодааст.
Манбаъ менависад, ки номбурда дар 20 ҳолати қаллобӣ гумонбар буда, дар умум, бо роҳи фиреб беш аз 200 ҳазор сомонии сокинонро гирифтааст.
Мақомот мегӯянд, ки алайҳи Қодир Сайдуллоев бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247, қисми 2-и КҶ) парванда ифтитоҳ шуда, тафтишот идома дорад. Бар асоси ин иттиҳом, ба боздоштшуда аз 27 ҳазору 375 сомонӣ то 68 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ё аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube