Мумтоз Саъдулаев, сокини шаҳри Душанбе барои фиреби шаҳрвандон ва фурӯши як хона ба 8 нафар боздошт шуд.
Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Саъдулаев Мумтоз Асадулоевич, сокини 55-солаи шаҳри Душанбе, ки барои содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон, бо моддаи 247 қисми-4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир гардид.
Ба иттилои мақомоти милитсия, номбурда зимни фаъолият ба ҳайси роҳбари ширкатҳои сохтмонии “Муҳандис-2014” ва “Мумтоз” як манзили истиқоматиро ба 3 то 8 нафар ба фурӯш гузошта, шаҳрвандони зиёдро фиреб додааст.
Мақомот зарари расонидашударо беш аз 100-миллион сомонӣ мегӯяд. Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.
Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки агар мавриди фиреби Саъдуллоев М., қарор гирифтаанд, тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба милитсия муроҷиат намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube