Рубрики Pressa

Аз 1-уми сентябр маош, нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон зиёд мешаванд


Аз 1-уми сентябри соли 2025 дар Тоҷикистон маош, нафақа ва идрорпулӣ то 30%  зиёд мешавад. Дар ин бора фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 8-уми феврали соли ҷорӣ имзо шуда буд.

Дар асоси ин фармон, ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳо 1000 сомонӣ муқаррар шуд. То кунун он 800 сомонӣ буд.

Тибқи фармони мазкур, музди меҳнат ва кумакпулиҳо чунин зиёд мешаванд:

  • кормандони муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёнаи умумӣ – 30%;
  • дигар кормандони соҳаи маориф ва илм – 20%;
  • кормандони соҳаи тандурустӣ – 20%;
  • кормандони муассисаҳои таъминоти иҷтимоӣ – 20%;
  • кормандони соҳаи фарҳанг – 20%;
  • хизматчиёни давлатӣ ва мақомоти худидоракунӣ – 20%;
  • нафақаҳои меҳнатӣ, суғуртавӣ ва иҷтимоӣ – 10%;
  • идрорпулии донишҷӯён ва дигар стипендияҳо (ба истиснои курсантони муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД) – 20%.

Бо ин тасмим, маоши кормандони тамоми муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, набояд аз 1000 сомонӣ камтар бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *