28 ва 30- уми ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Мутаҳидаи Араб Мусобиқаи байналмилалии Abu Dhabi Grand Slam- 2025 оид ба намуди гӯштини ҷудо доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 9 паҳлавони шинохта муааррифӣ мекунанд, ки аз рӯи 5 вазн байни мардон рақобат хоҳанд кард: Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кило, Абубакр Шеров ва Муҳидин Асадуллоев ҳарду дар вазни то 73 кило, Сунатулло Мӯсоев ва Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарду дар вазни то 81 кило, Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ҳарду дар вазни то 90 кило, Сомонӣ Кишваров ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 100 кило мебошанд.
Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
Барои ҷойҳои чунин маблағҳо ба назар гирифта шудааст:
Ҷойи 1. Медалаи тилло, 5 ҳазор евра
2. медали нуқра, 3 ҳазор евра
3. медали биринҷӣ 1.500 евро
Бояд қайд кард, ки иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо “ Abu Dhabi Grand Slam-2024” , ки моҳи октиябри соли 2024 дар шаҳри Абузабӣ шуда буд, дар он варзишгарони тоҷик се медал (1 то нуқра ва 2 то биринҷӣ )ба даст оварда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube