Рубрики Хабарҳо

ИМОН ВАЛЕРИЯ ПОРОХОВА

Донишманди бузурги рус, синхронист-тарҷимони забони англисӣ, аввалин тарҷимони қуръони карим бо забони русӣ дар санъати равони насри мусаҷҷаъ Имон Валерия Порохова санаи 14-уми майи соли 1940 дар шаҳри Ухтаи вилояти Коми кишвари Русия дар оилаи асилзодагони саводнок ба дунё омадааст. Падарашро дар даврони репрессияи Сталинӣ парронда буданд. Модараш Порохова Наталия, ки аз ҷумлаи равшанфикрон буд, ҳамчун ҳамсари душмани халқ таҳдид мешуду фирорӣ буд ва Валерияро асириҳо  ба дунё овард. Баъдан ба шаҳри Маскав омад ва расо си сол дар Академияи тиббии Маскав дарс гуфт.  

Валерия Донишкадаи давлатии омӯзгории забонҳои хориҷии Морис Торезро  хатм кардааст, ки дар таърихи донишкада аввалин касе буд, ки дипломро бо забони хориҷӣ дифоъ кард. 

Пас аз хатми донишкада  дар Донишкадаи муҳандисии физикаи Маскав дарс дод. Ҳамзамон, вай дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав дар назди  Хонаи олимон таҳсил карда, диплом ба даст овардааст. Соли 1975, Валерия бо шаҳрванди Сурия Муҳаммад Саид Ал-Рошд, бо хатмкунандаи факултаи шариатшиносии Донишгоҳи Димишқ издивоҷ кард, ки он вақт донишҷӯ дар Донишкадаи автомобилии Москва бо аспирантураи минбаъдаи Донишкадаи муҳандиси шаҳрвандии Москва буд. Соли 1985 аз Маскав бо оилааш ба Димишқ кӯчид ва ислом пазируфту ба номаш ҳам калимаи  Имон ҳамроҳ карданро мақбул донист. Сипас кори илмиашро бо тарҷимаи қуръон ҳусни оғоз бахшид, то соли 1991 муваффақона ба анҷом расонид.  

Шавҳараш дар бораи исломпазирии Имон Валерия чунин мегӯяд: “Вақто ки ман бо Валерия вохӯрдаму шинос шудем, ӯ боре гуфт, ки ман медонам ва эҳсос мекунам, ки Офаридгор вуҷуд дорад ва ин ҳама дунё дар назорат аст, аммо барои бештар донистан, ҳар қадар кутуби динӣ мехонам, лекин он қадаре, ки мехоҳам, пайдо намекунам. Дигар Инҷилу Тавроту ин гуна китобҳо бароям писанд нестанд. Ман мехоҳам дини наверо барои мардум пешниҳод кунам, ки равшантару дақиқтар бошад.” 

Ман барояш гуфтам, ки магар худат ин ҳамаро тартиб медиҳӣ?

Касе, ки мошин месозад, каталог дорад, раҳнамояш бошад. Касе, ки компютер месозад, каталог дорад.  Он, ки ин ҳама дунёро офаридааст, барои мо ҳамин гуна каталог фиристодааст. Валерия боз пурсид: “Куҷост ҳамон каталог?” Гуфтам, ки он Қуръон аст.  Ман бароят Қуръон меорам, агар бештар шинос шавему дӯстӣ пайдо кунем. Баъдан пешниҳод кардам, ки бо ман издивоҷ кунад. Розӣ шуд. Вақто аввалин оятҳои Қуръони каримро барояш шарҳ медодам, хеле муассир мешуд ва ба Худованд қасам мехӯрд, ки ман бояд онро тарҷима кунаму ба ҳамаи хоҳару бародарон роҳи ҳақиқатро нишон диҳам. Ҳамин тавр шурӯъ намуд ба кори илмии худ. 

 Порохова Иман Валерия Михайловна – тарҷумони касбии рус, арбоби ҷамъиятии мусулмонӣ. Ҳамчун муаллифи тарҷумаи маънавии Қуръон ба забони русӣ шӯҳрати хоса пайдо кард. Ӯ узви комилҳуқуқи Академияи илмҳои гуманитарӣ, Академияи байналмилалии информатизатсия, Академияи илмҳои табии Русия (бахши геополитика ва амният), узви раёсати Академияи байналмилалии фарҳанги Евразия мебошад.  Аз соли 1991 вай шӯрои Маркази таълимии исломии Ал-Фурқон дар Маскавро роҳбарӣ мекунад, ки директори генералии ӯ шавҳари ӯ Муҳаммад Саид Ал-Рошд аст .

Соли 2000,  раиси созмони динии мусулмонони Русия шуд. 

Санаи дуюми сентябри соли 2019 соати 13 бо сабаби бемории саратон дар синни 79-солагӣ дунёро падруд гуфт. 

Олами илми исломӣ бо даргузашти Имон Валерия Порохова талафоти бузург ёфт. Валерия Порохова на танҳо мутарҷими Қуръони Маҷид ба русӣ, ҳамчунин, бо далелҳои қотеъ дини мубини Исломро аз ҳамлаҳои иттилоотии беадолатона ҳимоя мекард.

Ӯ ба тарҷумаи Қуръон ба забони русӣ, пас аз 6 сол аз қабули дини Ислом шурӯъ кард.

Порохова ягона муаллифи тарҷумаи Қуръони Карим ба забони шеъри русӣ мебошад, ки расман ба расмият шинохта шуд. Дар баробари омӯзишу тарҷимаи қуръон Имон Валерия аҳодиси зиёдеро низ тарҷимаву маънидод кардааст. Бештари оёти тафсиркардаашро бо асосҳои илмӣ дақиқкорона шарҳ медод, то табақаҳои болоии улум низ рӯй бар ин дини мубин оранду роҳи ростро пазиранд. Кашфиётҳои бузурги илмии олимони муосирро бо сарчашмаҳои оёти қуръонӣ шарҳ медод, то башарият огоҳ бошад, ки дар дунё илме вуҷуд надорад, ки Худоваанд дарвозаи омӯзиши онро дар қуръон нишон надода бошад. 

Дар апрели соли 2000, ҳайъати раисаи Окодемии улуми Русия (RANS) ба вай нишони ифтихории Окодемӣ “Барои шоистагӣ дар тавсиъаи илм”-ро эъто кард.

* * *

Нигоҳе ба тарҷумаи Порохова

Хонум Порохова дар тарҷумаи Қуръони Карим ба русӣ, аз кӯмаки ҳамсараш оқои Муҳаммадсаъид Аррушд, аҳли Сурия, бархӯрдор будааст. Тарҷумаи ӯ, он гуна ки худаш гуфтааст, аз сӯи ҷамъе аз уламои кишварҳои исломӣ мавриди таъйид қарор гирифтааст. Ва чунон  ки дар пешгуфтори ин тарҷума унвон шудааст, мутарҷим дар ин асар тарҷумаи мафҳумӣ аз Қуръон ироа кард ва чандон дар қайди тарҷумаи лафз ба лафз ва риояти зарофатҳои забон‏шинохтӣ набудааст.

Мутарҷим, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мутахассис дар забони ангилисӣ буд ва истифодаи вай аз матни арабии Қуръон маҳдуд будааст, чунонки худ дар мусоҳибае баён доштааст, дар тарҷумаи Қуръони Карим ба таври ҷиддӣ аз тарҷума‏ҳои ангилисӣ истифода намудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *