Рубрики Хабарҳо

Дифоъ аз ҳаққи муҳоҷир ва мардуми мазлум

Паёми ман пур аз дард асту машаққат ва ранҷу озорҳои мардуми бегона бар сари мо. Паёме ки имрӯз аксари мо мардуми тоҷикро ба кулбаи ғурбат ва зери шиканҷаву азоби мардуми аҷнабӣ овардааст. Паёме, ки пур аз ашку дили аламнок вале касе ба додаш намерасад. Паёми дурӣ аз модари бечораву заъиф ва фарзандони падардори падарнодида. Паёме, ки на ҳолати хуби зиндагӣ дар ватан дорему на дар хориҷ. Паёми ман ба он шахсоне, ки зулму ситамро барои мо мардуми мазлум раво дидаанд ва болои ин ҳама аз сулҳу ваҳдат сухан меронанд.

То ба кай бояд хомӯш истод, дар ҳоле ки дигар дастонамон тавони кори надоранду аз зулму ситами мардуми бегона ҷон ба лаб расидааст. Рӯзе нест то нашунавем тоҷикеро куштаанд ё дар ҷое зери лату кӯбӣ мардуми бегона қарор дорад. Охир, чаро як давлату миллати баномӯс имруз бесоҳиб гаштааст ва касе гӯш ба ҳарфҳояш намедиҳад. Ба онҳо фарқе надорад, ки фарзандони ин миллат дар кадом вазъ қарор доранд?

Дар дохили кишвар бошад модарону хоҳарони моро иҷборан ба кашидани сатр маҷбур месозанд ва шахсони диндорро ба тӯҳмати терористу экстримист ба кунҷи зиндон равон мекунанд. Охир кадом терурист ? Магар шахсе, ки аз дину оин ва ҳаққи хеш  дифоъ мекунад магар терурист аст ? Мо мардуми Тоҷдор будему Тоҷбарсар. Имрӯзҳо дар бадтарин вазъият қарор дорем, ки миллати тоҷик дар як давру замон ба чунин ҳол гирифтор набуд. Агар ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ гӯрезагони мо 500 000-ро ташкил медод имрӯз тақрибан ададаш ба 2000 000 расидааст. Дар ватани хеш бароямон кор пайдо накардед, вале дар муҳоҷират на ҳуқуқҳоямонро таъмин кардед, на гузоштед озод кору фаъолият кунем. Дар ВАО ҳамеша гуфтед мо дар фикри муҳоҷирон ҳастем, аммо бароямон танҳо ваъдаҳо додеду  ин ҳамаро болои ях навишта рӯ ба офтоб гузоштед. Магар, чӣ қадр мехоҳед ин мардум дар ба дар бошанд? Оё  аз худ боре пурсидаед, ки чаро ваъда кардеду ба ваъдаи хеш вафо накардед. Сабаб чи буд?  

Дар замистони сарду бебарқӣ фарзандони мо аз хунукии ҳаво мемиранд ва шумову фарзандонатон ба кишварҳои  гарм ба истироҳат  меравед. Барқи мардумро дуздидед ва ба кишвари хамсоя фурухтед, то ҷайбатон пур аз доллару эвро бошад. Дар баробараш гуфтед сабр кунеду шукронаи ободии ватану миллат кунед.

Ба шумо фарқе надорад, ки мардуми тоҷик дар кадом сатҳи зиндагӣ карор дорад. Ба худ номи асосгузору пешворо интихоб кардеду чоплусонатон дар васфатон китобу шеър гуфтанд, то рӯҳияи шод дошта бошед.  Муҳим ин ки шумо сер бошед ва боз ҳам мегуед ҳаволаи халқ ба Худо.

Баъд аз ҳодисаҳои зимистони гузашта дар кишвари ҳамсоя бо сабаби кандани чубҳои барқӣ маҷбур шудед аз ночорӣ ба халқи худ барқ диҳед. Инро ҳам кардед, аммо миннат болои сари мардум раво дидед ва барои худ баҳонаи хубе дарёфтед. Боз бо забони дароз гуфтед мо ба шумо барқ додем. То ба ҷойи ғами мардуми фақиру муҳоҷирро хурдан хуни мардумро макидаед.

Роҳи бо пули аз ҷайби мардум сохтаро ба ширкатҳои хориҷи тӯҳфа кардед, то дар назари эшон хӯш бошед. Дар ивазаш ин роҳро ба соҳибони роҳ пулакӣ кардед. Боз ҳам мегуед шукри сулҳу ваҳдат бояд кард. Охир намедонам  аз кадом  сулҳу ваҳдат ҳарф мезанед. Ба он музде, ки имрӯз муҳоҷир ва шаҳрвандон дохили Ватан кор мекунанд, агар равған харанд ба ордаш кифоят нест, аммо дар рӯйи дастархони шумо гушти ҳама ҷонвар ба ҳама намуди бирён ҳам  ҳаст. Имрӯз дастони муҳоҷир дар зимистони сард аз кори зиёд  сиёҳ мешавад ва ҳатто баъзе аз онҳо бо сабаби кор аз дасту пойи хеш маҳрум шудаанд, шумо бошед бо пули муҳоҷир дастони хеш ва зану фарзандҳоятонро бо собунҳои туркиву олмонӣ сафед мекунед.

Муҳоҷир аз кори зиёд аз гурдаву  шуши худ маҳрум шудааст ва болини муҳоҷир руйи замини сарду болишташ аз хиштҳои хокист, аммо шумо бошед бо пули муҳоҷир қасрҳову мошинҳои қимматбаҳотарини тамғаҳои Олмониву ҷопонӣ харидаед. Мардум ба шумо райъ доданд то бори машаққат ва зулму ситамро аз пушти эшон бардоред, на ин ки бори зиндагиро чанд маротибаи дигар болояшон вазнинтар гардонед.  

Аз ҳеҷ чиз ба ҳама чиз расидаед. То ба кай мардумро мехоҳед дар ба дар созед? То ба кай мегузоред дасти мардуми аҷнабӣ дар гумроҳ кардани мо боз бошаду онҳо бояд ҳамеша роҳнамои мо бошанд ?

Аммо, дигар бас аст!

Миллат таҳамули ин истибоду ранҷу машақатро надорад. Зеро танҳо бароямон ваъдаҳои хушку холӣ додеду дар фарҷом гуфтед сабр кунед. Охир кадом сабр? Сабре, ки падари маро муҳоҷир карду ман муҳоҷиратро чун мероси падарӣ идома медиҳам?

Сабре, ки 12 сол мешавад дар муҳоҷиратаму фарзандони ман ба ман меҳру муҳаббат надоранд ва ҳато вориди хона шуданам маро намешиносанд. Аз ҳамин сабр? Сабре, ки мардуми бегона даст ба номуси хоҳарону модарони мо дароз мекунанд ва мо лаб ба хомушӣ задаем ва гӯё чашмони мо инро надидаву гушамон нашунидааст. барои ҳамин  сабр кунем?

Ман намедонам дар фарҳанги шумо маънои сабр чист? Аммо донед, ки ҷони ин мардуми мазлум ба лаб расидааст. Бояд каме андеша кард ва ғами мардуми бечораро хурд зеро ин пулу моли ватан соҳиб дорад, на он танҳо аз як иддае мардум аст. Ин давлату миллат, сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ, зиндагии бе ғаму андӯҳ моли мо низ ҳаст.

Мо фарзанди угайи ин Ватан нестем.  Ватан моли ҳама аст ; Аз фақир, аз муаллим, аз муҳоҷир, аз бечораву ятими бепарстор, аз ҳама!!

Гарчанде, ки сухани ҳақ талх асту таҳамулаш мушкил, аммо бояд гуфт. Зеро косаи ин мардуми мазлум лабрез шуд. Дигар мардум таҳаммули ваъдаҳои хушку холии шуморо надоранд. То ин дам ба чашми мардум хок пошидеду кураш сохтед,  то ин ҳама ноадолативу зулми шуморо набинад. Агар касе сухани ҳақ гуфт ва аз  ҳаққи хеш ҳимоят кард, бар даҳонаш кубидеду ба зиндонаш кашидед, зеро манофеъи шумо дар хатар буд. Он касе бо шумо сулҳ кард, барояш хиёнатро раво дидед ва ҳам гуфтед ҳизби терурист. Фаъолонашро пушти дарҳо баста  ба зиндон кашидеду ва гуфтед ифротгароён. Шумо фикр мекунед, ки бо ин дуруғҳоятон  мардум ба шумо бовар мекунад?  Аммо хато мекунед!  Ба ғайр аз он чоплусоне, ки имрӯз  болои вазифа ҳастеду гирди ҳам омадаед,  Аммо ин ҳам дер намепояд. Бӯи кашмакашҳои дохилии худатон ҳам ба атроф паҳн шуда истодааст. Шуморо танҳо сирри ғорату дуздии моли мардум, ки аз ҳам бохабаред, ба ҳам овардааст.

25  соли сиёсати дар даст будаатонро ба манофеъи худ ва хонаводаи худ истифода кардеду  ба мардум ҳеҷ хизмати чашмрасе накардед.  Ба ҷойи кумак сафи мо муҳоҷиронро зиёд кардеду фарзандони моро ятиму зиндаятим ва боз ҳам бо забони дароз мегӯед шукронаи ободии миллату Ватан ва «Пешвои хирадманд» кунед.  Ҳатто дар муҳоҷират ба ҷойи кумак фарзандони моро теруристу экстримист хондед. Магар зулми мардуми бегона бароям басӣ намекард, ки  дасти зулми шумо то ба  болои сари муҳоҷир омад.

Дар давлатҳои дигар тамоми воситаҳоро истифода мекунанд, то як шаҳрвандаш терористу экстримист набошад  ва туҳмату буҳтонро болои онҳо раво набинанд, шумо бошед шаҳрвандони худро дар ҳама ҷо ифротгаро эълон кардаед. Танҳо бидонед, ки зулми шумо ибтидо дораду аммо бе интиҳост. Зеро аз золим ҷуз зулму ситам чизи дигар бар намеояд.   

Интизор бошед, он рӯзеро, ки мардум қиём мекунанд ва он руз ҳам наздик аст. Хаёл накунед ин бор ҳам мардумро чун ғулом истифода хоҳед бурд ва он ҳам бо як ё ду видеои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 ва ё мисол задан аз Сурияву Ироқ .  Бидонед, ки ин бор мардум мисли кӯҳ ва бо қомати рост аз ҳаққи хеш дифоъ хохад кард. Ин бор ҳақдор ҳақашро аз шумо хоҳад гирифт.  

Абдулло Ғафуров

Муҳоҷири дур аз Ватан

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *