Рубрики Хабарҳо

Ҳукумати Алломаву академикҳо ва »хоинони»миллат

Хабари боз академик шудани чанд мансабдори дигари Тоҷикистон дар зеҳнам чанд саволу андешаи шаккоконаро пайдо кард ( аспирант дар марҳалаи шак карор дорад ҳамеша, академик ки шудем, ба ҳаққоният мерасем):

Дар ҷаҳон шояд ҳеҷ ҳукумате набошад, ки баробари Тоҷикистон вазир — олим, раис-академик, вакил-профессор дошта бошад. На Амрико, на Ҷопон, на Русия ва Чин. Аммо, ақли мани аспирант намегирад, ки чаро кившари мо бо ин ҳама вазиру раиси «олиму андешаманд «( яъне, ихтироъкор) аз ҷумлаи 10 кишвари қашшоқтарин, 10 кишвари фасодзадатарин, 10 кишвари худкоматарин (авторитарӣ), 1-ум аз рӯйи таносуби фоизи муҳоҷирин бо аҳолии кишвар, 1-ум аз рӯйи вобастагии даромади миллӣ аз даромади муҳоҷирин ва ғайра ҳастем?

Ҳоло канор бигзорем, ки ин академикҳо то имрӯз як дандончӯб хам ихтироъ накарданду чизе истеҳсол намекунанд, бо даъвои он, ки аксарашон дар соҳаи улуми гуманитарӣ »таҳқиқот» кардаанд, чаро то ҳол формулаи дурусти сулҳу ваҳдат ва ҳамзистии ҳама қишрҳои аҳолиро дар заминаи мантиқу ақл пешниҳод намекунанд? Албатта, ғайр аз »тозаакадемик» Ятимов, ки ихтироъи аҷибе карда ва ба ин натиҷа расидааст, ки бақои давлати миллии мо (манзураш ҳукумати хонаводагӣ)  дар вуҷуди доимии зиддияти дохилии миллат ва душманиву нафратпарокании пайваста мебошад.

Ва аз ҳама саволи бемаънӣ ин аст, ки  мансабдорони мо кай вақт пайдо мекунанд, ки мутолиа кунанд, таҳқиқот гузаронанд, нависанд, ислоҳу таҳрир  кунанд? Агар варақу гузоришу лоиҳаи қонунҳои болои мизашонро сар сари ҳам бихонанд, ки бояд бихонанд, на танҳо барои китоб навиштан, балки барои китоб хондан ҳам вақт намемонад. Ҳоло вақти сарфшавандаи ин »нобиғаҳоро» барои дачасозиву зану маъшуқаҳои сершумор канор монем. Албатта, ба саволҳои бемаънии »фитнагаронаи» худам ҷавоберо ҳам пайдо кардам, ки шояд боиси бахшидани гуноҳи ман аз тарафи ватандӯстону миллатдӯстони илмпарварамон, ба хусус созмони Авангард гардад, ки камтарин созиш дар баробари хоинону бегонапарстонро надоранд. Ба назарам, сири ин ҳама пешравии илмӣ ва фикрии мансабдорони мо дар худи президент Раҳмон, раиси ҳукумат аст. Фаъолиятҳои хастанашавандаи ӯ дар самти сиёсат, иқтисод, илм ва андеша ба дигар масъулини ҳукумат илҳом ва рӯҳия мебахшад. Дар баробари таърихнигори чирадаст будан ( кариб 10 китоб), дар улуми кишоварзӣ, фарҳангшиносӣ, шариъат ва ҳатто, гинекология ҳам соҳибназар мебошанд. Дар як суханрониаш гуфта буд, ки китоби  Авесторо ҳангоми раиси колхоз будан, миёни истироҳати нисфирузӣ дар саҳро мутолиа мекардааст. Албатта, ёдаш рафт он замон мушаххас кунад, ки бо кадом забон мутолиъа мекард — паҳлавии қадим, миёна ё санскрит? Қуръону Инҷилро ҳатман дар матни оригинал мутолиъа кардаанд, чун забони арабиву ибриву лотинӣ дар муқоиса ба забони аслии авастоӣ осонтару дастрас мебошанд ва имкон надорад, ки президент-энсиклопедист ин забонҳоро надонад. Вагарна, бо ин қотеъият ва боварии том уламои динии кившарро ба надонистани дину шариъат муттаҳам намекард ва »фатвоҳои» лозимиро ҳам содир  намекард, ки ҳатто муфтӣ ҷуз калла ҷумбонидан ва тасдиқ кардан, далеле дар баробари фатвоҳои ӯ пайдо намекунад. Чунин ҷасоратҳои илмӣ ва диниро маъмулан  ду гурӯҳ доранд. Алломаҳо ва девонаҳо. Аниқ ӯ девона нест. Пас, бояд бипазирем, ки ӯ Аллома аст.

Оё метавонад дар ҳукумате, ки раисаш Аллома аст, вазираш ҳади ақал академик набошад? Албатта, не. Пас, ба илм рӯ овардани мансабдорони мо на танҳо тақозои замон, балки пайравӣ аз сиёсатҳои хирадмандона ва олимонаи роҳбари давлат, Пешвои миллат…., узр…,  Аллома-Пешвои миллат мебошад.

Дар охир чанд пешниҳод доштам, то чеҳраи миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як миллати илмпарвар ва симои ҳукуматамонро ҳамчун як ҳукумати прогрессивӣ муаррифӣ кунем:

  1. Ҳар мансабдор, ки соли оянда натавонад академик шавад, ба вазифаи поинтар гузаронида шавад.
  2. Агар кадоме аз вазирони қудратӣ шеър навишта натавонад (мисли Раҳимзода), маҷбуран узви Иттифоқи нависандаҳо карда шавад.
  3. Дар баробари имтиҳони забони давлатӣ, барои номзадҳо ба вакили парлумон ва дигар мансабҳои давлатӣ озмуни байтбарак ва рақс илова карда шавад. Хуб нест, агар бархе мансабдорон аз сиёсатҳои фарҳангии пешвои миллат пайравӣ накунанд.
  4. Ҳар донишҷӯ бояд имтиҳони махсус аз руйи асарҳои  Пешво супорад. Ва ҳар сарбоз, ки як асари илмии Ятимову як шеъри Раҳимзодаро ҳифз надонад, як сол иловагӣ хидмат кунад.
  5. Ҳар касе дар мақола, коммент ва ё сӯҳбаташ илму дониши Пешвои миллат ва вазиронашро зери суол барад, ба таври расмӣ хоин, ифротгаро ва ватанфурӯш эълон гардад.
  6. Ва дар охир ба ҷаноби муфтӣ як пешниход доштам, ки ягон далел пайдо кунанд, то ном ва унвонҳои Пешвои миллатро дар матнҳо мухтасар навишта шавад, чун хеле тӯлонӣ ҳастанд ва вақту ҷои зиёдеро мегирад. Вазирону раисони мо бояд вақташонро барои илму дониш сарф кунанд, на барои такроран навиштану гуфтани унвонҳои муқаддаси Пешво. Барои мисол, уламо иҷозат доданд, ки салавот ба Паёмбари Ислом Мухаммад, яъне Саллаллоҳу Ъалайҳи Васаллам ба шакли ихтисоршуда (С.Ъ.В) навишта шавад. Чӣ мушкилӣ дорад, агар унвонҳои Пешворо ҳам ба шакли мухтасар нависем? Масалан, ба ҷои Пешво, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат ҳарфҳои аввалро бинависем, П.А.С.В. Ба хотири он, ки унвони ихтисоршуда шакл ва оҳанги тоҷикӣ бигирад, пешниҳод мекунам, ки калимаи Оштӣ ҳам дар унвон изофа шавад. Яъне Пешво, Асосгузори Сулҳ, Ваҳдат ва Оштӣ. Минбаъд шакли ихтисоршудаи ин унвонҳо истифода шавад, ки ҳам аз руйи мантиқ ва ҳам воқеъият хоҳад буд.

Аспирант Машкукбой Ифротчиев

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *