Қарзи хориҷаи Тоҷикистон дар 3 соли оянда аз ҳади 3 миллиард $ убур хоҳад кард
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад дар 3 соли оянда 850 миллион доллари дигар қарзи хориҷӣ дарёфт кунад, ки ин кор метавонад ҳаҷми қарзро аз 3 миллмард бештар кунад.
Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён зимни муаррифии Барномаи дарёфти қарзи хориҷӣ дар парлумон гуфт, ки Душанбе ният дорад дар се соли оянда аз хориҷ 850 миллион доллар қарз дарёфт кунад. Тибқи гуфтаи ӯ дар назар аст Тоҷикистон аз фонду кишварҳо дар солҳои 2018 196,5 миллион доллар, 2019 295,9 миллион доллар ва 2020 354,7 миллион доллар қарз гирад.
Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ кишвар тавонистааст танҳо 140 миллион доллар ё 1 миллиарду 232 миллион сомонӣ қарзи хориҷаашро пардохт кунад, ки қисми асосии он (695 миллион сомонӣ) барои пардохти фоизҳои қарз масраф шудааст. Яъне аз қарзи асосӣ Тоҷикистон тавонистааст танҳо каме бештар аз 60 миллион аз қарзи 2.3 миллиардиаш бипардозад. Барои пардохти қарз дар соли оянда ҳам 1 миллиарду 234 миллион сомонӣ дар назар гирифта шудааст, ки ҳатто дар сурати дар сатҳи 9 сомонӣ=1$ боқӣ монданӣ қурб ҳам (ки вазорати молия пешбинӣ кардааст), пардохти қарзи асосӣ аз 60 миллиони имсола бештар нахоҳад буд.
Дар ин сурат, бо дарёфти 850 миллион ва пардохти 180 миллион, қарзи хориҷии кишвар се сол баъд аз ҳади 3 миллиард убур карда, ба 40- 45 дарсади ММД баробар хоҳад шуд.
Абдусалом Қурбониён гуфт қисми зиёди ин қарзҳо барои таъмини самтҳои авлавиятдошта, аз ҷумла раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини бехатарии озуқаворӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи ваъдаҳои раисҷумҳур кишвар бояд аллакай се маротиба аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда, ба истиқлолияти энергетикӣ мерасид.