Рубрики Хабарҳо

Кремл: Урдуғон, Рӯҳонӣ ва Путин дар мавриди Сурия дидор мекунанд

Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки бӯҳрони Сурия аслитарин мавзӯъи баҳс дар иҷлоси руасои ҷумҳури Туркия, Эрон ва Русия дар 22 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сочи хоҳад буд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар Москва, пойтахти Русия гуфт, ки бӯҳрони Сурия мавзӯъи аслии иҷлоси сегонаи Раҷаб Таййиб Урдуғон, Владимир Путин ва Ҳасан Рӯҳонӣ руасои ҷумҳури Туркия, Русия ва Эрон дар шаҳри Сочи хоҳад буд.

Песков таъкид кард, ин иҷлос, ки 22 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сочии Русия баргузор мешавад, ҷудо аз раванди «Кунгураи мардуми Сурия» сурат хоҳад гирифт ва иртиботе ба он надорад.

Вай бо ишора ба ин ки иҷлоси сегона байни руасои ҷумҳури ин кишварҳо бо дидори ҳафтаи пеши Урдуғон ва Путин низ иртиботе надорад, тасреҳ кард: «иҷлоси сегона, ки қарор аст 22 ноябр баргузор шавад, миёни се кишвари зомини роҳи ҳали сиёсӣ, субот ва амният дар Сурия сурат хоҳад гирифт. Ин иҷлос ҳамчунин ҷудо аз «Кунгураи мардуми Сурия» анҷом хоҳад шуд. Ҳанӯз таърихи баргузории кунгураи мазкур мушаххас нашудааст».

Сухангӯи Кремл саволҳо мабнӣ бар эҳтимоли дастёбӣ ба як тавофуқнома дар ин иҷлосро бепосух гузошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *