Рубрики Хабарҳо

Ҳазратам!  Мо ниёз надорем, ки сабрро аз шумо биомӯзем

Хатибе рӯзе болои минбар мардумро ба сабр кардан дар мушкилот, тарки дунё ва дурӣ ҷустан аз исрофкорӣ даъват мекард. Ногаҳон яке аз ҳозирин аз ҷояш баланд  шуда, сухани шайхро бурида, мегӯяд:  

Ҳазрати Шайх!  Шумои бузургвор, ки айни ҳол дар мавриди сабр пеша кардан, тарки моли дунё ва ба исроф роҳ надодан даъват мекунед, чанд лаҳза қабл савор бар сабукрави гаронбаҳо, ба намоз омадед. Либосҳоят ҳам нозуку шинам, ҳамаи масҷидро бӯйи хӯши атратон пур кардааст. Нархи ангуштарҳои дастонатон баробар ва ё зиёдтар аз маоши ду моҳаи ман ҳастанд. Гӯшӣ- “телефонатон” ҳам Айфон. Ҳар сол умра ҳам меравед!

Ҳазратам! Як рӯз меҳмони ман шуда шабатонро дар кӯлбаи фақиронаи банда, ки на сақфи дуруст дораду на дару девори муносиб, бигузаронед! Қабл аз намози бомдод аз хона берун шуда, ҷорӯби шохин (мо дар қишлоқҷойҳо ба он шохчорӯб мегӯем)  дар даст, дар гармои тоқатфарсо бо даҳони баста, (рӯзадор) ба рубӯчини кӯчаҳо ва тамиз кардани партовҳо машғул шавед, то маънои сабри воқеъиро дарк намоед, чӣ мешавад?

Инро ҳам бояд бидонед, ки ин корҳоро ман ба хотири ба даст овардани маблағи ночизе, ки дар охири ҳар моҳ ба даст меорам, ҳар рӯз анҷом медиҳам. Ин маоше, ки ман дар ивази ин ҳама заҳмат мегирам, барои харидорӣ кардани як хушбӯӣ  ва атри шумо намерасад.

Ҳазратам!  Бахшиши зиёд, ки инро  мегӯям:  Мо ниёз надорем, ки сабрро аз шумо биомӯзем, зеро сабр рафиқу ёри ҳаррӯзаи мост. Барои мо аз аз зулму ситами роҳбарон ва риёкории уламову зиёиён ва тамаллуқу чоплуссии онҳо бигӯед!

Аз бекорие, ки тамоми кишварро фаро гирифтааст, бигӯед!

Аз он ки ҳукумат мардумро дар фақру тангдастӣ нигоҳ медорад ва намегузорад зиндагии шоистае  дошта бошанд, сӯҳбат кунед!  Хуллас аз гуруснагиву саргардонии шаҳрвандон ҳарф бизанед!

Аз фасод, ки тамоми сохторҳои давлатиро фаро гирифтаасту инчунин аз дуздии амволу сарвати мардум ва давлат бигӯед!

Аз инҳисори сарватҳои кишвар дар дасти як гурӯҳ ва набудани адолат дар истифода аз онҳо нақл кунед!

Аз тақсими мансабҳо дар байни хешу табори ҳукуматдорон ва хариду фурӯши вазифаҳо сӯҳбат намоед!

Ҳазратам! Агар зарур намедонед дар мавриди ин мушкилот ва роҳҳои ҳали онҳо чизе бигӯед, пас мо ҳам ниёзе надорем дар мавриди он чизе, ки мо дорем ва ҳаррӯз таҷриба мекунем аз шумо чизе бишнавем! .

Ин суханҳо танҳо барои як хатиб нест, ин марбут ба ҳама онҳоест, ки  мардумро ба сабру шукронагӯӣ аз ҳукуматдорон, ва хусусан шахси аввал даъват мекунанд, вале аз бадбахтиҳое, ки ҳукуматҳо бар сари мардум овардаанд, чизе намегӯянд.

Ба назар мерасад, ин гуфтаҳо на танҳо барои як имомхатиб, балки барои ононест, ки мегӯянд ва худ амал намекунанд.

Ин барои нафаронест, ки гумон мекунанд аъмоли шоиста анҷом медиҳанд, вале кайҳо расвогии дунёву охират насибашон гаштааст.

Оё ин гуфтаҳо баёнгари воқеъияти ҷомеа ва миллату кишвари мо нест?

Оё мо гирифтори чунин мусибатҳо нестем?

Аксари хатибон ва зиёиёни мо тамаллуқу чоплусӣ ва маддоҳиву мадҳиясароӣ корашон шудааст.

Бо мушоҳидаи ин ҳоли миллат, инсон гоҳо ба фикр фурӯ меравад, ки оё мо миллати тоҷик аз азал чунин будаем ва ё имрӯз гирифтори ин беморӣ шудаем?

Чаро мардумро маҷбур месозем тамаллуқкору чоплус ва беҳиммат шаванд, чаро намегузорем миллат озодона ҳарфашро бизанад?

Ин ва ҳазор чароҳои дигар посух мехоҳанд.

Танҳо мо бояд посух бигӯем. Миллат ва мардуми Тоҷикистон бояд посухгӯи ин пурсишҳо бошад.

Билохира, кай ба ин ҳама бадбахтиҳо поён медиҳем?

Султон Саид

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *