«Баъд аз (пул) гирифтанам ҳамиқа мана азоб доданд, лекин мана наҷот надоданд, буваҷон…” Ин пора аз видеоест, ки Комил Хоҷаназаров, як узви собиқи ҲНИТ аз ноҳияи Ашт рӯзи 27 август, як рӯз пеш аз худкушиаш сабт кардааст. Хоҷаназаров мегӯяд, дар рафти бозпурсӣ ӯро заданд, то ба зидди аъзои дигари ҲНИТ баёнот диҳад. Додситонӣ дар робита ба худкушии Комил Хоҷаназаров бо иттиҳоми шиканҷа парванда оғоз кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба худкушии узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Комил Хоҷаназаров бар асоси банди шиканҷаи Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Тафтиши ин парванда ба таври махфӣ пеш бурда мешавад ва мақомоти тафтишотӣ аз ҳар навъ шарҳи қазия худдорӣ мекунанд.
Вале ба дасти сомонаи «Ахбор” навори видеоие расид, ки Комил Хоҷаназаров пеш аз худкушиаш сабт карда ва дар он изи ҷароҳатҳои дар ҷараёни бозпурсиҳояш бардоштаро муфассал сабт карда, сабабҳои худкушиашро шарҳ медиҳад.
Хоҷаназаров Мурод Комилович, санаи таваллудаш 19 январи соли 1986, сокини маркази ноҳияи Ашт, устои кондитсионер буд ва соли 2014 ба узвияти ҲНИТ пайваста, соли 2015, дар пайи манъи фаъолияти ин ҳизб бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон тарки ин ҳизб кард.
Аммо моҳи августи соли 2017 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 16 узви собиқи ҲНИТ дар ноҳияи Ашт, аз ҷумла Комил Хоҷаназаровро дастгир карданд.
Комил Хоҷаназаров дар паёми пеш аз маргаш мегӯяд, ки ӯро барои бозпурсӣ ба додситонии Ашт даъват карда, аз онҷо гирифта, ба Хуҷанд бурданд. Дар Хуҷанд аз вай дар бораи як сафари аъзои собиқи ҲНИТ ба Надог (як макони истироҳатӣ дар ноҳияи Ашт) пурсидаанд. Комил мегӯяд, дар посух нақл кард, ки дар ҳақиқат ба Надог рафта, онҷо дамлама ва сипас шашлик пухтанд ва каме волейбол бозӣ карданд. Ба гуфтаи Комил, дар Надог танҳо Абдурозиқ ном нафаре дар мавзӯи эҳтироми падару модар ба онҳо мавъиза гуфтааст, вале «ман ҳамуна вайҳоба гӯям, вайҳо манба зӯрӣ карда, Абдураҳмон чӣ гуфт, ин чӣ гуфт, ҳизбба даъват кард-ми?… Мана бовар накарда, мана заданд, ки Абдураҳмон ҳамунҷаба даъват кард, чуба нагуфсодӣ? Мана даъват накардагӣ буд. Чизи набудая ман чӣ хел аз пеши худам мегӯям?…”
Комил Хоҷаназаров дар бозпурсӣ гуфтааст, ки ӯро соли 2013 ё 204, вақте ҲНИТ ҳанӯз қонунӣ амал мекард, ба сафи ин ҳизб даъват кардаанд. Вале пурсандаҳо ӯро маҷбур кардаанд, то эътироф кунад, ки ин даъват солҳои 2016 ва 2017, алакай баъди манъи фаъолияти ин ҳизб сурат гирифтааст: «Вайҳо бару бир ба ман бовар накарданд. Не, ҳамунҷанда туя гуфтагӣ гуфта чанд бор заданд. Подвал мебарем гуфтанд боз. 5-6 кас буданд. Ман якто худам будам, ҳамашон мана заданд, забонам кардам, забонашонда апаам намонд, занам намонд, занчатаям гуфтам, онаятам гуфтам. К…атба к..р мехалем гуфтанд. Ҳамаи гапа гуфтанд. Ман вайҳоба тоқат карда, гап нагардондам…”
Комил меафзояд, ки сипас дар баёноти ӯ соли 2013-2014-ро бо 2016-2017 иваз кардаанд, ки гӯё Абдураҳмон ӯро баъди манъи фаъолияти ҲНИТ ба ин ҳизб даъват карда бошад.
Комил Хоҷаназаров дар навор хабар медиҳад, ки он рӯзҳо он ду узви ҲНИТ бо номи Абдураҳмон ва Абдурозиқ ва ҳамин тавр як духтур аз Шайдон низ онҷо дар боздошт буданд. Ҳарчори онҳоро сипас ба прокуратураи Чкаловск бурдаанд ва ба гуфтаи Комил, дар онҷо низ таҳдидаш кардаанд, ки дар баёноташ соли 2016 ё 2017 гӯяд, вагарна ба зидди худаш парванда мекушоянд.
Комил Хоҷаназаровро рӯзи 26 август ҷавоб додаанд, вале дар ивази 6 ҳазор сомонӣ: «Аз ман 15 ҳазор аввал пурсиданд, 15 ҳазор сомон. Сонӣ 10 ҳазорба фаровард, ин карда, вай карда, 6 ҳазор сомонӣ гуфт, ҳамина додем, халосӣ гуфт… (дар инҷои навор Хоҷаназаров гиря мекунад)
Вале азобҳои Комил Хоҷаназаров, ба гуфтаи худаш, баъди пул додан ҳам тамом нашуд: «Баъд аз гирифтанам ҳамиқа мана азоб додан, лекин мана наҷот надоданд, буваҷон. Ҳолӣ ҳам агар давом тияд, пагоҳ мана меҷиғанд… Акнун насиб бошад, фардо бо ҷиғ мезанад, меравем, дар онҷо чӣ гап аст, ба Худо аён ва ба худи онҳо аён. Барои ҳамин аз ин гапҳои ман хатогӣ нест. Ман дар ин суханам доим меистам…”
Комил Хоҷаназаров мебоист рӯзи 29 август дигарбора ба бозпурсӣ мерафт. Вале ӯ рӯзи 28 август ду маротиба қасди ҷонашро кард. Комил аввал сирко (уксус) нӯшид, вале шояд обаш зиёдтар буд, ки намурд. Ӯ сипас корди хоҷагиро гирифта, шикамашро чок кард ва ин дафъа ҷон дод.
Аҷиб он аст, ки ташхисгар дар хулосааш навиштааст, ки дар бадани Комил Хоҷаназаров изи ягон ҷароҳат набуд ва ҷанозаи ӯро ба хок супурданд.
Баъди ба дасти мақомот расидани навори сабткардаи Хоҷаназаров қабри ӯро кушода, ҷасадашро аз нав ташхис карданд ва бо иттиҳоми шиканҷа парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфт.
Аммо бо гузашти чор моҳ аз рӯзи худкушии Комил Хоҷаназаров ягон хабари расмие на дар бораи худкушии ӯ ва на дар бораи ҷараёни тафтиши парвандааш дар ягон ҷо нашр нашудааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 фаъолияти ҲНИТ-ро расман манъ карда, ин ҳизбро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил кард. Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар пай бо нашри як иттилоияи расмӣ гуфт, онҳое, ки ихтиёран аз сафи ҲНИТ баромада, дигар дар фаъолиятҳояш иштирок намекунанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Вале намояндагони ҲНИТ, ки дар хориҷ қарор доранд, мегӯянд, дар ду соли охир беш аз 150 узви ин ҳизб дар Тоҷикистон ба зиндон кашонда шудаанд.
Сомонаи «Ахбор” бо хоҳиши манбааш аз нашри навори пеш аз худкушии Комил Хоҷаназаров худдорӣ мекунад.
Бознашр аз сомнаи «Ахбор»