Кумитаи андози Тоҷикистон ба як мақоми муҷозоткунанда табдил шудааст. Инро худи раҳбари ин кумита ҳам дар мактубе, ки ба раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон фиристода буд, эътироф мекунад. Қайд шудааст, ки фаъолияти асосии Кумитаи андоз “ба ошкоркунии манбаъҳои нави андозбандӣ” нигаронида шудааст. Гӯё бо ҳамин ҳадаф Нусратулло Давлатзода (Давлатов) пешниҳод кард NGN баста ва фаъолияти паёмакрасонҳо маҳдуд шавад.
Давлатзода қайд мекунад “андоз аз шабакаҳои Google, Apple, Microsoft, Facebook, eBay, Aliexpress, Yahoo, Bing ва ғайра дар се моҳи соли ҷорӣ ба буҷаи Русия 2 млрд рубл ворид кардааст.” Бо ин ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мекунад ин шабакаҳо андозбандӣ шаванд ва қайд мекунад, ки соҳаи фаъаолияти электронӣ дар Тоҷикистон назорат намешавад.
Раиси Кумитаи андоз аз ҷумла пешниҳод кардааст интиқоли пул ба минтақаҳои офшорӣ назорат шавад ва созишномаҳо бо 32 давлат оиди пешгирӣ аз андозбандии дубора бознигарӣ шавад.
Давлатзода ҳамчунин қайд кардааст, бояд қимати иҷозатномаҳо ба онҳое, ки ба сохтмон, суғуртакунӣ, фурӯши маводи сӯхт, тибби хусусӣ ва ғайра машғуланд, боло бурда шавад.
Паём тасмим гирифт ба Давлатзода нишон диҳад, аз куҷо мешавад андоз ситонд.
Писраи Давлатзода — Иззатулло Давлатов ҳамроҳ бо амакҳояш Ҳикматулло ва Маҳмадӣ Давлатов ба бизнеси сохтмон машғуланд. Онҳо соҳиби ширкати хусусии сохтмонӣ бо номи Элит-Строй-Сервис ҳастанд.
Ин ширкат чанд бинои истиқоматии нухбагӣ (элитӣ) дар Душанбе ва ноҳияи Темурмалик (зодгоҳи Давлатзода) сохтааст. Алъон Элит-Строй-Сервис ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар гардиши фурӯдгоҳ машғул аст. Ин биноҳо бо супориши ҳукумат сохта мешаванд ва бояд то Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ дар сентябри соли 2018 сохтмонашон ба анҷом расанд.
Ҳамчунин ин ширкат ба меъморӣ ва сохтани биноҳои Кумитаи андоз, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ машғул аст, ки маблағи ин сохтмонҳо аз буҷа ҷудо мешаванд.
Писари дигари раиси Кумитаи андоз Беҳрӯз Давлатов қаблан бо бародараш дар Элит-Строй-Сервис кор мекард, аммо баъдан ҷудо шуд ва ҶММ-и худашро бо номи Ганҷи Дарё боз кард, ки ба истеҳсоли чипс (шебен), шағал ва дигар маҳсулоти сохтмонӣ машғул аст.
Фарзандони Давлатзода чӣ қадар андоз месупоранд, дар дастрасии озод вуҷуд надорад. Аммо ба Паём муяссар шуд маълум намояд, ки ширкати мутааллиқ ба бародари раиси Кумитаи андоз Маҳмади Давлатов бо номи Мармари Панҷрӯд, ки ба коркарди маъданҳои кӯҳӣ машғул аст, дар соли 2016 7000 сомонӣ андоз супоридааст. Ин ширкат то соли 2024 иҷозатномаи фаъолият дорад.
Infogram