Рубрики Хабарҳо

СММ: ДОИШ то ҳол таҳдиди асосӣ ба амнияти ҷаҳониён аст

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид гуфтаанд, ки ҳарчанд гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Ироқ, Сурия ва Ҷануби Филиппин шикаст хӯрдааст, ҳамоно ин гурӯҳ «таҳдиде муҳим дар ҳоли таҳаввул» барои ҷаҳон аст.

Тавре хабаргузории  «Associated Press”  иттилоъ медиҳад, гузориши коршиносон, рӯзи 6-уми январ дар ихтиёри аъзои Шӯрои Амнияти СММ қарор гирифтааст, ки дар он омадааст, «гурӯҳи Давлати исломӣ ҳарчанд қудрати фатҳи қаламравҳои нав ё ҳифзи минтақаҳои таҳти назорати худро аз даст додааст, аммо ҳамчунон таваҷҷӯҳи хосе ба ҳамлаҳои хориҷӣ дорад».

Коршиносони СММ таъкид кардаанд, ки дар оянда гурӯҳи «Давлати исломӣ» гурӯҳҳои хурдтаре иборат аз афроде, ки моил ба мубориза ё анҷоми ҳамлаҳо ҳастанд, ташкил хоҳад кард. Ба гуфтаи коршиносони СММ гурӯҳи «Давлати исломӣ» ҳоло ба монанди як шабакаи ҷаҳонӣ аст ва раҳбарияташ ба афрод назорати мустақим надоранд ва бархе аз аъзои кунунии он низ моил ба ҳамкорӣ бо Ал-Қоида барои ҳамлаҳои нав ҳастанд.

Тибқи ин гузориш, бинобар он, ки нерӯҳои гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба шакли шабакаҳои камтар қобили мушоҳида ва ниҳоят мустақилона амал мекунанд, мубориза бо ин гурӯҳ вориди марҳилаи нав шудааст. Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид хостори ҳамкориҳои амниятӣ барои шиносоии шабакаҳои молӣ ва нерӯҳои вобастаи гурӯҳи «Давлати исломӣ» шудаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *