Рубрики Хабарҳо

Эмомалӣ Раҳмон боз ғайб зад

Рӯзи ҳафтум аст, ки аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хабаре нест. Сойти расмии ӯ низ дар ин муддат ҳеҷ хабаре аз фаъолият ва сафарҳои ӯ нашр накардааст.

Расонаҳои давлатӣ, аз ҷумла “Ховар” ва сойти расмии раисҷумҳур, ки ҳар рӯз ҳатман хабаре аз Эмомалӣ Раҳмон нашр мекарданд, баъди 1-уми феврал ҳеҷ хабаре аз раисҷумҳур нашр накардаанд. Телевизиони давлатӣ ҳам агар наворе аз Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, навори кӯҳна аст.

Охирин хабар аз Раисҷумҳур дар расонаҳои давлатӣ мулоқоташ бо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбей Жээнбеков аст, ки 1-уми феврал баргузор гардидааст.

 

 

Дар аксҳое, ки расонаҳо аз он вохӯрӣ ва ду вохӯрии қаблии ӯ нашр кардаанд, дида мешавад, ки чеҳраи Эмомалӣ Раҳмон варамида аст.

Гузашта аз ин, дирӯз парлумони кишвар оҷилан ва бидуни сарусадо ба қонун дар бораи интихобот тағйирот ворид кард. Тибқи он синни номзадӣ ба раёсатҷумҳурӣ то 30 солагӣ поён бурда шудааст. Ин тағйирот дар “раъйпурсӣ” қабул гардида буданд, вале то ҳанӯз дар қонунгузорӣ расман тағйирот ворид карда нашуда буд.

Қаблан ҳам раисҷумҳури Тоҷикистон барои як ҳафта ғайб зада, сарусадоҳоеро дар ҷомеъа ва расонаҳо ба вуҷуд оварда буд. Сар аз 28-уми сентябр то 3-юми октябр аз Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ хабаре набуд ва овозаҳо дар бораи сактаи мағзӣ гирифтан ва ҳатто марги ӯ байни мардум чарх мезаданд.

Баъдан ӯ 3-юми октябр дар  маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 59 дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд. Аксҳои баъди як рӯз нашр шудаи ӯ аз ин маросим нишон медоданд, ки вазъи саломатии раисҷумҳур хуб нест.

Он замон манбаъи  “Паём” (мутахассиси барҷаста ва корманди соҳаи тиби кишвар) аз бастаи бемориҳое иттило дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо гирифтор аст: кардеосклерози атеросклеротӣ, атеросклерози рагҳои мағзи сар, гломерулонефрит ва дистрофияи равғании ҷигар. Ин бемориҳо ба гуфтаи манбаъи мо кайҳо аз ҳади эътидол гузаштаанд.

Ҷуз инҳо чанд бемории дигар ҳам дар раисҷумҳури Тоҷикистон мавҷуд аст, ки агарчӣ ҳанӯз аз ҳад нагузаштаанд, дар бастаи бемориҳои дигар хатар ба чони бемор доранд.

Ин манбаъ гуфт нафари гирифтор ба ин бастаи бемориҳо дар ҳолати гирифтор шудан ба сактаи мағзӣ имкони “барқарор” шуданаш хеле заъиф аст.

Манобеъи зиёде аз бастагии раисҷумҳур ба алкул иттило медиҳанд.

7-уми октябри соли гузашта бародари бародари раисҷумҳури Тоҷикистон Нуриддин Раҳмон ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Мақомот марги ӯро сактаи қалбӣ номиданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *