10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Фаррух Ҳамрализода: Сабаби тарки зиёди фаъолияти соҳибкорӣ ноуҳдабароӣ дар рақобат аст

Аз рӯи гуфти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2017, дар Тоҷикистон 30 ҳазору 281 соҳибкор фаъолияти худро барҳам додаанд.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ  зимни нишасти хабарӣ дар ин бора иттилоъ дода гуфт, ки аз шумори умумии соҳибкороне, ки ба фаъолияти худ хотима бахшиданд, зиёда аз 28 ҳазору 471 нафарашон соҳибкорони инфиродӣ ва наздики 1 ҳазору 810 нафарашон — шахсони ҳуқуқӣ мебошанд.

Сабаби тарки фаъолияти соҳибкоронро раиси кумита ноуҳдабароӣ дар рақобати соҳибкорӣ унвон кард.

«Сабабҳо зиёданд ва яке аз сабабҳои асосӣ — рақобати зиёд дар бозор аст. Корхонаҳоро боз мекунанд, вале аз уҳдаи фаъолият намебароянд, лозим меояд, ки онро банданд.», — шарҳ дод Фаррух Ҳамрализода

Аммо ҳамагӣ ду моҳ пеш 13 декабри соли гузашта, Рустамҷон Ҷабборов, муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, дар суҳбат бо дар шарҳи қатъи фаъолияти соҳибкорон гуфта буд, ки “ин бештар таъсири буҳрони иқтисодист, аксари соҳибкорони мо, тақрибан 70 дарсад, дар соҳаи савдо ва хидматрасонӣ фаъолият доштанд. Бо таъсири буҳрон шумораи харидорон коҳиш ёфт. Вақте харидор кам шуд, соҳибкорӣ фоидаовар нест ва онҳо корашонро қатъ мекунанд. Сатҳи воридот ҳам кам шуд, ки ба даромадҳои гумрукӣ таъсир расонд”.

Ногуфта намонад, ки нишондоди теъдоди 30 ҳазору 281 соҳибкор, ки бино ба гуфти Фаррух Ҳамрализода дар соли 2017 қатъи фаъолият кардаанд шубҳабарангез аст. Зеро ҳанӯз 12 уми декабри соли гузашта Анҷумани соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон аз натиҷаи пажуҳиши худ дар як нишаст дар шаҳри Душанбе гузориш дода гуфта буд, ки дар соли 2017-ум беш аз 200 ҳазор соҳибкори хурду миёна тарки фаъолият кардаанд.

Ба ин қатор соҳибкороне, ки тариқи патент ва онҳое, ки бо шаҳодатномаи соҳибкорӣ фаъолият мекарданд, шомил ҳастанд.

Бино ба пажӯҳиши , дар соли гузаштаи 2017 шумораи онҳое, ки тарки соҳибкорӣ карданд, хеле беш аз солҳои қаблӣ будааст. Омор баёнгари он аст, ки беш аз ҳама дар вилояти Суғд соҳибкорон фаъолияти худро қатъ намудаанд. Дар соли 2017 беш аз 65 ҳазор соҳибкор дар ин вилоят тарки фаъолият карда буданд.

Баъд аз вилояти Суғд шаҳри Душанбе дувумин минтақаест, ки беш аз ҳама соҳибкорон аз кор даст кашидаанд. Дар пойтахти ҷумҳурӣ каме беш аз 50 ҳазор нафар соҳибкориро канор гузоштаанд. Ба ҳамин минвол, дар вилояти Хатлон ҳудуди 42 ҳазор нафар, ноҳияҳои тобеи марказ беш аз 40 ҳазор ва дар Бадахшон тақрибан 4 ҳазор соҳибкор фаъолияташонро қатъ кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки садҳо соҳибкорон ба расонаҳо сабаби аз баҳри фаолияти соҳибкорӣ баромаданашонро дар зиёд будани номгӯи андозҳо, тафтишҳо ва санҷишу рейдҳои пай дар пайи мақомдорони ниҳодҳои гуногун, мусодираи молу коло, аз худ кардани тиҷорати соҳибкор аз ҷониби шахсони наздик ба шахси аввали кишвар унвон кардаанд.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *