Рубрики Хабарҳо

Ҳоҷатхонаву лифтҳои пулакии бемористонҳои Тоҷикистон «войдоди  мардумро баровардааст»

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор барои ҳар бори истифодаи ҳоҷатхона, аз ҳар бемор ва аёдаткунандагони онҳо як сомонӣ пул мерӯёнидаанд.

Дар ин бора Абдурашид Сафаров, корбари шабакаи иҷтимоъии Фейсбук дар иттилоъ додааст.

Абдурашид Сафаров зимни ин хабар аз корбарон мепурсад, ки дар дигар беморхонаҳо ҳам оё чунин аст?

Сиёвуш Наботов, як корбари дигари фейсбукӣ дар зер навиштааст, ки “дар ҳоҷатхонаи Бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе, ошёнаи панҷум, ки озмоишгоҳ аст, ҳатман охлот  ё пешоб месупоред, рӯирост пулакӣ аст, ягон кас парво надорад.”

Корбари дигар Дилафрӯз Қурбонӣ гуфтааст, ки дар беморхонаи километри ҳафтуми шаҳри Душанбе низ барои истифодаи ҳоҷатхона пул меситонанд, аммо аз шароити мусоид асаре нест. Нафари дигар гуфтааст, ки дар беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус ҳол ҳамин аст.

Корбар Муҳаммадӣ бо таассуф изҳор намудааст, ки бо ин амалҳо “войдоди мардумро бароварда истодаанд”.

Як корбари дигар гуфтааст, на фақат ҳоҷатхона, балки лифт ҳам пулакӣ аст.

Аксарияти корбарон ин амалро маҳкум намуда, изҳори нигаронӣ кардаанд. Чандин нафар бо ҳайрат пурсидаанд, шахсоне, ки ба сабаби беморӣ дар як рӯз 10-15 маротиба ба ҳоҷатхона ниёз доранд, чи кор бояд кунанд?

Бояд қайд кард, ки шикоят аз пулакӣ намудани истифодаи лифту ҳоҷатхонаҳои бемористонҳои кишвар бори аввал нест.

Аз ин пеш Завқибек Солиев, корбарандаи саҳифаи “Фейсбук” аксеро бо корбарандаҳои дигар дар миён гузошта буд, ки «Лифти пулакӣ» ном дошт.

Ӯ гуфта буд, ин лифт дар бинои «Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил» ҷойгир аст ва далели он аст, ки ҳаводорони дарёфти пули бедардимиён ба истилоҳ “аз мурда ҳам ҷон металабанд”.

“Ин воқеъиятро, ки корафтодаҳо пардохти як миқдор пулро аз тай намудани паллаҳои бинои баландошёна авлотар медонанд, мақомот хеле хуб медонанд. Аз ин рӯ дидаву дониста лифтро пулакӣ кардаанд. Бовари кас намеояд! Дар тамоми дунё шафқат ба бемор ва тараҳҳум ба хешу табори ӯ аз арзишҳои муҳими бемористонҳост. Аммо дар қадимтарин бемористони Тоҷикистон, Қарияи Боло «бизнесмен»-ҳое ёфт шудааст, ки дар бадбахтии мардум пул кор мекунад.”- навишта буд Завқибек Солиев.

Баъди расонаӣ шудани ин хабар лифти пулакии бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе шуда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *