Categories Хабарҳо

Оҷил! Ба Алим Шерзамонов хатари истирдод таҳдид мекунад

Алим Шерзамонов фаъоли сиёсии тоҷик ва яке аз муассисони Анҷумани тозатаъсиси озодандешон дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки мақомоти Лаҳистон мехоҳанд ӯро истирдод кунанд.

“Лаҳистон мехоҳад маро истирдод кунад” — навиштааст ӯ. Кӯшишҳои Паём барои иртибот бо ӯ натиҷа надод. Ватсапи Алим Шерзамонов ва паёмакрасони фейсбукаш дастнорас шудаанд.

Чанд дақиқа баъд аз эълони эҳтимоли истирдодаш Шерзамонов дар саҳифаи фесбукиаш навишт, ки “Дӯстон, чанд муддат намешавам. Зарурият ба миён омадааст”.

Тибқи иттилои манбаъи Паём алъон Алим Шерзамонов дар фурӯдгоҳи Варшава, пойтахти Лаҳистон боздошт шудааст ва алъон ҳамонҷо қарор дорад.

Алим Шерзамонов, қабл аз ҳиҷраташ аз Тоҷикистон масъулияти раҳбарии бахши ҲСДТ дар вилояти Кӯҳистони Бадахшонро ба дӯш дошт. 

Хабари эҳтимоли истирдоди Алим Шерзамонов дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду рӯз пеш 12.02.2018 як идда зиёиёни бурунмарзӣ аз таъсиси созмоне бо номи “Анҷумани озодандешони тоҷик” хабар дода буданд.

Дар ин хабар гуфта мешуд,  масъулияти шарҳи аҳдофи Анҷуман ва ҷузъиёти фаъолиятҳояш дар мавқеи кунунӣ барои расонаҳо, бар дӯши Алим Шерзамонов, сухангӯи Анҷуман мебошад.

Алим Мамадрасулович Шерзамонов, 24 декабри соли 1964 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ аз 1972 то 1982 дар мактаби миёнаи №8 шаҳри Хоруғ таҳсил ва аз 1983 то 1985 дар артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.

Шерзамонов соли 1986 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар риштаи математикаи амалӣ таҳсилашро оғоз ва соли 1991 аз он фориғуттаҳсил шудааст. Ва ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ низ дар ҳамин ришта таҳсил намуда соли 2004 онро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатӣ:

1982-1983, 1985-1986 коргар дар корхонахои сохтмонии шаҳри Хоруғ;

1991-1997 муҳосиб дар шӯъбаи маорифи шаҳри Хоруғ;

1997-2012 омӯзгори фаннҳои риёзӣ ва технологияи информатсионӣ дар мактабҳои № 7 ва 8-и Хоруғ;

Узви Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) аз соли 2001, Раиси созмони шаҳри хоруғии ҳамин ҳизб аз соли 2005, Раиси созмони вилоятии ҲСДТ дар ВМКБ аз соли 2010, дар се интихоботи гузашта номзад ба вакилии МН МО ҶТ.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *