Минбаъд дар Қирғизистон мансабдоре, ки ба рӯихати сиёҳи фасодкор номаш ворид мешавад, наметавонад давоми тамоми умраш дигарбора ба курсии мансаби давлатӣ нишинад.
Дар Қирғизистон рӯйхати мансабдорони мақомоти қудратӣ ва додситонӣ таъсис дода мешавад, ки боре ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба фасодкорӣ ё дуздии амволи давлатиро кардаанд.
Дар ин бора муовини аввали котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев ба сомонаи қирғизии хабар додааст.
«Ин рӯйхат барои он зарур аст, ки афроди фасодкор натавонанд то охири умр дар мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ соҳиби вазифа шаванд», — гуфтааст Сагинбоев.
Тибқи манбаъ парвандаҳои марбут ба фасодкорӣ ва дуздии маблағи буҷа, ки бе асос қатъ шуда буданд, дар фурсатҳои наздик дубора ба баррасӣ гирифта мешаванд
Маврид ба зикр аст, ки Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон 13 феврал қарори Шӯрои амниятро «Дар бораи чораҳои мубориза бо фасодкорӣ дар низоми додгоҳӣ, назоратӣ ва мақомоти интизомии Қирғизистон» имзо кард.