Categories Хабарҳо

Ҳалокати хонандагони мактаб дар Амрико аз паи тирпаронӣ

Дар Паркленди иёлати Флоридаи ИМА бар асари тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои шаҳр 17 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар дохили бинои мактаб 12 нафар ва 3 нафар дар кӯча кушта шудаанд. Ду нафари дигар дар беморхона ҷон бохтаанд.

Тибқи манбаъ Скотт Исраэл сардори полиси ҳавзаи Бровард  ба расонаҳо хабар дода гуфтааст,  ки бархе аз захмбардоштагон ҷарроҳӣ шуда истодаанд.

Тирпарронӣ рӯзи чоршанбе дар яке аз мактабҳои Паркленд, воқеъ дар километри 60-уми Майами рух додааст. Дар он тақрибан се ҳазор нафар хонандагони аз 14 то 18-сола таҳсил менамоянд.

Ба иттилои полис, гумонбар, ки қаблан дар ин мактаб таҳсил мекард, дастгир гардидааст. Гуфта мешавад дастгиршуда Николас Крузи 19-сола будааст, ки тибқи бозпурсии яке аз омӯзгорон, соли гузашта Николас ба ҳамсинфонаш таҳдид кардааст, ки дар натиҷа ба ӯ овардани сумкаи мактабиро манъ кардаанд.

Президенти ИМА Доналд Трамп ҳодисаи рухдодаро бо губернатори иёлати Флорида Рик Скотт муҳокима намуда, ба ӯ кумак пешниҳод кард. Доналд Трамп тавассути паёмрасони интернетии Твиттер ба пайвандони фавтидагону осебдидагон изҳори ҳамдардӣ намуда гуфтааст, ки бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки ҳеҷ як амрикоӣ дар мактаб худро ноамн эҳсос накунад.

Ҳеҷ мақоми амрикоӣ ё дигар кишварҳо куштори 17 нафарро терроризм ва қотилро террорист эълон накардаанд. Дар ҳоле, ки бо кордчаи қаламтозакунӣ ба кӯча баромадани як мусалмон дар расонаҳо чун терроризми исломӣ қаламдод мешавад.

 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *