Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар гуфт, ин кишвар дар нишасти Иттиҳодияи араб дар Арабистони Саудӣ ширкат хоҳад кард.
Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ тайи суханронӣ дар Маҷлис шӯрои ин кишвар изҳор дошт: дар нишасти Иттиҳодия араб, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳем кард.
Ба гузориши хабаргузории расмии Қатар, вай дар идома ҳамчунин тасреҳ кард:
«Қатар дар нишастҳои Иттиҳодияи араб, сарфи назар аз кишвари баргузоркунанда, ширкат хоҳад кард. Агар мизбон аз кишварҳои муҳосиракунандаи Қатар бошад ва дастуруламали ин иттиҳодияро иҷро накунад, на мо балки он кишвар дар вазъияти мухолифат қарор мегирад.
Моҳи январ музокироти стратегӣ байни Қатар ва Амрико дар Вашингтон анҷом шуд. Дар сурати мавриди ҳамла қарор гирифтани Қатар, Амрико тибқи тавофуқномаи дифоъии ду кишвар, аз мо ҳимоят хоҳад кард.
Ин тавофуқнома нишон медиҳад, ки Иёлоти муттаҳида дар канори кишварҳои муҳосира қарор надорад. Амрик барои ҳали бӯҳрон ва дар ростои манофеъш дар Халиҷ, иҷоза нахоҳад дод, ки таниш байни Қатар ва мухолифонаш афзоиш ёбад.
Фоҷеъаи инсонӣ дар Яман ношӣ аз ҷанг аст. 20 миллион яманӣ зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд. Илова бар ин, ҳазорон нафар аз мардуми ин кишвар бо бемориҳои вогир мубориза мекунанд. Ҳеҷ нишонаи ҳалу фасли сиёсии ин бӯҳрон низ дида намешавад.
Қатар ҳамчунин аз тавофуқномаи Либия ҳимоят карда ва мавзеъи худро дар ин замина тағйир надодааст».
Гуфтанӣ аст, пас аз дасткашии Амороти муттаҳидаи араб аз мизбонии ин иҷлоси иттиҳодия, Арабистони саудӣ дар моҳи марти соли гузашта барои баргузории он эъломи омодагӣ кард. Нишасти Иттиҳодияи араб солона дар моҳи март баргузор мешавад, вале ҳанӯз таърихи дақиқи он дар соли ҷорӣ ҳанӯз эълом нашудааст.