11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Ширкатҳои офшорӣ дар хидмати хонаводаи раисҷумҳури Тоҷикистон

Солҳои охир дар ВАО-и ҷаҳон нашри тадқиқот дар бораи пинҳонсозии маблағҳо дар офшор аз тарафи наздикони сарони давлатҳо бештар мешаванд. Вале дар ин фошкориҳо Тоҷикистон ном гирифта намешавад.

Ҳанӯз 5 сол қабл, охири соли 2013 маркази таҳқиқотии Tax Justice Network ҳаҷми маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар офшорҳоро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар тахмин зада буд.

Таҳқиқоти анҷомдодаи Паём собит кард, ки тахмини мо дуруст будааст: ширкатҳои асосии офшорӣ ба оилаи раисҷумҳур таъаллуқ дорад.

  1. Шамсулло Соҳибов

Шамсулло Соҳибов офшори худро дар ҷазираҳои Вирҷин таҳти номи Shamsullo Sakhibov бунён гузоштааст. Бозӣ бо ҳарфҳо дар ному насаб ҷустуҷӯ ва муайян кардани соҳибони офшорҳоро мушкилтар мекунад. Тибқи ҳуҷҷатҳои панамагӣ, Шамсулло Соҳибов ширкати худро дар нишонии пустии (почтовый адрес) Мaitland Court; Lancaster Terrace; London W2 3PE ба қайд гирифтааст. Пулҳояшро Соҳибов тавассути ширкати миёнарави MOSSACK FONSECA & CO. (U.K.) LIMITED, воқеъ дар Бритониё ба ширкати офшории худ GLATTO MANAGEMENT LTD интиқол медиҳад. GLATTO MANAGEMENT LTD ҳанӯз соли 2011 дар ҷазираҳои Вирҷин ба қайд гирифта шудааст.

Шамсулло Соҳибов бо падарарӯсаш Эмомалӣ Раҳмон

Шамсулло Соҳибов шавҳари духтари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон — Рухшона Раҳмонова аст. Ӯ солҳои дароз вазифаи намояндаи тиҷории Тоҷикистон дар Бритониёро иҷро мекард, дар ҳоле, ки гардиши мол байни Тоҷикистону Бритониё ба сифр баробар аст.  

GLATTO MANAGEMENT LTD ягона ширкати офшорие нест, ки ба Соҳибов тааллуқ дорад. Ширкатҳои дигар бо номҳои бегона ба қайд гирифта шудаанд.

Айни ҳол ба Шамсулло Соҳибов ширкати Фароз таъаллуқ дорад, ки тамоми бозори сӯзишвории кишварро инҳисорӣ (монополия) кардааст. Ин ширкат молики саддарсадии Автосантал ҳам ҳаст, ки бозори омӯзиши ронандагӣ ва ҳуҷҷатҳои ронандагиро дар ихтиёр дорад. Камераҳои назоратии роҳҳои Душанбе, осоишгоҳи Сафеддара ҳам моли Фароз аст.  

Соҳибов бозори фурӯши шираи камолро низ инҳисорӣ кардааст. Ҳамчунин ба интиқоли пинҳонии сӯзишворӣ ба Афғонистон машғул аст. Дар истеҳсоли ангишту тилло ҳам ширкат мекунад. Кони тиллои “Заринка” дар Ҳоит ба ӯ таъаллуқ дорад.

Шарофиддин Гадоев, мухолифи тоҷик, ки қаблан ҳамроҳ бо Умаралӣ Қувватов бо Соҳибов ҳамкор будааст, дар мусоҳибааш бо Паём гуфта буд, ки бизнесҳои Шамсулло ба ӯ имкон медиҳад ҳар моҳ ба офшор 2,5 миллион доллар интиқол диҳад.

  1. Зарифбек Давлатов

Зарифбек Давлатов домоди дигари Эмомалӣ Раҳмон — шавҳари Таҳмина аст. Ӯ худро дар офшор чун Zarifbek Daulatov ба қайд гирифтааст. Вале нишонии пустиаш дар Тоҷикистон нишон дода шудааст: 36 Farkhod St; Dushanbe; Tajikistan. Ширкати миёнарав ҳамонест, ки зикраш дар боло рафт: MOSSACK FONSECA & CO. (U.K.) LIMITED. Ӯ пулҳояшро ба ширкати офшории Penkridge Global Limited, воқеъ дар ҷазираҳои Вирҷиния мегузаронад.

Зарифбек Давлатов бо хонаводааш

Зарифбек Давлатов дар Тоҷикистон бозори фурӯши билетҳои ҳавопаймоиро инҳисорӣ кардааст. Барои зарар надидани ӯ, ширкатҳои маҳаллии Сомон Эйр ва Тоҷик Эйр билетҳои худро тавассути сомонаашон намефурӯшанд. Ҳамчунин ба сохтмони хонаҳо, воридоти мошинҳои гаронбаҳо ва маснуъоти тиллоӣ машғул аст.

Давлатов ғайрирасмӣ воридоти гумрукии Тоҷикистонро назорат мекунад. Терминали гумрукии “Дӯстӣ” воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ӯ таъаллуқ дорад.

  1. Таҳмина Холиқова

Офшорҳои духтари Рустам Холиқов, собиқ раҳбари кулли фурӯдгоҳи Душанбе — Таҳмина дар Дубай ва ҷазираҳои Сейшел воқеъ шудаанд. Ӯ ҳам, ба назар мерасад мисли падараш, дӯстдори ҳавопаймоист, ки ширкати офшориашро TAHMINA TOTAL AIRCRAFT LEASING INC ном гузоштааст. Ширкати миёнарав, ки дар Дубай воқеъ аст HELENE MATHIEU LEGAL CONSULTANTS ном дорад.

Таҳмина соҳиби агентии шуғли Ситабр Агро, агентиҳои фурӯши билети ҳавопаймо — “Наримон” ва “Коинот” аст. Шавҳари ӯ Фаррух Имомов намояндаи Fly Dubai мебошад.

Номи Рустам Холиқов баъди ба истифода дода шудани терминали нави Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе расонаӣ шуд. Ба дасти ВАО ҳуҷҷатҳое расиданд, ки аз масрафи ғайримақсадноки маблағҳо дар ин сохтмон дарак медоданд.

Рустам Холиқов калонтарин наҳанги соҳаи ҳавопаймоист, ки қиссааш бо терминали фурӯдгоҳу ширкатҳои билетфурӯши тамом намешавад. Ба зудӣ тадқиқоти Паём дар бораи тамоми фаъолиятҳои ғайриқонунии ӯ нашр хоҳад шуд.

  1. Ҳасан Асадуллозода

Ҳасан Асадуллозода, шояд аз зиёдии офшорҳояш “ранҷ мебарад”. Talco Management Limited ё ки TML, CDH Investments Corp, СВР Investment, Amatola S. A., чанд офшоре зери бренди Orion.

Бо кӯмаки ин ширкатҳои офшорӣ Ҳасан пулҳои Ширкати алюминии тоҷик (ТАлКо), Ориёнбонк, ширкатҳои сохтмонӣ ва ғайраро “мешӯяд”. Дар пулшӯи ба ӯ ширкати бритониёи G.S.L. Law & Consulting кӯмак мекунад.

Асадуллозод (аз рост дуввум) аз язнааш — раисҷумҳур «гап мешунавад»

Аз тарафи дигар Асадуллозода аз язнаҳояш оқилтар баромад. Ҳарчанд офшорҳояш зиёданд, ӯ бешатри онҳоро бо номи хориҷиҳое сабт мекунад, ки иртиботе бо Тоҷикистон надоранд. Яке аз онҳо Mettew Richard аст.

ВАО-и хориҷӣ менависанд, ки CDH Investments Corp байни солҳои 2005 ва 2007тавонист аз Тоҷикистон 2 миллиарда доллар берун барад.

Дар бораи ғоратгариҳои Ҳасан Асадуллозода қаблан Паём ду тадқиқот ба нашр расонда буд ва ин силсила идома хоҳад кард.

  1. Ҳусейн Исматуллоев

Ҳусейн Исматуллоев ва Амрулло Гулов дар ҷазираҳои Вирҷин Yab Group Ltd-ро ба қайд гирифтаанд. Нишонии пустии он дар Кипр қарор дорад: 29A Anna Komnini Street P.O. Box 22303 1520 Nicosia. Ширкати мийнарав инҷо ҳам  G.S.L. Law & Consulting мебошад.  Ҳусейн Исматуллоев дар офшор чун Husine Ismatuloev ба қайд гирифта шудааст. 

Ба чӣ кор машғул будани Ҳусейн Исматуллоев маълум нест. Вале бародари ӯ Шӯҳрат Исматуллоев муовини раиси Ориёнбонк аст. Бародари дигараш Дилшод Исматуллоев муовини раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Раисҷумҳур мебошад, яъне муовини Озода Раҳмон.  

Дилшод Исматуллоев, муовини Озода Раҳмон

Бародари дигараш Ҳасан Исматуллоев роҳбари Маркази савдои Рудаки-Плаза аст.

Мо натавонистем далеле дар бораи хешу табор будани Амрулло Гулов бо оилаи Шералӣ Гулов, қудои раисҷумҳури кишвар пайдо кунем.  

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *