Вазир дохилаи давлати ояндаи Олмон барномаи ҷадиди худро дар бораи паноҳҷӯён эълом кард. Густариши назорати видеоӣ дар нуқоти ҳассос ва ихроҷи сареътари паноҳҷуёне, ки тақозои онҳо рад шуда, аз ҷумлаи меҳварҳои сиёсати вазорати дохилаи ҷадиди Олмон эълом шудааст.
Ҳурст Зеҳуфер аз ҳизби сотсиал-масеҳӣ қарор аст дар давлати ҷадиди Олмон мансаби вазорати дохиларо ба ӯҳда гирад. Зеҳуфр дар остонаи ташкили расмии кобина ва шурӯъ ба кори давлати ҷадиди Олмон, барномаи худро дар заминаи сиёсатҳои паноҳандагӣ ва ҳамчунин масоили амнияти ин кишвар эълом кард.
Рӯзномаи «Билд амзунтог» рӯзи якшнбе 11 март бо вазири кишвари ояндаи Олмон мусоҳиба кардааст. Зеҳуфр дар ин мусоҳиба, эҷоди як давлати муқтадир дар Олмонро барои таъмини амнияти шаҳрвандон зарурӣ хондааст.
Сиёсати паноҳандагӣ
Ҳурст Зеҳуфр дар бораи барномаи ҷадиди сиёсати паноҳндагии Олмон ва сиёсати ин кишвар дар мавриди ихроҷи паноҳҷуёне, ки тақозои паноҳандигиашон рад шуда, гуфтааст, ки ба унвони нахустин гом дар ин арса, ба маҳзи оғози расмии кори давлати ҷадид, ӯ бо ҳама ҳамкорони худ дар вазорати дохила ва ниҳодҳои марбута ташкили ҷаласа хоҳад дод.
Вазири дохилаи давлати ҷадиди Олмон гуфт, ки баррасии ҳарчи сареътари парвандаи паноҳандагии мутақозиён ва иҷрои қотеътари ихроҷи паноҳҷуёне, ки тақозои паноҳандагиашон рад шуда, аз асоситарин сиёсатҳои паноҳандагӣ дар давлати ҷадид хоҳад буд. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки давлати ҷадиди Олмон дар баробари паноҳҷуёне, ки муртакиби ҷурм шаванд, камтарин гузаште нахоҳад дошт.
Зеҳуфр дар гуфтугӯ бо хабарнигори рӯзномаи ёдшуда гуфтааст: «шумори паноҳҷуёне, ки бояд аз Олмон ихроҷ шаванд бояд ба таври васеъ афзоиш ёбад.»
Вазири дохилаи давлати ҷадиди Олмон таъкид кард, ки давлат ба вижа бояд дар мавриди паноҳҷуёне, ки муртакиби ҷурм мешаванд ё паноҳҷуёне, ки метавонанд барои амнияти кишвар хатарнок бошанд, сареъ ва қотеъона иқдом кунад. Ӯ таъкид кардааст, ки ин иқдомот бояд дар чанд моҳ амалӣ шаванд ва набояд то як сол тӯл бикашад.
Давлати муқтадир
Ҳурст Зеҳуфр таъкид кард, ки Олмон як кишвари боз ва либерал аст ва ба ҳамин манзур бояд барои дифоъ аз шаҳрвандони худ як давлати муқтадир дошта бошад.
Вазири дохилаи давлати ҷадиди Олмон ба ҳамин манзур, таҷҳизи техникии беҳтари полиси ин кишварро зарурӣ донист. Афзун бар он, Зеҳуфр бар густариши пӯшиши назорати видеоӣ дар кишвар низ таъкид варзид. Ӯ гуфт, дар ҳама нуқоти ҳассоси кишвар бояд дурбинҳои видеоӣ насб шавад.
Ҳурст Зеҳуфр дар гуфтугӯи худ бо рӯзномаи «Билд амзунтог» таъкид кард, ки пас аз шурӯъи расмии кори давлати Олмон, сареъан барномаҳои худро дар робита бо паноҳҷуён ва масоили амниятӣ ба иҷро хоҳад гузошт.
Манбаъ “Дойчевелле”