Вакили дифоъи турк Гулден Сонмез дар номааш ба сафорати Исроил дар Тукия аз ин кишвар даъват кардааст, ки кӯдаки фаъоли фаластинӣ Аҳед Тамимиро раҳо ва дар муқобил ӯро боздошт кунанд.
Аҳед Тамимӣ духтарбачаи фаластиниест, ки 18.12. 2017 ҳамроҳи модараш аз тарафи сарбозони Исроил боздршт шуд, дар ҳоле, ки синни ӯ зери 18 аст. Аммо то имрӯз чандин бор ӯро бо дасту пои занҷирбанд ба додгоҳ бурдаанд ва билохира рӯзи 21 уми марти имсол ӯро ба 8 моҳ зиндон маҳкум карданд.
Адвокати турк дар номааш ба сафорати Исроил менависад: “Ман касе ҳастам, ки дар киштии Мармара ҳузур доштам ва чандин бор бар зидди ишғолгариҳои Исроил тазоҳурот ва роҳпаймоӣ роҳандозӣ кардаам. Кишвари шумо маро терорист медонад, дар ҳоле, ки ман як ҳуқуқшинос ҳастам ва аз ҳуқуқи мардум дифоъ мекунам. Инро ҳам медонам, ки шумо касонеро ки аз ҳуқуқи мардум дифоъ мекунанд, дӯст намедоред. Бо вуҷуди ин омодаам агар тамоми кӯдакони фаластинӣ ва ҳатто кӯдакони исроилиеро, ки бо иттиҳоми сиёсӣ боздошт кардаед раҳо кунед ва агар инро намепазиред ҳадди ақал Аҳедро раҳо кунед, таслими шумо шавам. Барои шумо боздошти ман аз боздошти як кӯдак муҳимтар аст.”
Хонум Гулден Сонмез дар идомаи номаи худ навиштааст, “кӯдаконро озод гузоред ва онҳоро василаи ҷанги худ қарор надиҳед. Дар тамоми қонунҳо ва динҳо ҷанг қонуни худро доштааст ва ҳуқуқи кӯдакон ҳамеша риоя мешавад. Аммо шумо бо ин коратон ҷиноят алайҳи инсоният анҷом медиҳед ва ин боис шудааст, ки аксарияти мардуми дунё аз шумо нафрат пайдо кунанд ва мутмаинам аз ин мавзӯъ нороҳат ҳастед. Пас биёед Аҳедро раҳо кунед ва маро боздошт кунед. Агар ин пешниҳодамро бипазиред метавонед бо ман тамос бигиред.”
Қобили зикр аст, ки ин Гулден Сонмез ҳамон касест, ки ҳамроҳи ҳамконаш Амина Элдирим ва Дагир Хасавов дар соли 2016 ба хотири шиносоӣ бо вазъияти зиндониёни сиёсии тоҷик ба Тоҷикистон сафар кард ва боздошт шуд. Танҳо пас аз дахолати нахуствазир ва президенти Туркия онҳоро раҳо намуда аз Тоҷикистон ихроҷ карданд. Аммо дар фурудгоҳи Отатурк мавриди истиқболи густардаи ҳамкорон ва фаъолони ҳуқуқии Туркия қарор гирифтанд.