Ширкати ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ба хотири фоидаовар набудани парвоз бо хатсайри Тошканд — Душанбе — Тошканд масъалаи қатъи парвозҳоро баррасӣ кардан мехоҳад.
Тавре хабаргузории иттилоъ додааст, намояндаи ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» гуфтааст, ки сатҳи баланди хидматрасониҳои фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ва фоидаовар набудани анҷоми парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон ширкатро ба ин тасмим водор намудааст.
«Айни замон мо масъалаи қатъи парвозҳоро ба Душанбе баррасӣ дорем, чунки дар вазъи бамиёномада дигар роҳу воситаи ҳалро намебинем», — гуфтааст Орифҷон Рӯзимуродов, роҳбари намояндагии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» дар Тоҷикистон..
Орифҷон Рӯзимуродов гуфтааст, ки моҳи апрели соли 2017 раҳбарияти ширкат ба мақомоти авиатсионии Тоҷикистон бо дархости пешниҳоди тахфифҳои муайян ба хизматгузориҳо дар фурудгоҳи Душанбе муроҷиат намуд.
«Аммо то ҳол аз онҳо посухе нарасидааст. Илова бар ин, аз 1 октябри соли гузашта тарифҳо барои хизматрасониҳо дар фурудгоҳи Душанбе қариб ба андозаи 20% зиёд шуданд», — иброз дошт Рӯзиматов.
Таъкид шуд, ки ширкат тадриҷан нархи билетҳои ҳавопаймоиро ба хатсайри Тошканд — Душанбе аз 148 доллар то 80 доллар поин овард, то ки арзиши билет ба сатҳи музди меҳнати аксари аҳолӣ мувофиқат намояд.
«Дар ин робита мо ҳам умедвор будем, ки тарифҳо ба хизматгузориҳои фурудгоҳро поин мебаранд. Лекин ин кор сурат нагирифта, акнун ширкат маҷбур аст, ки парвозҳо ба Душанберо ба зиёни худ анҷом диҳад», — афзудааст Рӯзимуродов.
Аммо коршиносон мегӯянд, яке аз сабабҳои дигари қобили мулоҳиза барои фоидаовар нашудани хатсайри ҳавопаймоии Душанбе-Тошканд ин боз шудани сарҳадҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Ӯзбекистон, ки кишвари ҳамсоя буда, дурдаст нест, мардум роҳи заминӣ ва арзонро аз роҳи фазоӣ ва гароннарх авло медонад.
Қобили зикр аст, ки «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» аз моҳи апрели сол гузашта баъди танаффуси 25-сола ба анҷоми парвозҳо тариқи хатсайри Тошканд — Душанбе — Тошканд шурӯъ намуд. Айни замон тариқи ин хатсайр ҳафтае як маротиба (рӯзҳои шанбе) парвоз ба иҷро мерасад. Дар сомонаи ин ширкат нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз Тошканд ба Душанбе ва омадурафт 130 евро нишон дода шудааст.