Рубрики Хабарҳо

Боз ифшои асардуздӣ: Ин дафъа асардуздии раиси Шӯрои роҳбарияти КВД «Талко»фош шуд

Шояд дар ҳафтаҳои ахир яке аз пуристифодатарин калимаҳо дар фазои маҷозии тоҷикӣ “асардуздӣ” бошад. Ин ибора пас аз ошкор шудани дуздиҳо дар мадорики дуктурои мансабдорони тоҷик муд шуд.
Сомонаи “диссернет” парда аз дуздиҳое бардошт, ки мансабдорон ва ҳатто мушовири Президент Раҳмон ба он даст задаанд. Сомона ҳама чизро хеле возеҳ ва равшан барои хонандагонаш пешниҳод кард. Аммо ҳукумати Тоҷикистон ин бор ҳам гуноҳро бар гардани “хоинон” бор кард. Доираҳои расмӣ онро фитна ва кори дасти “мухолифин” унвон карданд.

Имрӯз ҳам болои сӯхта намакоб сомонаи “Диссернет” боз асардуздии як мансабдори дигари тоҷикро ифшо кард.

Асардуздии Шералишо Кабиров, яке аз чеҳраҳои  намоёни ширкати Талко, имрӯз дар сомонаи “Диссернет” нашр шуд.

Раиси Шӯрои роҳбарияти КВД «Талко», узви Шӯрои нозирони ҶСП «Казкоммерсбонк Тоҷикистон» Кабиров Шералишо Олимович,19 майи  соли 2012 рисолаи докторияшро дар мавзӯи “Ташаккул ва инкишофи муҳити ширкатҳои бузурги унитарӣ: Назария ва методологияи идоракунии зиддибӯҳронӣ (дар намунаи КВД «Талко» -и Ҷумҳурии Тоҷикистон)” ҳифз кардааст.

Шояд ин дафъа ҳам ҳукумати Тоҷикистон ифшои асардуздии ин олигархи тоҷикро кори дасти “хоинон” унвон карда, кӯшиши худро аз маломат  наҷот додан кунад.

Маврид ба зикр аст, ки чунин кор дар гузашта, дар кишварҳои дигаре ҳам рух дода буд. Аммо вокуниши онҳо ба қазияи “асардуздӣ” чӣ буд? Оё онҳо ҳам дуздро раҳо карда ба кофтукови “хоин” пардохтанд? Поёни кори “асардуздон дар дигар кишварҳо ба чӣ анҷомид? Асардуздони тоҷикро чӣ сарнавиште дар интизор аст?
Дар соли 2012 Президенти Маҷористон ҳам айнан бо чунин ҳолат рубарӯ шуда буд.
“Дар пай сирқати илмӣ алайҳи Пол Ишмит, президенти Маҷористон, Донишгоҳи Семелвейз дар Будопешт эълом кардааст, ки ин донишгоҳ мадраки дуктурои оқои Шмитро пас гирифтааст.
Ба гуфтаи раиси ин донишгоҳ, баррасии рисолаи дуктурои Пол Ишмит, ки дар соли 1992 таслими донишгоҳ шуд, нишон медиҳад, ки муҳтавои он «на бо завобити илмӣ интибоқ дорад ва на бо мавозини ахлоқӣ» ва ба ҳамин далел вай шоистаи дарёфти мадраки дуктуро нест.
Рӯзи сешанбеи ин ҳафта кумитае, ки аз сӯйи Донишгоҳи Семелвейҳ таъйин шуда буд, натиҷа гирифт, ки оқои Ишмит бахше қобили таваҷҷуҳе аз рисолаи дуктурои худро дар мавриди бозиҳои Улампик дар асри ҳозирро аз таҳқиқоти дигарон «нусхабардорӣ» кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *