Никол Пашиниён, роҳбари мухолифони ҳукумати Арманистон, раиси ҳизби порлумонии «Елк» расман номзад ба мақоми сарвазирӣ эълом шуд.
Дар ин бора хабаргузории иттилоъ додааст.
тавре пештар хабар дода будем, Порлумони Арманистон рӯзи 1 май сарвазири нави ин кишварро интихоб мекунад. Шахсе сарвазир интихобшуда дониста мешавад, ки 53 нафар вакилони порлумон ба ҷонибдории ӯ раъй бидиҳанд. Аммо ҳизби мухолифи «Елк» дар порлумони Арманистон танҳо 9 намоянда дошта, бештари курсиҳоро Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ ишғол кардаанд.
Тавре радиои Озодӣ хабар додааст, рӯзи гузашта дар Ереван намоиши густардаи эътирозӣ баргузор шуд. Никол Пашиниён қабл аз гирдиҳамоӣ бо раҳбари ҷиноҳи ҳизби ҳоким Ваграм Багдасарян мулоқот кард. Ҷумҳурихоҳони Арманистон баъди эътирозҳои сартосарӣ аз пешниҳоди номзади худ ба мақоми сарвазир худдорӣ карданд. Багдасарян гуфтааст, ки ҳизби ӯ ба интихоби «намояндаи мардумӣ» мухолифат нишон намедиҳад. Пашиниён аз тарафдоронаш даъват кард, рӯзи 1 май соати 8-и саҳар, замоне, ки порлумон номзадии нахустивазирро баррасӣ мекунад, ба майдон бароянд.
Эътирозҳои Арманистон беш аз ду ҳафта идома доранд. Дар пайи эътирозҳо сарвазири тозаинтихоб Серж Саргсян, ки ҳашт рӯз баъди тамом шудани муҳлати президентиаш нахуствазир шуд, иҷборан истеъфо дод.
Баъд аз ислоҳоти ахири конститутсионӣ сарвазири Арманистонро порлумон интихоб мекунад, ки назар ба президент дар умури идорӣ салоҳияти бештар дорад.