Шаби 14 май дар майдони марказии пойтахт “Озодӣ” “тазоҳурот” баргузор шуд ва пулис онро “пароканда” кард. Дар ин машқи тазоҳуротпарокандакунӣ донишҷӯён нақши тазоҳургаронро мебозиданд, ки ниҳодҳои интизомӣ онҳоро пароканда мекарданд.
Тибқи иттилои манбаъи Паём, ин машқ ба хотири пешгирӣ аз такрори сенориёи арманӣ гузаронда шуд.
Манбаъ инчунин гуфт дар ин «тазоҳурот» садҳо донишҷӯ ва кормандони пулис ширкат кардаанд.
Дар Арманистон, ки зоҳиран мақомоти Тоҷикистон аз такрори сенориёи он метарсанд, тазоҳургарон ба истеъфои сарвазир ва собиқ раисҷумҳур Серж Саргсян даст ёфтанд, ки дар натиҷа раҳабри мухолифин Никол Пашинян сарвазир интихоб шуд. Ӯро номзади мардум меноманд. Бояд қайд, кард дар эътирозоти арманӣ, ки ҳудуди як моҳ давом кард, хуне рехта нашуд.
Аввалин тазоҳурот дар Ереван 11 апрел, замоне оғоз шуданд, ки ҳизби ҳоким номзадии Саргсянро ба сарвазирӣ пешниҳод кард. Чун нишони эътироз намояндагони ҳизби мухолифи “Елк” дар бинои парлумон чанд норинҷаки дудиро фаъол карданд.
Сокинони Арманистон ба ин назаранд, ки Саргсян раҳбари ноӯҳдабаро аст, ки замони ҳукуматаш дар Арманистон фасод ва беназмиву қавмгароӣ рушд кард.
Никол Пашинён қаблан рӯзноманигор буд ва аз соли 2008 вориди сиёсат шуд. Ӯ дар эътирозҳои соли 2008 ширкат дошт ва соли 2010 бо иттиҳоми ташкили беназмӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Вале бо гузашти якуним сол шомили авф ба муносибати 20 солагии Арманистон шуд ва ба озодӣ баромад.