Рубрики Хабарҳо

Артиши Исроил даҳҳо фаластинӣ аз ҷумла 2 кудакро кушт

Ҳамзамон бо интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас тазоҳуроти густардаи фаластиниҳо дар марзи Ғазза ба хушунат кашида шуд.

Фаластиниҳо аз чанд муддати пеш ҳаракатеро оғоз кардаанд ба номи “бозгашт ба сарзамини падарӣ”, ки бар асоси он фаластиниҳои муҳоҷир мехоҳанд бидуни хушунат ва ба хонаҳояшон ва сарзаминҳояшон баргарданд. Аммо Исроил ба суи ин тазоҳуркунандагон оташ кушодааст ва  ба гуфтаи мақомҳои Фаластинӣ то кунун 58 фаластинӣ кушта ва 1800 нафар дигар захми шудаанд.

Эътирозҳо дар марзи Ғазза бо дархости “бозгашт ба сарзаминҳо падарӣ” ҳамзмон бо ҳафтодумин солгарди таъсиси Исроил, аз чанд ҳафта пеш оғоз шуда ва дирӯз ҳамзамон бо интиқоли расмии сафорати Амрико аз Телавив ба Байтулмуқаддас ба авҷи худ расидааст.

Ба гузориши БиБиСи масъулони бемористонӣ дар Ғазза гуфтаанд як писари 12 сола ва як навҷавони 14 сола ҳам бо тири сарбозони Исроилӣ ҷони худро аз даст додаанд. Шумори куштаҳои Фаластинӣ аз оғози эътирозоти марзи Ғазза аз яку ним моҳи пеш то имрӯз ба ҳудуди сад нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол артиши Исроил ҳам дар дохили хоки ғазза 5 ҳадафро мавриди ҳамла қарор додааст, ки коршиносон ҳадаф аз ин ҳамларо ба хушунат кашидани тазоҳуроти мусолиматомези мардуми Фаластин унвон кардаанд.

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин, Исроилро ба куштори ваҳшатнок дар Ғазза муттаҳам карда ва муовини нахуствазири Туркия гуфтааст, ки Амрико ҳам  ин куштор шарик аст.

Иттиҳодияи Аврупо дар баёниае бо ишора ба кушта шудани даҳҳо фаластинӣ шомили кӯдакон ва навҷавонон хоҳони хештандории ду тараф шуда ва аз Исроил хоста ҳаққи эътирози мусолиматомезро барои Фаластиниҳо ба расмият бишносад. Аз сӯи дигар иттиҳодияи Аврупо аз мақомҳои ҲАМОС хоста итминон ҳосил кунанд, ки аз ин тазоҳурот барои мақосиди хушунатомез истифода нашавад.

Аксарияти дипломатҳои муқими Исроил дар ин маросим ширкат накардаанд

 Дар Байтулмуқаддас сафоратхонаи ҷадиди Амрико бо ҳузури Иванко Трамп ва Ҷерд Кушнер, духтар ва домоди ДоналдТрамп ва мақомҳои аршади Исроилӣ ифтитоҳ шуд.

Сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Исроил ҳам ба ин маросим даъват шудаанд, аммо бо таваҷҷуҳ ба эътирози бештари давлатҳои ҷаҳон ба тасмими  Трамп, бисёре аз ин дипломатҳо дар ин маросим ширкат накардаанд.

Бенёмин Нетанёҳу, нахуствазири Исроил, аз тамомии кишварҳое, ки бо Исроил робитари дипломатӣ доранд хоста буд, ки аз иқдоми Трамп ҳимоят ва пайравӣ кунанд, аммо ба ҷуз Гватемала ва Парагвай ҳеҷ кишвари дигаре ба ин дархости ӯ ҷавоби мусбат надодааст.

Интиқоли сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас ба маънои ба расмият шинохтани ин шаҳр ба унвони пойтахти Исроил ва нодида гирифтани ҳаққи Фаластинён барои доштани давлати мустақил аст, ки хашми мусулмонони ҷаҳонро барангехтааст.

Бар асоси тамоми қавонини байналмилалӣ ва мавқеъи расмии давлатҳои Амрик дар 50 соли гузашта, шарқи Байтулмуқаддас бахше аз сарзаминҳои ишғолии марбут ба Фаластин дониста мешуд. Фаластинён шарқи Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти кишвари мустақили ояндаи худ дар назар доранд. Аммо Доналд Трамп натанҳо мавқеъи расмии 50 солаи ҳукумати Амрико, балки тамоми қавонини байналмилалиро ҳам нодида гирифт, ки аз ҷониби аксарияти кишварҳои ҷаҳон ин амали ӯ маҳкум карда шуд.

Аз тарафи дигар Трамп бо ин иқдомаш тамоми умедҳои сулҳ байни Исроил ва Фаластинро ҳам амалан нобуд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки пас аз ин иқдоми Трамп як инсиҷоми умумӣ дар миёни гурӯҳҳои фаластинӣ ҳам ба вуҷуд омадааст. Ҳамос ва ташкилоти худгардони Фаластин дар Ғазза ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил карданд ва ҳамаи гурӯҳҳои фаластинӣ ҳамоҳанг ҳаракати “бозгашт ба сарзаминҳои падарӣ”ро роҳандозӣ кардаанд. Бар асоси ин тарҳ тамоми фаластиниҳо дар як ҳаракати намодин ва бидуни хушунат ба самти Исроил ва ба хусус Байтулмуқаддас ҳаракат мекунанд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *