Рубрики Хабарҳо

Ба Комроншоҳ Устопириён 400 сомон стипендия таъин карданд

Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон ба 69 нафар варзишгарон — ҷавонон ва собиқадорон стипендия муқаррар кардааст.

“Ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони бомаҳорат ҳукумати кишвар ҳарсола ба онҳо стипендия пардохт мекунад” — иттило медиҳад маркази матбуотии Куимта.

Дар соли 2018 40 нафар варзишгарон, ки дар мусобиқоти байналмиллалӣ ба муваффақият даст ёфтаанд, сазовори гирифтани стипендия дониста шудаанд. Дар ин рӯйхат бештар аз ҳама дзюдочиҳо ҳастанд, ки 9 нафарро ташкил додаанд. Баъди он самбочӣ ва гӯштигирон — 7 нафарӣ, теквандочиҳо — 6 нафар, муштзанҳо — 3 нафар меоянд.

Ба рӯйхати варзишгарони стипендиягир Комроншо Устопирён, Темур Рахимов, Бехруз Ходжазода, Набимухаммад Хоркашов ва дигарон шомил шудаанд.

Ҳамчунин 29 собиқадори варзиш стипендия дарёфт хоҳанд кард, байни онҳо Зебунисо Рустамова, Исмат Абдуллоев ва Хакназар Бедимогов ҳастанд.

Маблағи стипендияро Кумитаи варзиш эълон накардааст, вале хабаргузории Азия Плюс бо истинод ба манбаъи худ иттилоъ медиҳад, ки Комроншоҳ Устопириён, яке аз машҳуртарин варзишгарони кишвар 400 сомони (43$) хоҳад гирифт.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *