Рубрики Хабарҳо

16 медали риёзидонҳои ҷавони тоҷик дар олимпиадаи байналмиллалӣ

Хонандагони тоҷик аз Булғористон, аз Олимпиадаи байналмиллалии наврасон, ки дар шаҳри Вургас аз 1 то 6 июл ҷараён дошт, бо 16 медал баргаштанд. Риёзидонҳои ҷавон 2 медали тилло, 6 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар олимпиада 612 хонада ва 156 тим аз 30 кишвари дунё ширкат доштанд.

Ба ҳайати тими Тоҷикистон хонандагони Литсейи шаҳри Душанбе барои наврасони боистеъдод, литсей интернати “Ҳотам ва ПВ”, Литсейи президентӣ, Мактаби байналмиллалии президентӣ, Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе, Литсейи№1-и шаҳри Душанбе ва шунавандагони Маркази тайёркунии хонандагони боистеъдоди шаҳри Душанбе ворид шуда буданд.

Хонандагони литсей интернати “Ҳотам ва ПВ” 2 медали тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ, хонандагони Литсейи шаҳри Душанбе барои наврасони боистеъдод 4 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Як медали биринҷӣ насиби шунавандаи Маркази тайёркунии хонандагони боистеъдод шуд.

Медалҳои тиллоро Дориюш Хайриддинов, хонандаи синфи 6 ва Ворис Раҳмонов, хонандаи синфи 7-и  литсейи “Ҳотам ва ПВ” соҳиб шуданд.

Медалҳои нуқраро Вазир Пиров — хонандаи синфи  8, Ҷамшед Рустамов — хонандаи синфи 8, Бахтовар Ҳотамӣ ва  Наимҷон Хонҷонов — хонандаи синфи 10- и Литсейи «Ҳотам ва ПВ»,  ва Уроқов Ҷаҳонгир, хонандаи Литсейи шаҳри Душанбе барои наврасони боистеъдод ба даст оварданд.

Медалҳои биринҷиро аз Литсейи «Ҳотам ва ПВ»: Хуҷамов Асад-хонандаи синфи 6, Усмонов Темур-хонандаи синфи 7 ва Исоматов Шоҳрух-хонандаи синфи 10 ва аз  Литсей барои наврасони боистеъдод: Собиров Раҳмон ва Ҷамшед Эргашзода ба Тоҷикистон оварданд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *