11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Дар Бадахшон чӣ мегузарад ва чаро мардум аз амалиёти низомӣ ҳарф мезанад?

Раисҷумҳури Тоҷикистон амр кард дар мубориза бо “ҷинояткорон” аз нерӯҳои мусаллаҳ истифода шавад

Ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт. Мардуми Бадахшон интизор дошт дар ин сафар раисҷумҳурро шоҳзода Карим Оғохони IV, пешвои исмоилиён, ки дар ин вилоят зиндагӣ мекунанд, ҳамроҳӣ хоҳад кард. Вале бар хилофи интизории мардум, шоҳзода ба Тоҷикистон наомад ва Эмомалӣ Раҳмон сафари худро бо таҳдид ба сокинони вилоят ба анҷом расонид.

Гуфтанист, Эмомали Раҳмон эътироф кард, ки дар ноҳияи баландкӯҳи фаромӯшшудаи Мурғоб 8 сол (!) набудааст. Дар ин ноҳия зимистон ҳудуди 9 моҳ тӯл мекашад ва баъди азҳампошии Шӯравӣ, сокинонаш барқро тақрибан надидаанд.

Дар ин баландкӯҳ меваву сабзваот намерӯяд. Хӯроки асосии мардум нон, картошка ва гӯшти гови кӯҳӣ мебошад. Говҳоро худашон парвариш мекунанд, аммо картошкаву орд аз Қирғизистони ҳамсоя ворид мешавад. Тафреҳе барои мардуми маҳаллӣ вуҷуд надорад ва онҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд — қисмате бештари вақти худро дар масоҷид мегузаронанд, қисмати дигар дар дӯкони пивофурӯшӣ.

Бо ҳамин ҳол, кӯдакони маҳаллӣ ҳангоми пешвозгирии Раисҷумҳур дар васфаш шеъру тарона хонданд ва ситоишаш карданд, ки пешрафту ободӣ овардааст. Албатта бо супориши Кумитаи давлатии амнияти миллӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони Бадахшон: шумо ба давлат чӣ додед?

Бояд қайд кард, ки аз камтраин ҳолатҳо буд, ки шунавандагон барои кафкӯбӣ баъди ин суханон ба по рост нашуданд.

Дар суханронии худ раисҷумҳури Тоҷикистон ба рӯҳониёни маҳаллӣ муроҷиъат кард ва гуфт, ки ҳеҷ нафаре набояд худро болотар аз дигарон гузорад. Бо ин ӯ ба рӯҳониён гӯшзад кард, ки халифаҳо дар тарбияи ҷинояткорон саҳлангорӣ мекунанд.

Дар як шаҳри Хоруғ 2000 хизматчии давлатӣ, вале 5-6 ҷинояткорро ба тартиб дароварда наметавонанд. Ана фармон додам, ман ба ӯҳда мегирам. Лозим шавад, қувваҳои мусаллаҳро истифода кунед!” — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳур гуфт чанд сол аст, ки бо “ҷинояткорон” гуфтугӯ мекунад ва аз онҳо хоҳиз кардааст қонуншиканӣ накунанд. “Дар кадом давлати дунё қонун ба одамоне, ки ба фурӯши маводи мухаддир машғуланд, озодӣ додаст? Гӯед канӣ?” — суол гузошт ӯ.

Ӯ қайд кард, ки аз вуҷуди ҷинояткорон асосан аҳолии ВМКБ зарар мебинанд — ба вилоят сармоягузорон, сайёҳон ва ғайра намеоянд. “Дар ҳамин 27 сол ба давлат чӣ додед? Чор сарбозро барои қувваҳои мусаллаҳ таъмин карда наметавонед. Мана гап занед, чӣ додед ба давлат? Ман гӯшт гуфтам, шир гуфтам, мева гуфтам? Ягон чизи дигар талаб кардам? Баракс! Баракс!” — хитоб кард раисҷумҳур.  

Эмомалӣ Раҳмон илова кард: “ин қадар маблағе, ки барои пешрафти Хоруғ фиристодам, ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят нафиристодам. Ҳамин аст ҷавоб ба ғамхории давлат? Даҳ километр роҳ сохтам, мактаби президентӣ, беморхона ба технологияи нав таъмин аст. Вале чор ҷинояткор идора мекунанд. Канӣ адолат?”

Раисҷумҳур талаб кард дар вилоят волоияти қонун ҷорӣ карда шавад. “Дина аз як нафар 92 мушаки зиддитанкӣ гирифтанд? Барои чӣ? Зидди кӣ?“ — гуфт ӯ ва илова кард, афроди ҷиноятпеша асосан дар Хоруғ ҷамъ омадаанд.

Ба ифтихори раҳбари давлат дар Хоруғ паради ҳарбӣ доир шуд, ки дар он техникаи ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд. Дертар маълум шуд ин техника чаро ба Хоруғ оварда шудааст: Тамоми қуввае, ки ҳаст, меистад, ба тартиб дароред, баъд баромада равад! — амр кард раисҷумҳур.   

Чаро шоҳзода Карим Оғохон ба Тоҷикистон намеояд?

Пайравони мазҳаби исмоилия дар Тоҷикистон ҳудуди  300 зазор гуфта мешавад. Вале Имом бори охир соли 2011 ба Тоҷикистон омада буд, ки меҳмонхонаи серенаро ифтитоҳ кард ва санги асоси сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказиро, ки мавқеъи байналмиллалӣ дорад, гузошт. Ҳамон вақт пешвои исмоилиён ва раисҷумҳури Тоҷикистон мувофиқа карданд якҷои ин донишгоҳро ифтитоҳ кунанд.

Вале соли 2012 ҳукумат сокинони вилоятро ба пинҳон крадани ҷинояткорон муттаҳам кард ва соати 4-и субҳи (!) 24 июл бо баҳонаи азбайнбарии гурӯҳҳои ғайриқонунии ҷиноӣ, амалиёти махсусро роҳандозӣ кард. Мақомот ният доштанд чор пешвои ғайрирасмӣ — Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров Толиб Айембеков, Ёдгоршо Мамадасламов, Имомназар Имомназаровро аз байн баранд. Дертар Имомназар Имомназаров дар хонаи худаш кушта шуд.

Тирандозӣ ба шаҳре, ки байни кӯҳҳо қарор дорад, аз баландӣ оғоз шуд, ки амалан маънии қатли дастаҷамъии сокинони маҳаллиро дорад. Вале сокинони Бадахшон муқобилияти хубе нишон доданд, ки Эмомалӣ Раҳмонро маҷбур ба эълони оташбас кард. Дертар ӯ аз пешвоёни маҳаллӣ хост яроқҳояшонро ба давлат супоранд.

Вале мардуми вилоят ба раисҷумҳуре, ки болояшон лашкар кашид бовар надоштанд. Бинобар ин ҳукумат маҷбур шуд ба пешвои исмоилиён шоҳзода Карим Оғохон барои кӯмак муроҷиъат кунад. Муроҷиати Оғохон ба мардум оиди оштӣ бо ҳукумат бошад, боис шуд аз як хунрезии дигар дар кишвар ҷилавгирӣ шавад ва пешвоёни маҳаллӣ бо даъвати Оғохон силоҳҳояшонро ба замин гузоштанд.

Итоати мардуми Бадахшон аз имомашон дар ҳоле, ки алайҳи артиши Эмомалӣ Раҳмон қиёми густардае намуда буданд, боиси рашки дигари ӯ гардид ва дар чеҳраи Карим Оғохон рақиби худро дид.

Аз ҳамон замон шоҳзода дигар ба  Тоҷикистон наомад. Сабабаш набудани хоҳиши худи ӯст ё мақомоти Тоҷикистон, маълум нест. Вале барои омадан ба Тоҷикистон имоми исмоилиён ниёз ба даъватнома дорад. Ӯ барои ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) ҳам наомад, ҳарчанд дар ифтитоҳи чунин Донишгоҳ дар Қирғизистону Қазоқистон шахсан ширкат дошт.    

Тибқи иттилоъи дарёфткардаи “Паём” бахши аввали донишгоҳ ҳанӯз соли 2017 сохта шуда, донишҷӯёнро қабул карда буд. Вале Вазорати маориф бо вуҷуди таҳсили донишҷӯён, иҷозати расмии фаъолиятро надода буд.

Баҳси асосӣ байни ДОМ ва Вазорати маориф ва илм сафари шоҳзода Карим Оғохон буд. Вазорати маориф пофишорӣ мекард, ки Донишгоҳро бояд Эмомалӣ Раҳмон ба танҳоӣ боз кунад, вале ҷониби дуюм ба ширктаи шоҳзода таъкид мекард. Баҳсҳо як сол идома карданд ва билохира ДОМ розӣ шуд худбузургбинии Раҳмон амалӣ шавад ва ӯ донишгоҳро ба танҳоӣ ифтитоҳ кунад. То шарафи он бо каси дигаре тақсим нашавад.

Аммо сафари Оғохон ба Тоҷикистон метавонист дар муносибати байни мардуми маҳаллӣ ва ҳукумат, ки баъди ҳодисаи моҳи июли соли 2012 сард шуда буд, гармие ворид созад. Вале зоҳиран Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи барқароркунии муносибати хуб о мардумашро надорад.

Ҳадаф баанҷомрасонии амалиётест, ки соли 2012 оғоз шудааст?

Инак изҳороти Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки ӯ мехоҳад ба даргирие, ки соли 2012 оғоз шуда буд, нуқта гузорад.

Алим Шерзамонов, раиси Шӯрои иҷроияи Анҷумани озодандешони Тоҷикистон дар як суханрониаш дар нишасти САҲА дар Варшава гуфт, вазъи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон муташанниҷ аст. Ӯ тасреҳ кард, “ду ҳафтаи охир дар Хоруғ саркӯби саросарӣ ҷараён дорад. Кумита давлатии амнияти миллӣ талаб дорад, ки мардум 32 нафарро таслим диҳанд. Байни ин 32 нафар онҳое ҳастанд, ки имкони ба хотирашон сар задани ошӯбҳои бузург имкон дорад”.

Шарофиддин Гадоев изҳор кард, ки аз манбаъаш дар КДАМ маълумоте дарёфт кардааст, ки ин ниҳод мехоҳад амалиёти густардаи низомӣ дар Бадахшон роҳандозӣ кунад. Ӯ гуфт мақомот ҳадаф доранд 8 нафар аз ҷумла  Маҳмадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айембекова, Хурсанд ва Мунавварро нобуд ё дастгир кунанд.

Суоли матраҳ ин аст, ки амалиёт кай оғоз мешавад?

Гадоев мегӯяд тибқи иттилоъи манбаъаш он бояд баъди баанҷомрасии нишасти САҲА оғоз гардад. Фармони раисҷумҳур мабнӣ бар ин ки техникаи ҳарбӣ ва нерӯҳои мусаллаҳ танҳо баъди “аз байн бурдани ҷинояткорӣ” тарки Хоруғ кунанд, ин фарзияро тасдиқ мекунад.

Бо ин таҳдидҳо Эмомалӣ Раҳмон аз сокинони ВМКБ тобеъияти бидуни қайду шартро мехоҳад. Бе миёнаравҳо — хоҳ пешвоёни ғайрирасмии маҳаллӣ бошанд, хоҳ шоҳзода Карим Оғохони IV.   

Помир чун тифли ятим

Дар гурӯҳи фейсбукии Помир.Нюс сокинони минтақа назари худро оиди ҳаводиси охир баён мекунанд. Мастоншо Давлатшоев, як корбари фейсбук мегӯяд, ки Помир чун тифли ятим аст. Ба гуфтаи ӯ сабаби асосии ҷинояткорӣ дар Хоруғ бекорист.  

“Роҳи Дарвоз — Хоруғ — Мурғоб. Ин роҳ аз замони ба истиқлолият расидани Тоҷикистон боре ҳам рӯи таъмирро надидааст, дар ҳоле, ки дар ин замон дар Данғара ду нақб роҳҳои Душанбе — Чаноқ, Душанбе — Регар, Душанбе — Бохтар (бори дуввум таъмири кулл мекунанд), Душанбе — Ғарм — Ҷиргатол, Душанбе — Панҷакент ва роҳҳои оҳане, ки ба касе лозим нест — Душанбе- Ёвон ва Қӯрғонтеппа — Кӯлобро сохтанд. Роҳи мо аз рӯи муҳиммияти стротежӣ дар ҷои аввал меистад, чун тамоми маҳсулот барои Роғун ва НБО-ҳои дигар ва инчунин барои тамоми иқтисоди Тоҷикистон бо ҳамин роҳ кашонида мешавад.  

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *