Вуруди гурӯҳи муштараки таҳқиқотӣ ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул
Гурӯҳи муштараки таҳқиқотии Туркия ва Арабистон дар робита бо парвандаи Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигор ва сутуннависи “Вашингтон Пост” вориди консулгарии ин кишвар дар Истамбул шуданд.
Онҳо бо 4 худрави ғайринизомӣ аз монеъаҳои атрофи маҳалли консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул убур карда ва дар ҳоле, ки парвандаҳо ва мадорике дар даст доштанд, вориди сохтмон шуданд. Бад-ин тартиб кофтуков ва таҳқиқот дар дохил консулгарӣ оғоз шуд.
Гуфтанӣ аст, Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори аҳли Арабистони Саудӣ, сардабири собиқи рӯзномаи “Ал-Ватан” ва сутуннависи “Вашингтон Пост” рӯзи дуввуми моҳи октябри ҷорӣ ба манзури анҷоми умури расмие вориди консулгарии ин кишвар дар Истамбул шуд ва аз он таърих ба баъд ҳеҷ хабаре аз вай нашудааст.
Мақомоти туркӣ дертар гуфтанд далоиле дар даст доранд, ки Хошуқчӣ дар дохили консулгарии Арабистони Саудӣ ба қатл расидааст.
Ин қазия вокуниши шадиде дар расонаҳои ҷаҳон дошт. Амрико эълон кард агар қатли рӯзноманигор собит шавад, таҳримҳое алайҳи Арабистони Саудӣ ҷорӣ хоҳад кард, вале баъдтар Доналд Трамп гуфт ба умури дохилии ин кишвар дахолат нахоҳад кард.
Имрӯз раисҷумҳури ИМА зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор кард «омилони ин ҳодиса мумкин аст қотилони худсар бошанд”.
Трамп ҳамчунин бо баёни ин ки имрӯз субҳ бо малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ телефонӣ гуфтугӯ кардааст, изҳор дошт:
“Ӯ мегӯяд аз вазъияти Хошуқҷӣ иттилое надорад. Майк Помпео, вазир умури хориҷаи Амрикоро барои пайгирии ин парванда ба Арабистони Саудӣ мефиристам. Помпео дар сурати лузум метавонад ба Туркия ҳам биравад. Малик Салмон воқеъан аз сарнавишти Хошуқҷӣ иттилоъ надорад. Намехоҳам зеҳни ӯро бихонам, вале ба назар мерасад, ки мумкин аст омилони ин ҳодиса қотилони худсар бошанд. Кӣ медонад? Мекӯшем то охир ин қазияро пайгирӣ кунем”.