Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон “Тоҷик Эйр”, ки рӯзҳои сахтеро аз сар мегузаронад, ҳавопаймои Bombardier CRJ-200-и конодоӣ харидорӣ кардааст ва ният дорад парки чунин ҳавопайҳоро ба 4 адад расонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки сухан аз хусусигардонии ин ширкат меравад.
Ширкати “Тоҷик Эйр” бо вуҷуди кӯшишҳои зиёди давлат, ҳамеша зараровар буда, аммо даҳҳо нафарро миллионер кардааст. Ин ширкат чанд узви Оила ва нафарони наздик ба он мебошад ва мисли “Барқи Тоҷик” қарзаш сол то сол афзоиш меёбад. Борҳо давлат аз ҳисоби буҷа, яъне андози мардум ба ин ширкат кӯмак кардааст, вале ин кӯмакҳо ҳам асосан ба кисаи шахсони алоҳида рафтаанд.
25 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҶСК “Тоҷик Эйр” муаррифии ҳавопаймои Bombardier CRJ–200-и истеҳсоли Канадаро дар ҳузури масъулини гуногуни соҳаи ҳавонавардӣ, меҳмонон ва намояндагони ВАО баргузор кард. Раҳбари кулли “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов зимни муаррифии ин ҳавопаймо гуфт, ширкат ният дорад 4 ҳавопаймои дигари Bombardier харидорӣ кунад.
“Мо нақша дорем, ки ҳавопаймои дуюмро то соли нав харидорӣ кунем. Ду адад ҳавопаймои дигар дар соли 2019 харидорӣ карда мешаванд. Яъне ҶСК “Тоҷик Эйр” парки ҳавопаймоиашро бо ду ададҳавопаймои Bombardier CRJ-200 ва ду адад ҳавопаймои Bombardier CRJ-900 пурра менамояд”, гуфт ӯ.
Bombardier ҳавопаймои кӯчаке аст, ки 50 мусофир мегирад ва тӯли парвозаш ҳам зиёд нест. Бо ин ҳавопаймоҳо имкони парвоз ба шаҳрҳои Русия бидуни нишасти транзитӣ имкон надорад. Ба назар мерасад, “Тоҷик Эйр” бозори сердаромади парвозҳо ба Русияро ба “Сомонэйр” вогузор намуда, ба парвозҳои кӯтоҳ машғул шуданист. Яъне ба кишварҳои ҳамсоя.
Масъулони соҳа, ки Паём дар бораашон зери сарлавҳаи таҳқиқоте нашр карда буд, ҳамеша бо супориши молики асосии “Сомонэйр” — Ҳасан Асадуллозода кӯшидаанд хатсайрҳои сердаромад моли “Сомонэйр” бошад. Ва муваффақ ҳам шудаанд. Ҳоло ба назар мерасад “Тоҷик Эйр” ҳам ба ин воқеъият тан додааст ва бозорро ба ширкати Ҳасан Асадуллозода вогузор мекунад.
Маълум аст, ки даромади “Тоҷик Эйр” тавассути комиссия аз фурӯши билет (12%) пурра Таҳмина Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон меравад, аммо ӯ танҳо фурӯши билетҳоро монополия кардааст ва ба умури ширкат камтар дахолат мекунад.
Масъулини “Тоҷик Эйр” иттилоъе дар бораи нархи ин ҳавопаймоҳо ва муҳимтар аз он — аз куҷо пайдо кардани маблағи хариди он пахш накардаанд. Дар ҳоле, ки ширкат садҳо миллион қарздор аст, аз куҷо маблағ пайдо кардааст то 4 тайёра бихарад?
Тайёраи навхаридаи ширкат, ки соли бароришаш 2003 аст, дар бозор ҳудуди 10-12 миллион доллар қимат дорад. Агар 3 тайёраи дигаре, ки нияти хариданашро доранд, дар ҳамин шакл бошанд, ширкат ба 40-50 миллион доллар ниёз дорад. Фаразан ин тайёраҳо бо лизинг гирифта мешаванд, вале бо дарназардошти ин ки ширкат бе он ҳам даҳҳо миллион доллар қарздор аст, пули ин ҳавопаймоҳоро чӣ гуна мехоҳад пардохт кунад?
Дар ҳамин ҳол, вақтҳои охир ҳарфҳо дар бораи хусусигардонии ширкат бештар шудаанд. Хусусгардонӣ ва хариди тайёраҳои нав оё рабте ба ҳамдигар доранд?
Барои дарёфти посух ба ин суол, бояд ба 7 сол ақаб баргардем. Хонандаи гиромӣ ҳатман маъракаи ҷамъоварии маблағ барои сохтмони Роғун аз аҳолиро ба хотир дорад. Ин маърака бо як шӯре оғоз шуд, ҳамаро саҳими “сохтмони аср” кард ва якбора хомӯш шуд. Ҳарчанд мақомот аз фоидаи зиёди саҳмияҳои Роғун мегуфтанд, шабонарӯзӣ онро таблиғ мекарданд ва аз мардум даъват мекарданд “ихтиёран” саҳмия бихаранд, рӯзе ногаҳон ин маърака тамом шуд. На танҳо маҷбуркунӣ ба хариди саҳмия, ки як моҳ ҷараён дошт ва то боғчаи кӯдакон ҳам рафта буд тамом шуд, балки таблиғу даъват ба хариди саҳмия ҳам ба итмом расид. Аз он рӯз боре ҳам мақомот ба хариди саҳмияҳои Роғун касеро аз сокинони кишварро даъват накарданд.
Маърака дақиқан замоне ҷамъбаст гардид, ки 186 миллион доллар ҷамъ шуд. Як моҳ пас, ширкати ҳавопаймоии “Сомонэйр” эълон кард ду тайёраи нав харидааст. Нархи ҳар тайёра 93 миллион доллар ва қимати ҳардуяш ба 186 миллион доллар баробар буд. Бо гузашти 7 сол ягон саҳҳоми Роғун, ки саҳмия дар кунҷи сандуқаш хобидааст, ҳисоботе дар бораи ба куҷо масраф шудани маблағи саҳмияаш дастрас накардааст.
Инак навбат ба “Тоҷик Эйр” расидааст. Албатта ин дафъа маъракаи саҳмияфурӯшӣ роҳандозӣ нахоҳад шуд, чун маблағ чандон бузург нест. 40-50 миллион долларро мешавад аз буҷа пардохт кард. Аммо чаро бояд аз буҷа барои ширкате, ки ҳамеша зараровар аст, бояд ба ин қадар маблағ ҳавопаймо харидорӣ шавад?
Посухи ин суол ҳам чандон мушкил нест. Қарор аст “Тоҷик Эйр” ба зудӣ хусусӣ гардад, аммо ширкати бетайёра ба касе лозим нест. Бояд ҳади ақал 2-3 тайёраи солим дошта бошад, то маълум гардад ширкати ҳавопаймоӣ аст.
Абтатта харидани тайёра барои ширкате, ки муфлис асту бояд фурӯхта шавад маъние надорад, агар харидор барои кишвар, аниқтараш раҳбари он маънӣ надошта бошад. Вақте харидор домод аст, мол бояд босифат, арзон (хонда шавад бепул) ва фоидаовар бошад. Дар мисоли “Тоҷик Эйр” ин чунин маънӣ дорад: ширкат ҳавопаймо дорад, аммо қарздор аст ва қарзаш аз қимати худаш бамаротиб бештар.
Чунин ширкатро албатта касе бепул ҳам намегирад. Ба ҷуз, масалан соҳибкори ватандӯст ва дилсӯз Зариф Давлатов. Ӯ ба ҷуз ин ки соҳибкор аст, домоди раисҷумҳур ҳам ҳаст. Яъне узви Оилаи ватандӯст. Ё ҳар домод ё писари дигар. Писари хурдии раисҷумҳур Сомон низ бузург шудааст ва бояд вориди бизнес шавад. Барои марҳалаи аввал як ширкати ҳавопаймоӣ тӯҳфаи бад нест.
Аммо масъалаи қарзи “Тоҷик эйр”: чун касе ҷуз домод ё писари ҷанобашон ҳозир нашуд ширкати муфлисро бихарад, давлати Тоҷикистон тамоми қарзҳои онро назди фурӯдгоҳҳои Тоҷикистону хориҷ, Кумитаи андоз, Ширкати сӯзишворирасон ва ғайра ба дӯш мегирад.
Тибқи иттилоъи манбаъ, ҳатто номи ширкати нави кӯҳна интихоб шудааст — “Ватан Эйр”. Боз шумо дар ватандӯст будани Оила шубҳа мекунед.