Қаблан Паём дар бораи, и 35-сола, шаҳрванди Тоҷикистон ва зодаи шаҳри Панҷакент иттилоъ дода буд, ки ҳудуди як сол дар Укроин иқомат дошт, бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудааст. Ва ба ӯ истирдод таҳдид мекард.
Дирӯз панҷуми сентябр дар шаҳри Киев, дар мурофиаи судӣ масъалаи истирдоди ӯ баррасӣ шуд ва тибқи гуфтаи вакили дифои Ҳисомов, аз ҳуҷҷатҳо ва далелҳои ирсолнамудаи мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Хисомов суд қонеъ нашуд.
Мақомоти Тоҷикистон Ҳисомовро бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – 307 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ) ва 401 (Зархаридӣ) муттаҳам мекунанд ва дар пайгард қарор додаанд.
Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, дар парвандае, ки мақомоти Тоҷикистон ба мақомоти Укроин фиристодаанд, Ҳисомовро ба ширкат дар ҷангҳои Ховари Миёна муттаҳам мекунанд. Дар парванда ҳамчунин омадааст, ки Алиакбар мадрасаи Олим-додхоҳи шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи Ал-Азҳари Мисрро хатм кардааст.
Аммо рӯзноманигор Бобораҷаб Холов (Муҳамадраҷаби Шоҳим), аз хешовандони Ҳисомов мегӯяд, тамоми ваҷҳҳои дар парванда овардашуда тӯҳмат аст. Ӯ ба Паём гуфт Алиакбар як соат ҳам дар қаламрави Сурияву Ироқу Афгонистон набуд. Ӯ солҳо дар Русия муҳоҷири мехнатӣ буд. Мисру Туркия фақат барои дидании ман омада буд. Баъд, соли 2017 ба Туркия барои кор омада, бинобар пайдо нашудани кори хуб, соли 2018 ба Украина рафт.
Жуков Вадим Викторович, Вакили дифоъи Ҳисомов мегӯяд, мурофиаи судӣ, ки дирӯз 5 сентябр шуда гузашт, суд ҳуҷҷатҳои талаби истирдоди Ҳисомов аз ҷониби мақомоти Тоҷикистонро дида баромад, аммо бинобар қонеъкунанда набудани ҳуҷҷату далелҳо суд талаб кард, ки парванда бозбинӣ шавад.
“Ҷониби Тоҷикстон ҳеҷ далеле, ки қоидаи талаби истирдод ба назар гирифтааст, ироа накардааст. Онҳо танҳо огоҳӣ фиристодаанд, ки нисбати ӯ дар Тоҷикистон парванда боз шудааст ва ӯ бояд бозпурсӣ шавад. Онҳо ба ҷуз ин ки ҳеҷ далеле ироа накардаанд, ҳатто қарори ҳеҷ додгоҳе ҳам дар бораи гунаҳкории ӯро пешниҳод насохтаанд” – гуфт Жуков.