11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

БА ХУНИ МАРДУМ ЗОМИН НАШАВ! (гуфтугӯ бо “пешвои миллат”)

Салом, додарам Эмомалӣ!

Танҳо барои он “додарам” мегӯям, ки аз ту калонтарам ва одати тоҷикӣ маҷбурам мекунад чунин номат барам. Вагарна, аз доштани чун ту додаре, рости, шармам меомад. Шояд Нуриддин аз доштани ту барин ука хеле шод буд, чунки дар як они воҳид аз тракторчии оддӣ ба “отдел кадр”-и ҷумҳурӣ табдил ёфту чапу рост ба мардум вазифа фурӯхт, миёни мардуми мансабдор нуфуз пайдо кард ва аз минтақаҳо ба ҳайси молик “андоз” ҷамъ меовард. Раиси онвақтаи вилояти Суғд Қосим Қосимов дар рӯзи мавлудаш калидҳои чойхонаи дуошёнаи кандакориро бо заправкаи боҳашамат дар сари кӯчаат дар ноҳияи Данғара тақдимаш кард.

Раҳматии “тракторчӣ” ҳамеша серкор буду, дар Рашт ҳангоми ҷамъоварии доля пас аз хӯрдани қурутоби серравған дилзанак шуда ҳалок гашт. Ба гуфти духтури шахсиаш ӯ дар ин ҳолат дар мошин ҳамроҳаш буду барои наҷоташ коре карда натавонист. Бечора аз тарси ҷазои ту чанд рӯз дилзанак буд. Зато қассобони бозори Данғара рӯзи ҷанозаи Нуриддин хеле хушҳол шуданд! Аз он не, ки Нуриддин мурд. Худо нигоҳ дорад! Аз он, ки домкомҳои ҳар кӯчаи шаҳраки Данғара он рӯз барои сартахтагии Нуриддин яктогӣ буққа куштанд. Танзим? Намедонам ин қонуни баровардаат барои туву авлодат чӣ қадар дахл дошта бошад… 

Хуб, масъалаи “додар”-ро як тараф гузорем…

Дирӯз аз ягона ВАО-и мустақил дар дохили Тоҷикистон “Азия Плюс” хабари и солмандро дар Душанбе, дар маркази саломатии шаҳрии рақами 1 (Якум Советский) хондаму хунҷигар шудам. Боз ҳамаашон аз пневмония ва боз тестҳо нишон додаанд, ки ягонтояшон аз коронавирус не. Чӣ бало пневмонияи ба коронавирус монанди марговар аст, ки солмандону нафарони имунитеташон сустро ба коми худ мекашад? Ба ҳисоби ман ин аллакай дувоздаҳумин марги тааҷубангез дар давоми ду ҳафтаи охир аст: Суғд (4-то), Хатлон (2-то) ва Душанбе (6-то). Воҳимаангез аст, ки якбора маргҳои гурӯҳӣ (чор нафар дар як рӯз) ва аз як беморхона сар шуданд. Аз рӯи маълумоти ин хабаргузорӣ фавтидагон аз 60 то 73 сол доштанд ва дар ҳамин беморхона 155 нафар бо ҳамин диагноз бистарӣ шудаву айни ҳол 114 нафарашон табобат гирифта истодаанд. Вазорати тандурустӣ аҳволи се нафари дигарро ниҳоят вазнин арзёбӣ кардааст.  

Ҳамааш аз Суғд сар шуд. Пас аз маршировкаҳои ҳазор-ҳазорнафарӣ дар стадионҳо, барои пешвози ту, додари наҳсам. Дар авҷи коронавирус дар ҳамсоякишварҳои ҳамсарҳад. Албатта ҳоло, дуруғросткунҳоят ҳама гуноҳро ба сафарҳои кардаву накардаи он худораҳматиҳо бор мекунанд. Бигӯед, дигар зинда нестанд, ки инро тасдиқ ва ё рад кунанд. Дар ҳама маҳфилҳо мардум пичир-пичиркунон туро гунаҳкор медонанду аз тарс касе ҷуръат надорад рӯирост бигӯядат.

Майлаш, мардуми қаторӣ дар давоми даҳсолаҳои даҳшатафканият лаппак шудаанд. Вале магар касе аз вазирону сардухтурҳои серу шикамдамат намегӯяд, ки “Аз дуруғгӯӣ монда шудем. Бас! Акнун мардумро хабар кардан даркор то аз эҳтиёт кор бигиранд!” Наход худо инсофашонро ин қадар гирифта бошад? Наход фикр накунанд, ки рафту дар ҷангал сӯхтор ба амал ояд, ба домани онҳову оилаҳояшон низ часпиданаш мумкин аст? Ҳамаамон дар як киштием-ку! Хайр, ту имкон дориву бо вертолёти шахсиат аҳли оилаатро гирифта ба ҷазираҳои Вирҷиния мегурезӣ! Ин бадбахтҳо фардо ба рӯи мардум чи тавр нигоҳ мекарда бошанд? Магар мешавад офтобро бо доман пӯшид? Вале, ту ҳоло девонавор кӯшиш дорӣ онро пӯшонӣ. Намедонам чӣ қадар домани васеъ дошта бошӣ.

Вале, тахмин мекунам, ки замоне ман ин мактубро менависам, ту чун мӯй дар оташ печида истодаиву намедонӣ аз калобаи танидаат чи гуна барои. Бо кадом ақлу заковати вазирони бо пулу хешутаборӣ мансабҳоро харидаат метавонӣ пеши ин маргумири ногаҳониро бигирӣ? Ё ҳаёти инсонҳои қаторӣ бароят қадре надорад? Ҳайронам, ки чаро ин саволро ба ту медиҳам? 

  • Ба туе, ки марги як аскарро ҳангоми хизмат дар сафи артишат 1700 сомонӣ ҷуброн мекунӣ? 
  • Ба туе, ки барои куштани 3 ҷавон дар садамаи автомобилӣ аз ҷониби писари ноболиғи Амони Калуш ҳамсарашро ҳамагӣ 120 сомонӣ ҷарима кардӣ? 
  • Ба туе, ки барои сафедкунии сиёсатҳои сиёҳат ҷавонони навхатро бо иттиҳоми террористиву экстремистӣ ба зиндон бурдаву сипас барои тарсондани чашми мардум бераҳмона мекушиашон? 
  • Ба туе, ки кормандони бехатариат нафарони куштаатро дар маҳбаси Хуҷанд барои рӯпӯш кардани изашон бе он ки ба волидонашон нишон бидиҳанд, гурониданд?

Намедонам кадомашро бигӯям…   

Ва, почерки туро акнун душвор нест хондан. Бадбахтона, ту бо фаҳмиши гӯсолабониат гумон мекунӣ, ки дар пинҳонкорӣ таҷрибадорӣ. Вақте дар соли 2018 дар ҳабсхонаи Хуҷанд наздики 50 касро бо баҳонаи “сарзании исён” кушти, вазифадоронат давоми ду ҳафта ба лаб кулӯх молида, ба мардум аз ин бадбахтии миллӣ чизе нагуфтанд, то ин ки “ҷашни кушодани агрегати аввали Роғун”-ро, ки аслан ҷашни ту буд, халалдор накунанд. Ин дафъа ҳам бо ҷашни сархӯрат дар Наврӯзи Хуҷанд ба сари мардуми бечора бало овардӣ. Акнун дар калобаи танидаат худат низ печидаӣ. Ва, афсус, ки мардуми содаи тоҷик ҳам. Муҳоҷироне дар гӯшаҳои Россия хору зору бесоҳиб мондаанд, қисме аз “пинҳонкори”-и мансабдоронат ва итоаткории ғуломонаашон ба ин маризии маргбор гирифтор шудаву акнун гурӯҳ-гурӯҳ мемиранд. Новобаста аз ҳама, дигар касе ба “роҳбарии хирадмандона”-и ту такя намекунад. Ҳарчанд, ки ту дар ҳар қадамат аз худобехабариву динситезиат дарак медиҳӣ, мардумат ба Худои Таъоло рӯ овардаанд. Бин, ки шоирони халқӣ Фарзонаву Озарахш дар шеърҳояшон аз туи “пешво” неву аз роҳбари воқеии худ паноҳ меҷӯянд.  

Ба чунин рафтори “оқилона”-и ту дар ин рӯзҳои ҳассос мардуми олам бо ҳайрат менигаранд ва дар баробари чунин диктатураҳои дилбеҳузуркунандае чун Кореяи Шимолӣ ва Туркманистон мегузорандат. Олими тоҷики маскуни Аврупо Ҳафиз Бобоёров дар саҳифаи фейсбукиаш и коронавирусро аз ҷониби ҳукуматати ту (хонда шавад “гурӯҳи ғоратгарат”) эҳтимолан чунин маънидод мекунад:

1) Эътирофи вуҷуди короно ва корбурди чораҳои зарурӣ метавонист раванди шаклгирии ҳукумати хонаводагиро халалдор гардонад, ки бо таъйини Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси Миллӣ идома ёфт;

2) Вуҷуд надоштани коронавирус хизмати истисноии Эмомалӣ Раҳмонро дар пешгирии коронавирус бояд нишон диҳад ва ҳамин гуна, ӯро чун наҷотдиҳанда вориди интихоботи президентӣ созад;

3) Эътирофи коронавирус, пеш аз ҳама, Президентро ба бемасъулиятӣ айбдор мекунад, ки вуҷуд ва ё хатари паҳншавии ин маразро сарфи назар ва ҷашну ҷамъомадҳои пуршукӯҳ баргузор кард; 

4) Бо радди вуҷуди коронавирус ҳукумат масъулиятро ба гардан намегирад, агар зарурати карантини саросарӣ бошад. Дар сурати вуҷуди ин беморӣ коргоҳҳо бояд баста шаванд ва давлат маоши зиндагии мардумро таъмин намояд; муҳоҷирон ва дигар ҳамватанони дар хориҷ дармондаро ба ватан баргардонад; 

5) Мақомоти ҳукуматӣ умедвор аст, ки коронавирус ба зудӣ ва бо талафоти кам сипарӣ мешавад. 

Як шоҳиди бевосита нақл кард, ки вақте бозори Ҳоҷи Шарифро (моликияти домодат Муҳаммадзоир Соҳибов) дар Қурғонтеппа кушодӣ, дар намоишгоҳи ба пешвозат ташкилкарда “ташкилкунандагонат” аз ҳисоби кадом бизнесмени хонасӯхта як буққаи панҷсолаи яктоннаро оварданду пас аз анҷоми чорабинӣ онро кушта бо як мошини Опели сафеди караван рост ба хонаат дар Душанбе равон карданд. Дар даромадгоҳи хонаат хизматгоронат мошинро аз дасти ронанда гирифта худашон онро дар дарун холӣ кардаву бароварда додаанд.

Бо як тракторчӣ аз як ноҳияи атрофи Душанбе дар маъракае тасодуфан вохӯрдам ки гуфт: “Барои КЖКП кор мекардаму мусори хонаи Ҷанобро мекашондам. Дар партовгоҳе, ки онро холӣ мекардам, мардуми бисёре аз барвақтӣ интизорӣ кашида, баробари ахлотро холӣ карданам дарҳол ба чустуҷӯи хурокҳои пасмонда медаромаданд. Баъзан ронҳои сиҳат, колбасаҳои мӯлаташон нагузашта, пачкаҳои шоколад ёфта, хурсанд мешуданд”. Албатта, гумон мекунӣ, ки иммунитети аҳли оилаи ту бақувват асту вирус ба онҳо кора намекунад… Бидон, ки фарбеҳии зиёд ҳам пеши ин беморӣ хатарнок аст.  

Минбаъд вақте қасам мехӯрӣ, “ба ҷони чанд миллион мардуми тоҷик” қасам нахур. Чун ҳарвақтаат ба хуни мардум зомин нашав то бо касамшиканиву ваъдахилофиат ба сарашон бадбахтӣ наорӣ. Вақте ин дафъа президент мешавӣ, беҳтараш ба сари Рустамбеку, Сомонбой қасам хур, ки дар ҳоли бумеранг ҷазо адресаташро пайдо кунад.

Худоё, золимонро шармандаву беобрӯ кун ва мардуми бегуноҳро дар паноҳат нигоҳ дор!      

Бо эҳтиром Исломиддин Садиров,

нафақахӯр, ветерани меҳнат   

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *