Ислоҳот дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, ки ба барканорсозии ду нафари калидии он — Соҷида Мирзо, мудири бахш ва Аббоси Ҷаводӣ, мудири барномаҳои Осиёи Марказии ин радио боис шуд, баҳсҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бр овардаанд.
Агар бештари коршиносону журналистон ва мухолифин ин ислоҳотро бо хушҳолӣ пазируфтанд, ду гурӯҳ на танҳо аз он истиқбол накарданд, балки бисёр ошуфта шуданд. Гурӯҳи аввал “фабрикаи ҷавоб” аст, ки аз осемасарӣ ҳар рӯ токтикашро иваз мекунад — гоҳе нишон доданӣ мешавад, ки аз барканории Соҷидаи Мирзо хушҳол аст, гоҳи бошиддат аз ӯ ҷонибдорӣ мекунад. Гурӯҳи дуввум тимест, ки бо номи “мухолифини мухолифин” машҳур шудааст. Ин гурӯҳ мехоҳад аз Соҷидаи Мирзо қаҳрамон созад ва ӯро қурбонии “фитнаҳо”-и мухолифин нишон доданӣ мешавад. Ҳатто даъво дорад, ки мухолифин коршиносони амрикоиро басиҷ кардаанд, то алайҳи Соҷидаи Мирзо даъво кунанд. Ва пои маҳалро ҳам ба ин баҳс кашидаанд.
Қаблан даъвоҳои ин гурӯҳ аз тарафи мухолифин нодида гирифта мешуд. Аммо ин навбат яке аз аъзои аршади ҲНИТ ва узви шӯрои Паймони Миллӣ Маҳмудҷон Файзраҳмонов ба онҳо посух гуфт. Посухе, ки бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто худи мухолифни қаторӣ мунтазираш буданд.
Ҳамчунин коршиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов ба ин даъвоҳо посухи мантиқие дод. Чун ин ду навишат ба бисёре аз даъвоҳои “мухолифини мухолифин” посух мегӯяд ва масоилеро ҳам равшан мекунад, Паём тасмим гирифт ҳардуи онро нашр кунад.
Ин ҳам навиштаи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, раҳбари департаменти равобити хориҷии ҲНИТ ва узви Шӯрои Паймони Миллӣ:
Фикр мекунам, тарзи масъалагузориатон чандон дуруст нест ва далелҳое ки овардед аксарашон дур аз воқеъият ҳастанд.
Дар умум, шумо пойи Ҳизби наҳзати исломиро ба ин масъала кашидед. Ман ки сухангӯи ҲНИТ будам ва бо журналистон ҳамкорӣ доштам, метавонам бигӯям, ки ин иддаои шумо дуруст нест. ҲНИТ агар интиқоде дар ин маврид дошт, ба худи журналистони Озодӣ эътирозашонро расонданд ва бо онҳо ба таври шаффоф назари худро гуфтанд ва ё эътирозе расмӣ навиштанд ва онро ҳечгоҳ расонаӣ накарданд. ҲНИТ ҳамчун як ҳизб рафтор кард ва мекунад.
Инки РО чандин матлаб оиди ҲНИТ-ро, ки шумо зикр кардед, нашр кард, ин бармегардад ба замоне ки аллакай таҳқиқоти дохилӣ дар РО шуруъ шуда буд. Мо ба худи кормандони РО мегуфтем ва ҳоло низ мегӯем, ки раҳбарияти бахши тоҷикии РО дар чор соли ахир (баъд аз бастани ҳизб дар сентябри 2015) нисбати ҲНИТ мавқеъи ноодилона дошт. Агар шакке доред, бахусус аз сентябри 2015 то сентябри 2018, ки се соли пурра мешавад, аз назар гузаронед ва аз рӯи инсоф баҳо диҳед. Дар ҳоле, ки дар ин се сол ҲНИТ ва раҳбараш мавриди ҳуҷуми шадиди мошини таблиғотии ҳукумат буданд. Инсофан, шуруъ аз миёнаи 2018 вазъият каме мусбат тағйир кард, он ҳам пас аз фишорҳо. Аммо дар умум ин чор сол ҲНИТ нодида гирифта шуд ва мо ҳам саъй кардем, ки дар ин муддат бо хунсардии комил ва эҳсоси масъулият рафтор кунем.
Агар мо мегуфтем, ки бахши тоҷикии РО, бахусус дар робита ба ҲНИТ, дур аз этикаи журналистӣ рафтор кардааст, қиёмат мешуд. Аммо ҳоло ки натоиҷи таҳқиқоти дохилии РО инро собит кард, бо вуҷуди ин бархеҳо мехоҳанд ҳамаи ин воқеъиятҳоро нодида бигиранд. Хоҳиш мекунам, як бор вожаи «ҲНИТ»-ро дар РО ҷусутуҷӯ кунед, худ бубинед, дар ҳоле ки ин се сол ҲНИТ ва раҳбараш ҳамеша мавриди ҳадаф буданд.
Аммо инки ҲНИТ мехоҳад РО-ро ба Паём.нет табдил бидиҳад, сад дар сад нодуруст аст ва ин як беэҳтиромӣ нисбати РО мебошад. ҲНИТ ҳамеша бо расонаҳо ҳирфаӣ рафтор кардааст ва мекунад ва танҳо хоҳони он аст, ки воқеъиятҳо ҳамон тавре ҳастанд, ҳамон тавр бозтоб ёбанд, на зиёд ва на кам.
Иддаои ин ки ҲНИТ агар тарафдори озодии баён мебуд, дар дохил мемонду мубориза мебурд, бемантиқ аст ва ниёз ба ҷавоб ҳам надорад.
Аммо оиди садамаи писари Муҳиддин Кабирӣ низ иштибоҳ кардед ва хоҳиш мекунам, ки як бор ба хабарҳои он рӯзгор муроҷиат кунед ва хоҳед, ки нисбати фарзанди ӯ чӣ корҳое накарданд. Шумо, ки худ як рӯзноманигор ҳастед, бояд вақоеъро ҳамон тавре ҳаст, ҳамон тавр ҷилва диҳед. Ба иттилоатон мерасонам, ки дар аввал ӯро сафед карданд, чун фамилияи ӯ дигар буд ва намедонистанд ки фарзанди кист. Пас аз фаҳмидан болотарин ҷазоро аз руйи он модда татбиқ карданд. Ӯ як сол ҳабси шартӣ ва 10 ҳазор доллар чарима шуд, илова бар гузарондани чандин моҳ дар СИЗО ва он ҳам дар бадтарин шароит. Ин болотарин ҷазо барои моддае аст ки алайҳи ӯ эьлон карданд. Агар шавад, як бор аз худи ӯ бипурсед ва фикр накунам, ки дар ҳаққи ӯ чизе ки гузашт ба ягон нафари дигари омили садама чунин шуда бошад. Ин камоли беинсофист.
Кашондани масъала ба таъассуботи маҳаллӣ (агар ӯ зодаи Бадахшон ё Зарафшон ё Файзобод мешуд) ва фарқиятҳои ҷинсӣ (наҳзатиҳо алайҳи як зан) бидуни матраҳ кардани ягон далели воқеъӣ худ суистифода аз ин табъизот мебошад.
Як хоҳиши дигар, ин навиштаи манро интиқоде бар интиқоди худатон қабул кунед. Бархеҳо, ки худро ҳимоятгари озодии баён мешуморанд, ҳар киро ва ҳар навъе ки хоҳанд интиқод мекунанд, вале вақте он тараф мехоҳад бо онҳо баҳс кунад, зуд он тарафро ҳукм мекунанд, ки интиқодпазир нестанд. Интиқод кардед, садратонро васеъ гиред ва ба дигарҳо низ ҳақ диҳед, ки назарашонро нисбати навиштаатон бигӯянд.”
******
Посухи коршинос Парвиз Муллоҷонов:
Номаи шумо чанд пахлуи ба ман шубханок дорад, аз он чумла:
Аслан, тафтишот аз соли 2014 аз тарафи худи роҳбарияти Озодӣ оғоз шуда буд. Инро хуб дар ёд дорам, чунки масъала дар як семинари журналистону коршиносон дар Бишкек бардошта шуд. Дар он вақт ба ман ҳам муроҷиат карданд, ки фикри худро баён кунам. Ман посух кардам, ки матлабҳои бахши тоҷикии Озодиро хеле кам мехонам, чунки забонашон (аз ҳад зиёд арабизада ва сохта – фикри шахсии ман) ба ман хуш намеояд ва ҳатто озурда мекунад. Азбаски кам мехонам, чизе дар бораи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфта наметавонам. Вазъияти дохилии бахши тоҷикиро шахсан намедонам, аз нозукиҳо бехабарам. Ба ҳамин сабабҳо номаи кушодро ҳам имзо накардам.
Дар он вақт ба ман гуфтанд, ки сабаби асосии тафтишот номаҳо ва муроҷиатҳои зиёд аз тарафи худи журналистони тоҷик мебошад – аз тарафи коркунони ин бахш ва аз даруни кишвар. Қариб даҳ сол боз менавиштанд. Лекин ташаббускори асосӣ як журналисти ғарбӣ буд, ки чанд сол дар ин радио кор мекард, ки коршиноси минтақа асту забони русиро хуб медонад – ба ҳар ҳол вазъиятро ба ман чунин шарҳ карданд.
Дар нисбати нақши коршиносон — ҳамаашонро мешиносам, аксарияташон олимони шинохта мебошанд, ки нуфузи назаррас дар илми тоҷикшиносӣ ва таърихи минтақа доранд. Бисёрашон забони тоҷикӣ ва русиро хуб медонанд ва матлабҳои Озодиро бо ҳарду забон хонда метавонанд. Ҳамаашон мавқеъи бетарафро ишғол менамоянд ва ҳам ба ҳукумат ва ҳам ба Наҳзат назари танқидӣ доранд. Наҳзат ба онҳо ҳеҷ таъсире карда наметавонист, наметавонад ва наметавон кард. Ҳозир мӯд шудаст, ки ҲНИТ-ро дар ҳар чиз гунаҳкор месозанд – фардо мегӯянд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳониро ҳам Кабирию Варқӣ ташкил карда буданд. Албатта равшан аст, ки ба бисёриҳо ҲНИТ хуш намеояд, лекин меъёру андоза нигоҳ доштан даркор, ки вокуниши баръакс пайдо нашавад.
Сипас дар бораи маҳалгароӣ – шубҳа дорам, ки Ҷон Хизершоу ва ё Эдвард Лемон гирифтори ин касалии тоза тоҷикона ҳастанд. Боварӣ дорам, ки касе аз онҳо то ҳол намедонад, ки Соҷидаи Мирзо аслан аз куҷо ҳаст. Ман, мисол, танҳо имрӯз бохабар шудам, ки вай аз Кӯлоб мебошад. То ҳол намедонам, ки Мирзо Салимпур ё Аюбзод аз куҷо ҳастанд ва донистан ҳам намехоҳам.