Пас аз Парвардигор бузургтарин ҳақ болои ҳар яки мо, ин ҳаққи падару модар мебошад. Дар шариат ранҷонидани волидон “оқ” маҳсуб мегардад. Вақте оиди эҳтиром ва итоати волидон суҳбат мекунем, ногуфта намонад, ки волидонро дар ҳама аҳвол итоат кардан хатост. Гоҳе мешавад, ки фарзанд ҳақ дорад, волидонро итоат накунад.
Дар ҷомеа хеле зиёд мешунавем, ки фалони духтар розӣ набуд, аммо ӯро бо зӯрӣ ба шавҳар доданд. Падари фалони духтарашро берозигиаш ба писари хешовандаш ба шавҳар додааст. Духтар ҷавонеро ба ҳамсари интихоб кард, аммо падару модари духтар розӣ нашуданд. Модари духтар сабаб гашт, духтарро ба хостгори писандидааш надиҳанд. Ин гуна хабарҳо дар байни мардум хеле зиёд паҳн мешаванд.
Дар шариат духтаракро беризогии худаш ба шавҳар додан, ҷоиз нест. Ҳар духтаре, ки бо зӯрӣ ба шавҳар медиҳанд, ҳақ дорад ба қозӣ ба истилоҳи имрӯза ба суд муроҷиат карда, шикоят кунад.
Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси Бухорӣ ва Муслим мефармоянд:
لا تنكح البكر حتى تستأذن قالوا يا رسول الله كيف اذنها قال ان تسكت
Духтаронро то замоне, ки худашон иҷозат надоданд, ба шавҳар надиҳед.
Саҳобагон пурсиданд чӣ гуна аз духтарон иҷозат пурсем?
Паёмбар гуфтанд, иҷозати духтар сукуташ мебошад.
Ягон падару модаре ҳақ надорад, духтарро бо зӯрӣ, иҷоборан ба касе ба шавҳар диҳад. Духтар вақте ба балоғат расидааст ва ақли расо дорад, касе ҳақ надорад, ӯро барои шавҳар кардан, маҷбур созад.
Дар Сунани Насоӣ омадааст, ки Оиша уммул муъминин разияллоҳу анҳо мегӯянд: Боре духтараке ба назди ман даромад ва гуфт: Падарм маро бо бародарзодааш ба шавҳар дод, то ин ки молу мулкаш ба бародарзодааш мерос бимонад, аммо ман бо бародарзодаи падарам ба шавҳар баромаданро намехостам.
Ҳазрати Оиша мегӯянд: Ман ба духтарак гуфтам, каме биншин то Расулаллоҳ биёянд. Вақте Паёмбар омаданд, ман ба Паёмбар қиссаи духтаракро нақл кардам. Пёёмбар зуд нафареро фиристонданд, то падари духтаракро ба наздашон ҷеғ занад. Вақте падари духтарак ба назди Паёмбар омад, паёмбар дар назди падараш ба духтарак гуфтанд: Ту ҳақ дорӣ шавҳаре, ки падарат туро беиҷозаат ба ӯ дод, рад кунӣ, никоҳи беиҷозаат баста шударо вайрон кунӣ. Ту ихтиёр дорӣ бо шавҳаре, ки падарат бароят интихоб кард, зиндагӣ кунӣ ё ин ки аз ӯ ҷудо шавӣ. Духтарак пас аз шунидани ин сухан мегӯяд: Ман бо шавҳаре, ки падарам бароям интихоб кард, рози ҳастам. Фақат мехостам бидонам, оё занҳо ҳақ доранд барои худашон шавҳар интихоб кунанд ё на. (Оё падар ҳақ дорад, беиҷозаи духтараш ӯро ба касе ба шавҳар диҳад)
Дар ҷомеаи мо баъзе урфу одатҳое ҳастанд, ки комилан хилофи аҳкомҳои шариат, ҳатто меъёрҳои инсони ҳастанд. Агар синни духтар аз бисту ду ва ё бисту се гузарад, падару модар фикр мекунанд, дигар ин духтар ба шавҳар баромада наметавонад ва бояд ҳарчӣ зудтар ба шавҳар бидиҳанд. Духтарро ба ҳар касе, ки талабгор шуд, ба шавҳар медиҳанд, аз тарси он ки духтар то охири умр бешавҳар бимонад. Масалаи издивоҷ масалае, нест, ки хеле зуд тасмим гирифта шавад. Шахсияти домодро аз наздик нашинохта, духтарро ба шавҳар медиҳанд, боз ҳар боре, ки духтар аз зиндагиаш шикоят кард, тамоми хонавода ба духтар насиҳат мекунанд то ки сабр кунад… Хоҳарҳое ҳастанд, ки бист солу си сол зери шиканҷаи шавҳари майзадаву занбоз зиндагӣ мекунанд. Тамоми умри худро фидои як марди беинсофи гунаҳгор кардаанд.
Вақте аз онҳо мепурсед, чаро ин ҳама дарду ранҷро таҳаммул мекунӣ ва ё аслан чаро бо чунин мард издивоҷ карди?
Ҷавобе, ки аксаран ба гӯш мерасад: Ман аз ҳамсинфонам дертар ба шавҳар баромадам, мабодо тамоми умр бешавҳар намони гӯён волидонам маро ба ин мард ба шавҳарӣ дода буданд.
Вуҷуди як духтари ба булуғ расида, дар оила то чӣ андоза волидонро бадбахт месозад, барои чӣ он қадар шитоб дорем, духтар ҳарчӣ зудтар, ба кӣ бошад ҳам ба шавҳар барояд.
Албатта, дар синни ҳаждаву нуздаҳ ба шавҳар баромадани духтарак хеле хуб аст, худи Ислом амр мекунад, ҷавонҳо то тавон барвақттар издивоҷ кунанд. Аммо вақте бо тақдири Илоҳӣ духтар аз ҳамсинну солони худ дар издивоҷ ақиб монд, ӯро маҷбур карда ба ҳар касу нокас ба издивоҷ додан, бадтарин зулм дар ҳаққаш мебошад.
Баъзан дар хона волидон, махсусан падар он қадар сиёсати ғайритабӣ дорад, ки духтар наметавонад ягон хостаи худро бо падар дар миён гузорад. Дар хона танҳо гуфтаи падар иҷро мешавад, дигарон бояд итоат кунанд. Духтар аз кӯчаки медонад, ки ӯ барои чизе ҳаққи интихоб надорад ва ҳарчӣ падар тасмими мегирад, он қонун аст. Албатта падар сутуни хонадон аст, сардори хонаводаву масули аввали оила аст. Аммо ин нишондиҳандаи он нест, ки бояд дар ҳама умур бо фикри падар ҳама кор кунанд ва падар, ҳатто ҳақ дорад аз номи духтараш шавҳар интихоб кунад.
Ҳар як шахси ба балоғат расидаву оқилу соҳибихтиёр аст, духтар вақте ба синни издивоҷ расид ҳақ дорад, ба кӣ ба шавҳар баромадан ва ё набаромаданро интихоб кунад.
Ҳолатҳое мешавад, ки духтар барои худ шавҳар интихоб мекунад, аммо падар розӣ нест. Мувофиқи ақволи уламо дар чунин ҳолатҳо ба падар нигоҳ мекунем. Падар барои чӣ розӣ нест ва шахсияти падар кӣ аст, аз тарафи дигар шахсияти домоди духтар интихоб карда, кӣ аст ва чаро падар розӣ нест ба он шахс духтарашро ба шавҳар диҳад.
Агар падар шахси босаводу ботаҷриба бошад, масулияти падарии худро ба хуби иҷро кунад, ба хуби медонад, ки кадом шахс сазовори домоди духтараш буданро дорад. Вақте падар мебинад, ки домоди духтараш интихоб карда ҷавони дуруст ба назар намерасад, духтарашро бадбахт мекунад ва ё оилаи ҷавон шахсони номуносиб ҳастанд, падар ҳақ дорад, духтарашро аз издивоҷ кардан бо ин ҷавон манъ кунад. Дар ин ҳолат вақте ҷавон барои духтар номуносиб аст, духтар ҳақ надорад беиҷозаи падар ба шавҳар барояд, зеро Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯяд:
Ҳар зане ки беиҷозаи валиаш, ки албатта падар аввалин валӣ аст, ба шавҳар мебарояд, никоҳаш ботил аст.
Одатан дар синни понздаҳ ҳаждаҳ духтарон гумон мекунанд, чӣ барояшон хуб аст, чӣ бад аст, хеле хуб медонанд. Баъзан ҷавонеро ба хотири зебогиаш ва ё ба хотири обрӯе, ки дар байни ҷавонон дорад, дӯст медоранд, мехоҳанд ба он ҷавон ба шавҳар бароянд. Аммо падари духтар медонад, ки оилаи он ҷавон номуносиб аст, худи ҷавон ҳам шахси бемасулияте аст, ки ба ҷуз бадбахтӣ чизи дигаре ба сари духтар намеовард. Дар ин ҳолат падар ҳақ дорад, монеи издивоҷи духтараш гардад. Вале барои он ки духтарак падарашро душмани худ, сабаби бадбахтии худ нашуморад, падар бояд бо духтараш нишаста сӯҳбат кунад. Чаро намехоҳад духтараш бо ҷавони интихобкардаи худ издивоҷ кунад, сабаб дар чис,т ҳамаро ба духтараш фаҳмонад. Вақте падар беҳеҷ як сабабу баён хостгорҳои духтарашо рад мекунад, духтарак нисбати падар шубҳа пайдо мекунад.
Падари ҳаким шахсест, ки ғурурҳои падарии худро як сӯ гузошта, бо духтари бузурггаштаи худ сӯҳбатҳои самимона анҷом диҳад.
То ки духтар боварӣ дошта бошад, ки падараш ба ҷуз хайру салоҳ чизи дигаре барои духтар намехоҳад.
Мутассифона, ҳарчӣ духтар бузург мегардад, муносибаташ бо падар камтар мегардад, духтарҳо нисбат аз падар ба модар эътимоди зиёд доранд. Аммо дар мавзӯи интихоби шавҳар мардҳо мардҳоро беҳтар мешиносанд, падар нисбат ба модар хубтар медонад, ки кадом ҷавон лоиқи духтараш ҳаст. Сӯҳбатҳои ошкоронаи пур аз муҳаббати падарон бо духтарон сабаб мешавад, духтар обрӯи падари худро зери по накунад, падарро сардори сари худ неву некхоҳтарин марди дунё шуморад, ки ба ивази некиҳояш аз духтараш чизе намехоҳад.
Муслима Аҳмадӣ