Рубрики Хабарҳо

ҲУҚУҚИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ ДУХТАРОН

Вақте писар бузург мегардад, волидон оиди иқтисоди ӯ, аз куҷо ризқ ёфтану дар куҷо зистанаш хеле фикр мекунанд. Вақте ҳамсару фарзанддор гашт, падару модар талош мекунанд, барои ҳарчӣ зудтар сарпаноҳ доштанаш, кӯмак намоянд.

Аммо вақте духтар бузург мегардад, ба ҷуз хароҷоти тӯй ва каме ашёи хона чизи дигаре барояш дода намешавад. Ба маҳзи он, ки духтар шавҳар кард, дигар чизе  ва ё ҷое дар хонаи падар аз они ӯ нест. Хеле ва хеле кам хоҳаррне ҳам ҳастанд, ки соҳиби касб гашта ба шавҳар мебароянд.

Пас аз марги волидон низ тамоми мероси волидон  насиби писар мегардад.

Агар духтар соҳиби шавҳари хуб гашту бахт ба рӯяш хандид хушо ба ҳолаш. Аммо агар мабодо аз шавҳар ҷудо шуду  бадбахт гашт ба куҷо меравад? Аз кадом пасандоз барояш харҷ мекунад? Касе посух дода наметавонад.

Аллоҳ нисбати бандагонаш хеле раҳим аст, махсусан ба бонувон. Занҳо дар ислом соҳиби ҳуқуқҳое ҳастанд, ки асло дар дини дигар вуҷуд надорад.

Дур гаштани мо аз шариат ва ё бехабарии мо аз аҳкомҳои Илоҳӣ сабаб гаштаанд, то духтаронро аз тамоми ҳуқуқҳои молӣ маҳрум созем.

Ҳол он ки зани мусалмон ҳақ дорад, мисли мардҳо мерос гирад. Соҳиби молу тиҷорат бошад. Инчунин аз шавҳараш маҳр гирад.

Аллоҳ дар китобаш мегӯяд:

للرجال نصيب مما ترك الوالدان و الاقربون و للنساء نصيب مما ترك الوالدان و الاقربون

Барои мардҳо насибе аст аз амволе, ки волидону хешовандон мерос гузоштаанд. Инчунин барои занҳо насибе аст аз амволе, ки волидону хешовандон мерос гузоштаанд.(сураи Нисо ояти 7)

Дар ояти дигар Парвардигор мефармояд:

يوصيكم الله في اولادكم للذكر مثل حظ الانثيين

Аллоҳ шуморо оиди фарзандонатон насиҳат мекунад, пас аз марги волидон писарон бояд мисли ду духтар мерос гиранд. (сураи Нисо ояти 11)

Албатта мероси духтарон баробари мероси писарон нест. Духтар нисф баробари бародараш ба мерос ҳақ дорад, барои он, ки духтар ба ҷуз мероси волидон соҳиби маҳр низ мебошад. Инчунин тамоми сарфу хароҷоти хонавода ба души мард ҳаст, аз ин лиҳоз мероси бародар ду баробари хоҳаронаш мебошад.

Волидон, вақте духтар бузург мегардад, бояд як миқдор дороии худро хоси духтар гардонанд. Агар ҳавлии бузург доранд, ҳатман як дар хонаи худро ба духтарон бидиҳанд. Духтарак донад, ки агар мабодо ба сараш мушкили омад, ба куҷо меравад.

Вақте духтари Паёмбар Зайнаб  аз ҳамсари худ Абулос ҷудо шуду аз Макка ба Мадина омад. Ба назди падари худ Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва салллам омад. Паёмбари акрам дар канори хонаҳои ҳамсаронашон ба ҷигарбандашон Зайнаб хона сохтанд. То Зайнаби аз шавҳар ҷудо шуда, дар хонаи шахсии худ зиндагӣ кунад. Ба сари касе бори гарон нагардад.

Дар ҷомеаи имрӯза вақте шавҳар ҳамсарашро талоқ медиҳад, духтарак ба куҷо рафтанро намедонад. Агар ба хонаи падар равад, бародар бо ҳамсараш онҷо зиндагӣ доранд ва он хона акнун танҳо аз они онҳост. Касе ҳам мунтазири зани аз шавҳар баромада нест. Сарсону саргардон дар куча мемонад. Хеле хоҳаронеро ҳам бо чашми худ дидем ,ки дарёро ба хонаи падарӣ тарҷеҳ доданд, ба куҷо рафтанро надониста худро ба оғӯши рудҳо партофтанд.

Аз рӯзе, ки духтар каме бузург гашт, хусусан дар деҳот бузургони оила ва модар ҳамеша духтаракро огоҳ месозад, ки ба наздики  арӯс мешавад. Соҳиби хонаву дар мешавад. Модар мешавад. Бояд хидмати шавҳару хонадони шавҳарро ёд бигирад.

Оре, арӯс шудан, ҳамсар шудан аз амрҳои ҳатмист. Ҳар як зан бояд ҳамсар гардад, модар бошад. Аммо ҳамсар будану модар будан, осон нест. Духтарак пас аз шавҳар кардан, хоҳу нохоҳ дучори баъзе мушкилоҳо мегардад. Баробари духтаракро ба арӯс шудан, ташвиқ намудан, ҳатман ба донишомӯзиву соҳиби касби хуб гаштан низ ташвиқ намоед. Албатта дар Тоҷикистон на ҳама духтарон метавонанд, дар донишгоҳ таҳсил кунанд, соҳиби маълумоти олӣ гарданд, аммо метавонанд, дар хона ҳам бошад соҳиби касбе гарданд. Дузандагӣ, кадбонӯи касбҳои кӯчаки дигар, инҳо сабаб мегарданд, духтарак дар оянда барои худ нон ёбад. Худаш аз ӯҳдаи худаш барояд. Шавҳарамро аз даст додам, чӣ мехӯрам, куҷо меравам гӯён, даст ба худкушӣ назанад.

Мудом дар расонаҳо аз ҳуқуқи занону баробар ҳуқуқи байни марду зан сухан меравад. Чӣ гуна пеш бурдани сатҳи дониши духтарон, соҳиби касб намудани бонувон. Вақте татбиқан нигоҳ кардем ҳеҷ натиҷае намебинем. Духтарак барои соҳиби касб гаштан, ҳатман пулдор бошад, падари сарватманд дошта бошад, дар ҳоле, ки аксари падарон муҳоҷир ҳастанд, харҷи таҳсилро аз куҷо меёбанд. Коре барои пешравии занон анҷом намешавад, боз тана мезанем, ки занони сатрдор савод надоранд, Ислом сабаби пастшавии дониши духтарон гаштааст. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салллам рӯзи панҷшанберо махсуси тадриси занон қарор дода буданд, рӯзҳои панҷшанбе занҳои мусалмонон ҷамъ мешуданд, то аз Устози муаллимон Расулаллоҳ сабақ гиранд. Паёмбар бо ин амали хеш собит карданд, то бидонем Ислом дини мардсолор нест, ислом ҳимоятгарӣ хонумон аст, динест, ки барои занон ҳақ медиҳад ҳам соҳиби илм бошанд, ҳам соҳиби мол бошанд, ҳам дар ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Зан дар Ислом  ҳуқуқҳои молии зиёд дорад. Ҳаққи мерос гирифтанро дорад, ҳаққи маҳр дорад, ҳаққи молдориву тиҷорат карданро дорад. Вақте духтарак бузург гашт, барояш чӣ гуна харҷ кардан, ба куҷо сарф карданро ёд диҳед, то тавон камхарҷиву аз исроф дур буданро ҳатман бояд омӯзанд. Духтарак бояд чӣ гуна пасандоз кардан ва барои рӯзи мабодо яккам маблағ доштанро донад.  Аксари шавҳарон дар муҳоҷирати меҳнати ҳастанд, хариди хонаву харҷи рӯзгор одатан ба души хонумон аст. Агар духтарак тарзи саҳеҳи сарф карданро донад, ҳам ба иқтисоди шавҳараш кӯмак мерасонад, ҳам аз исрофкориву хароҷотҳои бефоида даст мекашад.

Албатта ҳамагон медонем, ки беҳтатарин зани Биҳишт ҳамсари маҳбубаи Паёмбар Хадиҷа разияллоҳу анҳ тоҷирзани бузург буданд. Ҳама меросе, ки аз шавҳари вафот кардаашон гузошта буд ба тиҷорат сарф карданд, то пас аз муддате сарватмандтарин занҳои Қурайш ба шумор мерафтанд.

Барои ба хуби харҷу тасарруф кардан шарт нест, ҳама духтарон хатмкардаи донишгоҳи иқтисод бошанд. Кофист вақте духтарак бузург гашт, каме ба дасташ пул диҳем ва  духтаракро масъули нигоҳдории он маблағ ва беҳуда сарф накардан гардонем. То вақте бузург гашт бо боварӣ гуем, ки ман аз духтарам хавотир нестам, ӯ худаш аз ӯҳдаи худашу фарзандонаш мебарояд.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *