Ҳамлаҳои тахрибкорона ба киштиҳои тиҷоратӣ дар обҳои Халиҷи Форс
Дирӯз, 12 май, вазорати хориҷаи Аморот муттаҳидаи арабӣ эълом кард, ки чаҳор киштии боркаши мутааллиқ ба кишварҳои мухталиф дар ҳошияи обҳои шарқи ин кишвар, дар наздики бандари Фуҷайра ҳадафи «амалиёти харобкорона» қарор гирифтаанд, аммо ба касе осебе нарсидааст.
Арабистони Саудӣ таъйид кард, ки ду киштӣ мутааллиқ ба ин кишвар будаанд.
Ба гуфтаи Холид Фолиҳ, вазири энерҷии Арабистони Саудӣ, ду нафткаш саудӣ, ки дар ҳоли убур дар баҳри Уммон буданд, дар ин амалиёт ба шиддат осеб дидаанд, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ ин амалиёт мунҷар ба осеб дидани касе ва ё рехтани нафт дар баҳр нашуд.
Ба гуфтаи ӯ яке аз нафткашҳо ба қасди боргирии нафти хоми Арабистон аз бандари Раъс-танура дар шарқи ин кишвар дар Халиҷи Форс барои муштариёни амрикоӣ дар ҳаракат буд.
Ба гузориши хабаргузории Саудӣ ҷаноби Фолиҳ дар баёнияе ин амалиётро маҳкум кард ва ҳадафи онро таҳдиде барои озодии убур ва мурури баҳрӣ ва амнияти тавлидкунандагони нафт дар ҷаҳон хонд.
Вазири энерҷии Саудӣ ҳамчунин бар масъулияти муштараки ҷомеъаи байналмилал барои таъмини убур ва мурури баҳрӣ ва амнияти нафткашҳо таъкид кард ва гуфт, ки ин гуна рухдодҳо паёмадҳои зиёнборе аз ҷумла таъсиргузорӣ бар бозори энерҷӣ ва ба хатар андохтани иқтисоди ҷаҳон дорад.
Дар вокуниш ба ин рухдод вазорати умури хориҷаи Эрон онро «нигаронкунанда ва таасуф бор» хонд ва хоҳони равшан шудани абъоди дақиқи он шуд.
Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон онро «дасиса аз сӯи бадхоҳон ҷиҳати барҳам задани субот ва амният дар минтақа» хонд ва хоҳони ҳушёрии кишварҳои минтақа нисбат ба ҳар гуна моҷароҷӯӣ аз сӯи авомили хориҷӣ шуд.
Бандари Фуҷайра дар ҳудуди 140 километрии тангаи Ҳурмуз қарор дорад, ки маҳалли убури як севвуми тиҷорати ҷаҳонии нафт аз тариқи баҳр аст.
Мавқеияти Фуҷайра дар масири киштиронӣ дар Халиҷи форс, шибҳи қораи Ҳинд ва Африқо, ки маҳалли сӯхтгирии нафткашҳо ва дигар киштиҳои боркашон аст, стратегӣ тавсиф мешавад.
Вазорати хориҷаи Аморот иқдомотеро, ки киштиҳои тиҷорӣ ва хадамаи онҳоро дар хатар қарор диҳад «хатарнок» хонд ва гуфт ҷомеъаи байналмилалӣ бояд дар қиболи касоне, ки амнияти убур ва мурур дарёиро дар хатар қарор медиҳанд, масъулият нишон диҳад.