Categories Хабарҳо

ХАДИҶА УММУЛ МУЪМИНИН

Хадиҷа разияллоҳу анҳо аввалин ҳамсари Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мебошанд. Аввалин нафаре, ки ба паёмбар имон оварданд, аввалин нафаре, ки ҳамроҳи паёмбар намоз хонданд, ягона зани мусалмоне, ки худи Ҷаброил аз Аллоҳ барояшон салом овардааст.

Дар ҳадиси Бухори омадааст, ки рӯзе фариштаи ваҳй Ҷаброил ба назди Паёмбар фуруд омаду гуфт: Эй Расули Аллоҳ, ин Хадиҷа аст, ки дар даст зарфи таъом ва ё шароб дораду алон ба наздат меояд. Вақте ба назди ту расид, ба ӯ аз ҷониби Аллоҳ салом бигӯ ва аз номи ман ҳам салом расон. Ба ӯ башорат бидеҳ, ба хонае, ки дар ҷаннат ӯро интизор аст, хонае, ки аз марвориту марҷон сохта шудааст, ва дар он хона заррае аз доду фиғону низоъ ва мушкиливу хастагӣ вуҷуд надорад.

Илова бар ин Хадиҷа яке аз чор саййидазанҳои Биҳиштӣ мебошанд.

Хадиҷа дар Макка ба дунё омадаанд. Номи падарашон Хувайлид, номи модарашон Фотима мебошад.

Дар замони ҷоҳилият Хадиҷаро, ҳамчун зани покизаву соҳиби ҳусни зебо, илова бар ин зани сарватманду тоҷир мешинохтанд. Тамоми мардҳои он замон мехост бо Хадиҷа издивоҷ кунад. Аммо Хадиҷа бо шунидани ахлоқи ҳамидаву амонтдории Паёмбар,  худ хостгорӣ паёмбарамон шуданд, ва дар ҳоле, ки аз Паёмбар понздаҳ сол бузург буданд, паёмбар издивоҷи Хадиҷаро қабул карданд.

Куффоре, ки ба Паёмбар таъна мезанад, ки марди нафспараст буду бо вуҷуди куҳансолиаш бо занони ҷавон издивоҷ мекард, ин равшантарин далел аст. Шахсе, ки дар айни ҷавонӣ бо зани понздаҳ сол аз худ бузург издивоҷ мекунад, наметавонад марди ҳавопарсту бадахлоқ бошад.

Вақте ба паёмбар аввалин маротиба ваҳй нозил шуд, паёмбар ҳамчун як башаре, ки коиноти ғайризаминиро мебинад, якбора ба тарс меафтад, тарсиданд. Дар ҳолати  даҳшатзадагию тарсу ваҳм ба назди Хадиҷа омаданд. Хадиҷа ҳамчун ҳамсари бовафову меҳрубон ба Паёмбар таскин доданд. Суханеро гуфтанд, ки дар давоми таърих ҳамеша вирди забони олимон аст:

كلا لا يخزيك الله ابدا

Ҳаргиз натарс, Аллоҳ асло туро хор намесозад.

Хадиҷа метавонистанд, бигӯянд, хеле хуб шуд, акнун тарсидӣ дигар маро танҳо гузошта ба ғор намеравӣ, акнун мисли мардони дигар дар канору зану фарзандонат менишинӣ! На Хадиҷа шавҳари худро мешинохтанд, медонистанд, ки бо ин ҳама муруввату ҷавонмардӣ ин шахс мардӣ оддӣ нест, балки расули Роббулоламин аст.

Хадиҷа Паёмбарро на танҳо бо суханҳои худ дастгирӣ мекард, тамоми сарвати худро низ барои рисолати паёмбар фидо карда буд.

Вақте мушрикони Макка бо паёмбару мусалмонон қатъи робита намуданд ва онҳоро ҳамчун зиндон дар як гӯшаи Макка инҳисор карданд, Хадиҷа ҳамчун ҳамсари вафодори Расулаллоҳ қасри худро тарк карда, дар канори шавҳари худ ҳамроҳи муваҳҳидини дигар дар он макони зиндонмонанд зиндагӣ карданд. Се сол ҳамроҳи дигарон аз гуруснагӣ ҳатто барги дарахт хурданд.

Пас аз машаққатҳои бепоён дар роҳи Ҳақ Хадиҷа разияллоҳу анҳо соли даҳуми беъсат дар шасту панҷ солаги бар асри бемориву заъифие, ки дар ҳисори мушрикин диданд, дунёро падруд гуфтанд. Хадиҷа танҳо бидояти даъвати Муҳаммадиро шоҳид гаштанд. Ғарибӣ, гуруснагӣ, дашному таҳқири куффорро.

Пирӯзиҳои Ислом, гуруҳ-гуруҳ ислом овардани мушрикон, ҳамчун шаҳаншоҳ бо қудрат дохил шудуани Паёмбар ба Маккаро надида, вафот карданд.

Соле, ки Хадиҷа аз дунё рафт, Паёмбар соли ҳузн, соли ғаму андӯҳ эълон карданд.

Муҳаббати Хадиҷа он қадар дар дили Паёмбар ҷой дошта буд, ки ҳатто пас аз марг ҳамеша ёди Хадиҷаро мекарданд.

Ҳазрати Оиша мегӯянд ман рашке, ки ба Хадиҷа кардаам, ба ягон ҳамсари дигари паёмбар накардаам. Вақте Расулаллоҳ аз Хадиҷа сӯҳбат мекард, асло суханҳояш тамом намешуд, ҳамааш васф мекарду таъриф менамуд.

Паёмбар ҳар вақто, ки ҳайвонеро зибҳ мекарданд, дар ҳол қисмате аз гӯштро ба дугонаҳои Хадиҷа мефиристонданд.

Вақте Ҳола хоҳари Хадиҷа ба зиёрати Паёмбар меомад, якбора дар рӯяшон хушҳоли ҳувайдо мегашт. Ҳанӯз худи Ҳоларо надида бо шунидани садояш мегуфтанд. Ин Ҳола аст, ки меояд, вой ки чӣ қадар садояш шабеҳи Хадиҷа аст.

Фидокорӣ, самимӣ, муҳаббати беадад, қуввати имон ба Аллоҳ ҳарчӣ аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ бошад дар шахсияти Хадиҷа ҷило медиҳад.

Муслимаи Аҳмадӣ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *