Яке аз кишварҳои зеботарини дунёст Италия, ки дар харита шакли аҷиби як пой мӯзаро дорад. Дар қисмати марказии Аврупои Ҷанубӣ воқеъ гашта, боз чандин ҷазираҳои хурду бузургро фаро гирифтааст ва масоҳати умумиаш 301 ҳазор км мураббаъ мебошад, ки дар бузургии масоҳат дар дунё ҷойи 71-умро ишғол намудааст. Саршумори аҳолиаш наздики 60 милион нафар, пойтахташ шаҳри афсонавӣ зебои Рим, шаҳрҳои калонтаринаш Милан, Неапол, Турин, Палермо, Генуя, Флоренсия, Венетсия, Таранто ва ғайра. Давлати Италия аз самти шимол бо Словения, Шветсария, Австрия ва Фаронса ҳамсарҳад аст. Бештари ҳудуди Италия минтақаҳои кӯҳистонист ва дар шимоли кишвар алпҳо аз ғарб ба шарқ густариш ёфтаанд. Сар то сари нимҷазираи Апеннинро шимол то ҷануб қаторкӯҳҳо ташкил намудаанд. Ҳамвора вулқонҳои Этна ва Везувий ба ҷӯш омада заминларзаҳо рух медиҳанд. Дарозтарин дарё По ном дорад, ки 682 км аст ва кӯли калонтарин Гарда 370 км дар доманаи алп ташкил ёфтааст, ки чуқуриаш 346 м аст. Коди телефони италия +39. Воҳиди пулиаш аз моҳи январи соли 2002 евро, забони расмии давлатӣ итолианӣ, намояндагони забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ, албанӣ ва мароканӣ, ки 5 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, бо забони худ озодона гуфтугӯ мекунанд. Дини бештари мардум насронии шохаи католикӣ мебошад ва аҷибаш ин, ки аз соли 1929 то 1976 дини давлати ҳисобида мешуд. Ҳарчанд 98 фоизи мардум дар дини католикианд, аммо муассисаҳои динӣ бо давлатӣ танҳо бо қарордодҳои қаблан имзошуда муносибат мекунанд. Яъне давлат ба дин, ё дин ба корҳои давлатӣ ягон хел ҳуқуқи дахолат надоранд. Шурӯъ аз соли 1984 дар давоми 10 сол дар шаҳри Рим масҷиди марказии мусалмонон сохта шуд, ки барои сохтумонаш 40 миллион евро маблағ масраф гардид. Дар ин масҷид 12 000 нафар мусалмонон метавонанд ҷойгир шаванд. Маркази фарҳанги исломӣ дар Рим аз соли 1966 то ин ҷониб фаъолият мебарад, ки сарпарастии иншооти масҷидҳо ва таъмини адабиётҳои диниро давлати Арабистони Саудӣ бар дӯш дорад. Айни ҳол китобхонаи исломии дар масҷиди маркази фаъолияткунанда бо теъдоди 10 000 китоби динӣ таъмин аст. Ғайри ин масҷид дар шаҳрҳои Милан, Флоренсия, Венус, Мочие, Сиена, Пистоя, Мортара, Нароли ва ғайра низ маҷидҳо фаъолият доранд.
МАОРИФ
Чун дар дигар мамолики Аврупо системаи маориф дар давлати Италия низ ба чор марҳила тақсим шудааст. Маълумоти томактабӣ, ибтидоӣ, миёна ва олӣ. Баробари шаҳрвандони ин давлат, муҳочирон ҳам, новобаста аз будубоши қонунӣ доштану надоштанашон ҳуқуқи баробар бар гирифтани таълим доранд.
Тахсилоти томактабӣ низ дар навбати худ ба ду марҳила тақсим мешавад, ки аввал аз 3-моҳагӣ то сесолагӣ кӯдакон дар ясли тарбия мегиранд ва дар ин зина мувофиқи хоҳиши волидайн вогузошта мешаванд. Аз з сесолагӣ то шашсолагӣ дар боғчаи бачагон, сипас ба мактаби миёна барои гирифтани маълумоти ибтидоӣ то 11-солагӣ, яъне то синфи 6-ум. Хондан, навиштан, тасвир, ҳисоб ва мусиқаро дар синфҳои ибтидоӣ чун фаннҳои ҳатмӣ ҷорӣ кардаанд. Дарси динӣ мувофиқи хоҳиш омӯзонида мешавад. Дар 11-солагӣ аз хонанда имтиҳон мегиранд ва номаи камол (аттестат)-и маълумоти ибтидоӣ медиҳанд. Барои маълумоти миёнаи нопурра аз 11 то 14 солагӣ, ва миёнаи пурра мувофиқи хоҳиши толибилм то 17-18 солагӣ бояд таҳсил кунанд.
Айни ҳол дар Италия 47 адад донишгоҳу донишкадаҳои давлатӣ ва 9 адад ғайридавлатӣ фаъолият доранд. Таҳсил дар донишгоҳ низ дар се марҳила ҷудо шудааст. Баъди хатми ҳар зина донишҷӯй имтиҳон месупорад ва ба зинаи болотар мегузарад.
ИҚТИСОДИЁТ
Бештари қаламрави кишвар барои рушди самти кишоварзӣ мусоид нест, ба ҳамин хотир ҳам Италия воридкунандаи маводи ғизоист.
Дар истеҳсоли нерӯи барқ аз шамол Италия дар дунё ҷойи шашумро ишғол мекунад.
Пешрафти иқтисодиёташ вобаста он аст, ки ин давлат яке аз бузургтарин тавлидкунанда ва таъминкунандаи бозори чаҳонӣ бо автомобилҳост. Дучарха, мопед, мошинҳои сабукрав, трактор, мошинаи ҷомашӯйи, яхдон, таҷҳизоти радиоэлектронӣ, лӯлаҳои фӯлодӣ, плассмасӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, либосҳои хушсифат,пояфзоли чармӣ, панир, шароб, равғани зайтун ва шарбату консерваҳои гуногуни ин давлат дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи назаррасу сифати баланди ба талабот ҷавобгӯ дорад.
Хусусан истеҳсоли семент, равғанҳои эфирӣ аз гулу меваҳо, маҳсулоти ҳунарии шиша ва сафол, маводи ороишӣ, ҷавоҳирот, истихроҷи санги маъдан, намаки калий, азбест, пирит, ва ғази табиӣ хеле дурусту самаранок роҳандозӣ шудааст.
Акнун як қаттор ҳодисаҳои аҷиб дар бораи Италия.
Забони итолянӣ он қадар аз шеваҳои гуногун ғанист, ки сокинони як минтақа гӯиши минтақаи дигарро намефаҳманд. Ҳамаи калимаҳои итоляни бо ҳарфи садонок тамом мешаванд. Итолиёиҳо ва испанҳо аз сабаби монандии забонашон якдигарро мефаҳманд. Дар минтақаи Аостои италия забони итоляниро намефаҳманд, зеро онҳо бештар бо олмонӣ ҳарф мезананд. Агар дар ҷуммаки об ҳарфи с навишта бошанд, пас ин ҷуммак маҷрои оби гарм аст. Аммо дар Италия аз ҷуммаки об (водопровод) манъ аст.
Дар ин давлат хонаи кӯдакон, яъне хонаи кӯдакони бепарасттор вуҷуд надорад, пас маълум мешавад, ки кӯдаки бепарасттор ҳам нест. Ин ҷо ҳайвоноти хонагии бесоҳиб ҳам нест. Дар як худи шаҳри Рим зиёда аз 300 000 гурба ба қайд гирифта шудааст, ки агар бо мошин пахш карда монед, қонунан 3 сол ҳукми ҳабс медиҳанд.,
Аксари мардҳои оиладори итолиёи аз занашон сахт метарсанд.
Дар Аврупо ҷиҳати диндорӣ , албатта ба дини худашон мардуми Италия ва Полша содиқтаранд. аҳолии самти ҷануби ин давлат хеле одамдӯстанд.
Дар дӯконҳо нархи мавод барои мардуми таҳҷойи арзонтар аст нисбат ба сайёҳон. масалан агар нархи коферо бо забони англисӣ пурсед, ду баробар гаронтар мефурӯшанд. Дар шаҳрҳои Ситсилия, Колабрия ва Копания 80 фоизи тоҷирон ҳаққи мафияҳоро мепардозанд. Чаро мафия ҳақдор бошад, намедонем.